Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
ЗИКРҲО АЗ ҚУРЪОНУ СУННАТ [16]
АҚИДА [65]
ТАВҲИД - АҚИДА
ҚУРЪОН [21]
ҲАДИС [59]
ФАТВОХОНА [191]
ИСЛОМ [194]
Одоб ва Ахлок [121]
ҲАРОМ ВА ҲАЛОЛ [110]
СИРАИ ПАЙҒАМБАР [21]
ЗАНҲОИ ПАЙҒАМБАР [14]
ҲАЁТИ САҲОБА [30]
ОИЛА ВА НИКОҲ [198]
ТАЪРИХ [37]
ҶОМЕА [86]
ЗАН ДАР ИСЛОМ [85]
ҶАХОН [5]
АШЪОР [2]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Оё медони, ки дарозтарин ояти Қуръон кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 320



Теги

Дӯстон






ҲАЗРАТИ МУҲАММАД (С) БА ДОМОДАШ АБУЛОС МЕҲРУБОН БУД




Мегӯянд, ки Пайғамбар (с) ба домодаш Абулос дилсӯзу меҳрубон буд, агарчанде Абулос аз қавми дигар буду байни қавми ӯву Пайғамбар (с) муборизаҳои шадид мерафт.
Қиссаи зану шавҳар шудани духтари Ҳазрати Муҳаммад (с) Зайнабул - Кубро ба Абулос чунин аст: Синни Зайнаб аз даҳ сол нагузашта буд, ки ҳамаи ҳошимиҳо чашм ба ӯ дӯхта, аҳли ҳар хонадони Макка талош меварзид, ки ӯро барои писари худ арӯс кунад. Охир кӣ намехоҳад, ки домоди Пайғамбар (с) шавад? Лекин касе монанди Абулос ибни Рабеъ яқини комил надошт, ки бо Зайнаб оиладор мешавад. Абулос яке аз мардони соҳиби мақому манзалат ва сарватманд дар Макка ба шумор мерафт. Холааш Хадича ӯро ҳамчун писари худ меҳисобид ва бисёр мехост, ки ӯ домодаш шавад.
Зайнаб ҳамчун духтари калони хона ҳанӯз дар синни хурдсолӣ аз таҷрибаи зиёди хона ва иқтисоди он бархӯрдор шуда буд, зеро модараш баъд аз бордориҳои пай дар пай ва расидан ба синни қариб 60 аз ӯҳдаи ҳамаи корҳо баромада наметавонист. Бинобар ин ягона дастёри ӯ Зайнаб буд.
Абулос ҳар гоҳ, ки хонаи холааш меомад, Зайнабро медид ва мафтуни лутфу малоҳати ӯ мешуд. Хадича ва шавҳараш Пайғамбар (с) низ ба издивоҷи Зайнаб бо Абулос розӣ буданд. Муҳаммад (с) хост фикри духтарашро бифаҳмад. Назди ӯ рафт ва гуфт:
- Духтарам Зайнаб, писари холаат Абулос туро хостгорӣ омад. Баъд аз он бидуни шунидани овози Зайнаб, ки шарму ҳаё монеъи он шуда буд, назди Абулос рафта, ӯро табрик гуфт.
Тӯйи арӯсӣ барпо шуду Зайнабу Абулос зиндагии саодатмандонае оғозиданд. Баъдҳо соҳиби фарзандон шуданд, ки номҳояшонро Алӣ ва Уммома гузоштанд.
Афсӯс, ки хушбахтиашон тӯл накашид.
Шабе аз шабҳо Абулос андӯҳи зиёди Зайнабро дида, гуфт:
- Савганд ба Худо, падари ту назди ман муттаҳам нест ва ман дӯст дорам, ки бо ту дар як самт равон бошам, лекин метарсам, ки мардум гӯянд: Абулос қавмашро хору залил сохт ва ба хотири ризои занаш аз дини аҷдодаш хориҷ шуд. Оё инро ба назар гирифта маро маъзур намедорӣ?
Ҳамин тавр, чанд муддат Зайнабу Абулос аз ҳам ҷудо шуданд, аммо боз фироқу ҷудоӣ ба охир расиду бо кӯшиши Пайғамбар (с) ду маҳбуб бо ҳам якҷо шуданд. Баъд аз як сол Зайнаб бар асари ҷароҳату дард вафот карду Абулос хеле андӯҳгин гашт. Духтарашон Уммома чун сурати зиндае аз Зайнаб ёдгор монд ва чун булбулаки эркаи Пайғамбар камол ёфт.
Омодасоз Раъно Хӯҷаева


Маълумот
Шӯъба: СИРАИ ПАЙҒАМБАР
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 674
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 16:43
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024