Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
ЗИКРҲО АЗ ҚУРЪОНУ СУННАТ [16]
АҚИДА [65]
ТАВҲИД - АҚИДА
ҚУРЪОН [21]
ҲАДИС [59]
ФАТВОХОНА [191]
ИСЛОМ [194]
Одоб ва Ахлок [121]
ҲАРОМ ВА ҲАЛОЛ [110]
СИРАИ ПАЙҒАМБАР [21]
ЗАНҲОИ ПАЙҒАМБАР [14]
ҲАЁТИ САҲОБА [30]
ОИЛА ВА НИКОҲ [198]
ТАЪРИХ [37]
ҶОМЕА [86]
ЗАН ДАР ИСЛОМ [85]
ҶАХОН [5]
АШЪОР [2]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Адади расулон ва (наби) паёмбароне, ки дар Қуръон зикр гардидаанд, чандтоянд?
javascript:// javascript://
Âñåãî îòâåòîâ: 366



Теги

Дӯстон






ПАЁМБАРОН (алайҳиму-с-салом) ВА САҲОБАГОН (разияллоҳу анҳум)



ПАЁМБАРОН (алайҳиму-с-салом) ВА САҲОБАГОН (разияллоҳу анҳум)

Вал анбиёу алайҳимуссалоту вассалом куллуҳум муназзаҳуна аниссағоири вал кабоири вал куфри вал қабоиҳи.

Ҳазрати анбиё, ки (бар ҷумлаи онҳо салоту салом) чи машҳуранд ва ё номашҳур аз ҳазрати Одам (алайҳи-с-салом) то ба хотам бо китобу суннат ва иҷмоъи уммат собит шудаанд, инкорашон куфр аст.

 Тавре дар боло ишора рафт, адади онҳо номаълум аст. Бинобар ин беҳтараш дар шумораи онҳо ба шубҳа намонем ва онҳоро чун анбиё ва расулон бишиносем. Ҷумла эшон аз гуноҳҳои сағира ё кабира ва кулли маъосӣ ва куфр поканд. Онҳо аз корҳои қабиҳу фоҳиш мисли қатл, зино, лавота, сариқа, тӯҳмат, сеҳру фирор аз ҷиҳоди ҳақиқӣ ва хӯрдани рибо ва моли ятим, зулми бандаҳо, қасди фасод дар ватану шаҳрҳо ва дигар корҳои ношоям ҳама поку муназзаҳанд. Кадом коре ки карданаш ваъид шуда бошад, ақаллан гуноҳи сағира маҳсуб меёбад. Масалан тарки фарз ё воҷиб агар як маротиба бошад ҳам гуноҳи кабира аст. Ва ихтиёр кардани тарки суннат беузр аз рӯи сустӣ ва бепарвоию фориғболӣ сар занад як маротиба ҳам бошад гуноҳи сағира аст. Агар чанд дафъа такрор шавад чӣ? Рафта-рафта гуноҳи кабира мешавад. Ҳазрати анбиё аз чунин корҳо поканд.

Ва қад конат минҳум заллотун ва хатиотун.

Ва ба таҳқиқ аз баъзе анбиё ълайҳиссалом қабл аз нубувваташон ё баъди субути аломати рисолаташон андак кӯтоҳӣ ё камбудӣ ва лағжишҳо нисбат ба мартабаи олияшон ба вуқӯъ омадааст.

 Онҳоро тарки авло (беҳтар) мегӯянд ин мумкин аст. Мисли Одам (алайҳи-с-салом) , ки аз рӯи фаромӯшӣ аз дарахти наҳӣ кардаи Аллоҳ таъоло ошомид. Гумон дошт, ки дар ҷаннат хӯрдани ҳама чиз рухсат аст.

 Ин ҳам бошад ҳикмати илоҳӣ ва заъиф будани қадри башарӣ ва иқтизои мағфирати рубубиятро маълум мекунад.

Ва Муҳаммадун ъалайҳиссалоту вассалом ҳабибуҳу ва ъабдуҳу ва расулуҳу ва набийюҳу ва сафийюҳу ва нақийюҳу ва лам яъбудис санама ва лам юшрик биллоҳи таъоло турфатаъайнин қатту ва лам яртакиб сағиратан ва ло кабиратан қатту.

 Ҳазрати Имом дар сифати Расулуллоҳ чунин гуфта, ки Муҳаммад Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) писари Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб ибни Ҳошим ибни Абдуманноф ибни Қусай ибни Килоб ибни Мурраҳ ибни Каъб ибни Луай ибни Ғолиб ибни Фиҳр ибни Молик ибни Назр ибни Канонаҳ ибни Ҳузаймаҳ ибни Мудрика ибни Илёс ибни Музар ибни Низор ибни Маъд ибни Аднон то инҷо нисбат ба насаби Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) миёни уламо ҳеҷ як ихтилофе нест. ӯ зоти бобаракот набийи Аллоҳ таъоло аст ва расулу носихи динҳои пешина аст. Набӣ ъом аст аз расул, чунки расул шахсе аст, ки ӯро ба таблиғ амр кардашудааст, аммо набӣ шахсе аст, ки ӯро ваҳӣ омадааст. Ва қозӣ Аёз гуфта, ки кулли расул набӣ аст, аммо кулли набӣ расул нест. Ин қавл саҳеҳтар ва наздиктар аст ба нақл. Пайғамбари мо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳам расул ҳасту ҳам набӣ (ниг. сураи "Аҳзоб” ояти 40). Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баргузидаи тамоми бандагони Аллоҳ таъоло ва покизатарини онҳо аст. Ва бутро ва ғайри ӯро ба ғайр аз Худо ҳаргиз напарастидааст. ӯ ширк наовардааст ба Аллоҳ таъоло на қабл аз нубуввату на баъди нубувват. Анбиё (алайҳиму-с-салом) аз ширку куфр дар нисбати Парвардигор мутлақо худро нигаҳ доштаанд. Дар ин қавл иҷмоъи уммат мунъақид аст. Аз эшон гуноҳи сағира ва кабира ҳаргиз сар назадааст.

Ва афзалун носи баъда-н-набийи ъалайҳи-с-салоту ва-с-салому Абубакрини-с-Сиддиқ.

Ва беҳтарину афзалтарин мардум баъди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳазрати Абубакри Сиддиқ (разияллоҳу анҳу) аст.

 Дар ин масъала рофизиҳо ихтилоф доранд. Агарчи дар бобати ҷонишини Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз сари ӯ монанди ҳазрати Абубакри Сиддиқ (разияллоҳу анҳу) аҳдномаи Паёмбарамон вуҷуд надорад, аммо аз рӯи хидматаш дар роҳи ислом ва аз рӯзҳои аввали ислом дар ҳама ҳолат ҳамқарини Расул (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) буданаш ва қурбу манзалаташ ҳазрати Абубакр (разияллоҳу анҳу) ба ин вазифа сазовору арзанда буд. Гузашта аз ин ҳамаи ансориҳо ба ӯ байъат карда буданд, магар Саъд ибни Убода байъат накард, зеро ӯ барои худ вилоятро талаб дошт. Ҳазрати Умар ва Абуубайда ва дигар шахсон аз ансориҳо ба он ҳазрат байъат намуданд, дар ин ҳолат яке аз ҳозирон гуфт: ”Саъдро куштед”, ҳазрати Умар (разияллоҳу анҳу) "Худо ӯро кушт” гуфта, луқма партофтанд. Касе аз ҳозирон нагуфт нисбати ҳазрати Абубакр (разияллоҳу анҳу) аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) васиятномае дар дасти мо вуҷуд дорад ва ҳам касе нагуфт, ки баъд аз Паёмбар ҳатман халифа шудани ҳазрати Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) ё Аббос (разияллоҳу анҳу) ё нафари дигар аз Расулуллоҳ ҳуҷҷат вуҷуд дорад. Агар чунин васиятнома вуҷуд медошт, албатта дар он лаҳзаҳо зоҳир мегашту овоз баланд мешуд.

Сумма Умарубну-л-Хаттоби сумма Усмону-бну Аффони Зи-н-нурайни сумма Алию-бну Абитолибини-л-муртазо ризвонуллоҳи таъоло ъалайҳим аҷмаъин.

 Баъд аз ҳазрати Абубакр (разияллоҳу анҳу) беҳтарин мардум ҳазрати Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) аст, ки ӯ байни мунофиқ ва мувофиқ ҳукмашро ҷорӣ карда буд, аз ин хотир ӯро "Форуқ” гуфтаанд. Ҳазрати Умарро қиссаи қатлаш тӯлонист ва он дар "Саҳиҳул Бухорӣ”дарҷ гардидаст. Баъди ҳазрати Умар (разияллоҳу анҳу) беҳтарини мардум ҳазрати Усмон ибни Аффон Зиннурайн аст. Ҳазрати Усмон (разияллоҳу анҳу) нафаре буд, ки ду духтари ҳазрати Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро ба занӣ гирифта буд. Вақте ки ҳамсараш аз олам рафт, ҳазрати Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: "Агар маро духтари сеюм мебуд, албатта ӯро ба занӣ ба ту (Усмон) медодам”. Баъди ҳазрати Усмон (разияллоҳу анҳу) беҳтарини инсонҳо ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб мебошад. ӯ писарамаки Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мебошад. Лақаби ҳазрати Алӣ (к) Муртазо буда ҳамсари Фотимаи Заҳро духтари Паёмбарамон буд (ризвони Аллоҳ таъоло бар ҳамаи вайҳо бод). Фазоили ин шахсиятҳои бузург дар кутуби ҳадис навишта шудааст ва шамоилашон дар забони уламо ба хубӣ машҳур аст. Беасос ҳазрати Абубакри Сиддиқ (разияллоҳу анҳу)-ро афзали мардум надонистаанд. Барои тақвияти гуфтаи боло як мисол меорем. Вақто ки ҳазрати Расулуллоҳ бемор шуданд, имомати намози мардумро ба ӯҳдаи ҳазрати Абубакр (разияллоҳу анҳу) гузоштанд ва ӯ чанд шабу чанд рӯз имоми намозгузорон буд. Аз ин рӯ саҳобагони кибор ақида ва иҷтиҳод карданд, ки ҳазрати Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) розӣ шуд, ки ҳазрати Абубакр (разияллоҳу анҳу) пешвои дини мо бошад, пас чаро мо розӣ намешавем, ки дар дунёамон пешвои мо бошад?

 Албатта мо ба ҳарду розием. . .

 Баъди ин ҳама саҳобагони кибор бо назардошти олиму ба тақво, калонсол, соҳибмартаба ва дорои дигар хислатҳои ҳамида буданаш ҳазрати Абубакр (разияллоҳу анҳу)-ро ҷонишини ҳазрати Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва халифа интихоб намуданд. Валлоҳу аълам.

Обидина собитина ъалал ҳаққи ва маъал ҳаққи натаваллоҳум ҷамиъан.

 Ҳамаи он чаҳор ёр ибодатгузор буданд ва аз он чи ки назди Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз фазоил буд омӯхта буданд, ба онҳо собитқадам буданд. Тӯли умрашон доимо бо ҳақ ва ҳамроҳи ҳақ буданд. Мо аҳли суннат вал ҷамоъат он чаҳор ёрро гиромӣ ва дӯст медорем. Ҳеҷ яке аз онҳоро бад дидан ва дашном додан ҷоиз нест. Инро низ Расулуллоҳ наҳй кардаанд.

 Ин фармудаи Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) раддияест бар хавориҷиҳо, ки мегӯянд: Алӣ ва тобиъони ӯ аз аҳли куфранд ва Муовия бо пайравонаш низ. Чунин ақидаро хавориҷиҳо аз он дастак карданд, ки ду нафари боло қатли мӯъминро ба сабаби он мухолифоте ки байни онҳо буд ихтиёр намудаанд.

 Ин назди хавориҷиҳо чунин гуноҳи кабираест, ки гӯё аз ҳадди имон берун омадаанд ва барои тақвияти ин фикр далелҳои гуногун меоранд. Аҳли суннат вал ҷамоъат бошад ҳамаи онҳоро як хел медонад ва дар роҳи ризои Аллоҳ таъоло аввалин равандагон меҳисобад. Дар нисбати ҷурми эшон ягон далели ақлӣ ва ё нақлӣ намебинанд ва хилофи ояти 101 ва 102-и сураи "Тавба”, ки нисбати эшон нозил шудааст, чунин далоил низ намебинанд. Ҳар касе саҳоба будани ҳазрати Абубакр (разияллоҳу анҳу) -ро инкор кунад кофир аст. Далел ояти 40-уми сураи "Тавба”.

 Фирқаи "рофизия” ақида доранд, ки он чаҳор ёр дар кори дин нисбат ба давраи ҳазрати Расулулллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тағйир ёфтаанд. Ин қавл рад шудааст. Зеро онҳо ҳамчуноне ки пеш буданд ҳамон гуна боқӣ мондаанд, мо ҳамаи онҳоро якхел дӯст медорем.

Ва ло назкуру аҳадан мин асҳоби Расулиллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) илло бихайрин.

 Ва мо ҳақ надорем ва ҳам иҷоза нест, ки ягон саҳобаи ҳазрати Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро сухани ноҷо гӯем ё дар нисбати эшон беодобӣ кунем, агарчи содир шуда бошад аз эшон чизе дар сурати шарр. Зеро корашон аз рӯи иҷтиҳод аст, на аз рӯи фасоду ъинод. Балки буд чунон, ки руҷӯъ мекарданд ва майл мекарданд ба сӯи хайр ва гумонашон нек буд. Мо ҳама асҳобро ба некӣ ёд мекунем ва мегӯем: ”разияллоҳу ъанҳум” (Худованд аз онҳо розӣ шавад) .

 Ҳазрати Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд, ки беҳтарин қарн қарни ман аст. Ҳар чи ки байни асҳоб гузашт мо ҳуқуқ надорем ҳукми яктарафа барорем. Аз ҷумла ҳодисаи байни ҳазрати Алӣ (разияллоҳу анҳу) ва ҳазрати Оиша (разияллоҳу анҳо). Ҳарчи буд гузашт ва онҳоро Худо медонаду худи эшон. Мо барои амалҳои худ ҷавоб медиҳем, аз кори онҳо моро пурсида намешавад. Хулоса, дар ҳаққи саҳобагони Расул (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) боадабона сухан кардан лозим аст.

 Чунончи ҳазрати Имоми Аъзам (раҳимаҳуллоҳ) эҳтиром карда мегӯяд, ки агар ҳазрати Алӣ намебуд мо сирату сурати аҳли хавориҷро намешинохтем.

Вало нукаффиру муслиман бизанбин миназзунуби ва ин канат кабиратан изо лам ястаҳиллаҳо, ва ло нузилу ъанҳу исмал имани, ва нусаммиҳи муъминан ҳақиқиятан. Ва яҷузу ан якуна муъминан фосиқан ғайра кофирин.

 Ва мо нисбат ба куфр додани мусулмон барои гуноҳи содир карданаш ҳақ надорем, агарчи гуноҳи кабира бошад. Ба шарте он гуноҳро ҳалол нашуморида бошад. Зеро дар фатво омадааст: шахсе ҳалол шуморад ҳаромро, ки ҳаром буданаш бо далелҳои қатъӣ собит шудааст, кофир аст. Мисли тарки намозу рӯзаву закоту ҳаҷ ва дигару дигар. Ё ин ки ҳаром надонад хуку арақу рибову ҳаққи мардуму ва дигару дигарро, агарчи худ содир накунад ҳам, локин дар эътиқодаш онро ҳалол медонад, ӯ кофир аст.

 Ва аз шахси мусулмон ба сабаби гуноҳи кабира карданаш сифати имонро аз ӯ соқит намекунем. Пайравони "мӯътазила” мегӯянд, ки касе гуноҳи кабира кард аз имон мебарояд, вале дар ҳадди куфр ворид намегардад. Онҳо байни имон ва куфр як фосилаи муайян мегузоранд. Аҳли суннат вал ҷамоъат ақида дорад, ки аҳли қибларо нисбат ба куфр дода намешавад. Онон ки ба тарафи қибла намоз мегузоранд, агар муртакиби гуноҳи кабира бошад ҳам бояд онро мӯъмин биҳисобем, ба ҳақиқат на ба маҷоз. Чунки имон тасдиқ ба дилу иқрор ба забон аст, аммо амал ба аркон бошад аз камоли имон аст. Дар шахси содиркунандаи гуноҳи кабира ин ду вуҷуд дорад, яъне тасдиқ ва иқрор. Бинобар ин ӯро мӯъмин гуфта метавонем. Ин ақидаи аҳли суннат вал ҷамоъат аст. Дигарон дар ин масъала ихтилоф доранд. Ба ақидаи онҳо амал ба аркон шарти имон аст. Гар амал ба аркон нашуд аз доираи имон берун мешаванд. Шахсе ки муртакиби гуноҳи кабира шавад ӯро мӯъмини фосиқ гуфтан ҷоиз аст, агар иқрор ба забону тасдиқ ба дил дошта бошад. Аммо ҳукм ба куфр карданаш мумкин нест.



۞Сомонаи «Фирдавсӣ»۞

 Китоб : «ФИҚҲИ АКБАР” ном дошта, маҳсули заҳмати Имоми Аъзам


Маълумот
Шӯъба: СИРАИ ПАЙҒАМБАР
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 447
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 19:10
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2019