Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
ЗИКРҲО АЗ ҚУРЪОНУ СУННАТ [16]
АҚИДА [65]
ТАВҲИД - АҚИДА
ҚУРЪОН [21]
ҲАДИС [59]
ФАТВОХОНА [191]
ИСЛОМ [194]
Одоб ва Ахлок [121]
ҲАРОМ ВА ҲАЛОЛ [110]
СИРАИ ПАЙҒАМБАР [21]
ЗАНҲОИ ПАЙҒАМБАР [14]
ҲАЁТИ САҲОБА [30]
ОИЛА ВА НИКОҲ [198]
ТАЪРИХ [37]
ҶОМЕА [86]
ЗАН ДАР ИСЛОМ [85]
ҶАХОН [5]
АШЪОР [2]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Муъҷизаҳои Мусо (а) кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 319



Теги

Дӯстон






ПОКДОМАНТАРИН, РОСТГӮТАРИН ВА АМОНАТДОРТАРИН ИНСОН




Худованд ҳабиби худаш, яъне, ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам соҳиби хулқи азим номидааст. Ҳатто душманони Паёмбар (с) иқрор шудаанд, ки ӯ покдомантарин, ростгӯтарин ва амонатдортарин инсон буд. Мардуми Макка пеш аз пайғамбарӣ ҳам ҳазрати Муҳаммадро "Амин" (шахси боваринок, амонатдор, шахсе, ки ба ӯ эътимод кардан мумкин, мегуфтанд ва барои боварӣ (муайян кардани ҳақиқат) наздаш меомаданд. Имом Тирмизӣ (р) аз ҳазрати Алӣ разияллоҳу анҳу ривоят кардаанд, ки Абӯҷаҳл (душмани ҳазрати Муҳаммад) ба Пайғамбари гиромӣ (с) гуфт: "Мо туро дурӯғгӯ намеҳисобем, аммо ончиро, ки овардаӣ (яъне Қуръонро) дурӯғ мешуморем? Парвардигор дар бораи Абӯҷаҳлу тарафдоронаш чунин мефармояд: "Онҳо туро дурӯғгӯ намеҳисобанд, балки золимон оятҳои Худовандро инкор мекунанд".
Ҳангоме ки Ҳеракл (Геракл) бо Абусуфён сӯҳбат мекард, дар хусуси ҳазрати Муҳаммад (с) аз ӯ пурсид: "Оё шумоён Пайғамбарро пеш аз он ки ин суханон (яъне тарки бутпарастию даъват ба Худопарастӣ)-ро бигӯед, ба дурӯғгӯӣ муттаҳам мекардед?"
Абусуфён иқрор шуд, ки "Не, ӯро дурӯғгӯ намеҳисобидем".
Расули Худо (с) дар шарму ҳаё аз ҳама мардум болотар буд. Абӯсаъиди Худрӣ гуфтааст: "Он ҳазрат аз духтари парданишин дида боҳаёттар буд. Агар ягон чиз (рафтор, гуфтор) маъқул намешуд, аз чеҳрааш ошкор мешуд. Бештар ба замин нигоҳ мекард. Агар касеро чизе маъқул наояд, Пайғамбар (с) дар он хусус бо ӯ сухан намегуфт. Изо додани касеро бадтарин кор меҳисобид. Масалан, агар касе ягон кори нодуруст мекарду хабараш ба гӯши Пайғамбар (с) мерасид, мегуфт: "Ин чӣ ҳолатест, ки гурӯҳе чунин мекунанд?" Он шахс гуноҳи худро фаҳмида ислоҳ мешуд.
Ҳазрати Муҳаммад (с) хоксортарини мардумон буда, такаббуру худписандиро ба худ роҳ намедод. Ба хабаргирии камбағалон рафта, бо мардуми камбизоат ҳамнишин мешуд. Оишаи Сиддиқа (ҳамсари Пайғамбар) нақл мекунад: "Ҳазрати Муҳаммад (с) дар хона кор мекард, кафши худро медӯхт, либосашро дарбеҳ мекард, гӯсфанд медӯшид..."
Расули Акрам (с) ба паймони худ устувор буда, бо хешону ҳамсоягон рафтуомад мекард. Мо, ки умматони он ҳазратем, бояд дар рафтору гуфтор ба Пайғамбари барҳақ пайравӣ намуда, ахлоқи хешро ислоҳ созем.


Маълумот
Шӯъба: СИРАИ ПАЙҒАМБАР
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 751
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 15:53
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024