Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
Страница 1 из 11
tojikislom » Фикҳ » ҲAҶҶ ва Умра » ҲАҶ ДАР ИСЛОМ
ҲАҶ ДАР ИСЛОМ
MuslimkaДата: Панчшанбе, 04.12.2008, 14:49 | Сообщение # 1
Лейтенант
Группа: Модераторы
Сообщений: 48
Статус: Offline
Зиёрат амри фитрист

Зиёрат рафтан дар ниҳоди башар аст. Одам табиъатан дӯст медорад ба зиёрат биравад хоҳ зиёрат ба сӯйи ҷойу макони муқаддаст бошад ё ҳатто зиёрати хешу ақрабо ва дӯсту наздикон. Аз сӯйи дигар одамӣ дӯст медорад ба зиёраташ биёянд ӯро хабар бигиранд ва ҳолу саломатияшро пурсон шаванд. Зиёрат дар маҷмӯъ таассуроти муҳими руҳонӣ дар инсон дорад. Ба қавли ирониҳо "устухонро сабук мекунад" ва руҳро болида.

Панҷумин рукни Ислом зиёрати Каъбатуллоҳ аст, ки дигар ҳеҷ зиёрате дар Ислом ба андозаи Хонаи Каъба аҳамияти хоссаи худро надорад.

Каъбатуллоҳ на танҳо дар қалби саҳрои Ҳиҷоз, балки дар маркази олам мавқеъият дорад, ки ин худ рамзи ҷаҳонӣ будани дини мубини Ислом аст ва ҳамасола беш аз 3 млн мусулмон аз гӯшаву канори мухталифи олам дар мавсими Ҳаҷ ба зиёрати он мешитобанд.

Бо пушидани либоси соддаву сафед зоирони мусулмон эълом медоранд,,ки на афғонанду на турку тотор, балки чаманзоданду аз як шохсор.

Барои ба ҷо овардани амри қуръонӣ мусулмонон аз гӯшаву канори олам бо ҳавопаймову қитору мошин ва гоҳҳо пиёдаву савори маркаб ба шавқ сӯйи қибла роҳ мепаймоянд.

Парвардигори ҷаҳониён фармудааст: "Ва лиллоҳи ъаланноси ҳиҷҷул байт манистатоъа илайҳи сабила" Бар мардум аст, касоне, ки тавоноии роҳро доранд ҳаҷи Байтуллоҳ кунанд.

Бо канор гузоштани фарқҳои рангу бу,ҷоҳу манзалат,табақаву мақом, курсиву вазифа, миллату забон,қавму қабила ҳамаи мусулмонон дар якҷоягӣ ва ба унвони миллати воҳид ва бо як садо Парвардигори худро дар атрофи Каъба лаббайк мегӯянд: Лаббайкаллоҳумма лаббайк, лаббайка ло шарика лака лаббайк, инналҳамда ванниъмата лака валмукл ло шарика лак".

Агар Вотикон яке аз марказҳои муҳими таҷаммуъӣ барои масеҳиён бошад, яҳудиён Ерусалимро маркази мазҳабии худ меҳисобанд. Барои адои маросими мазҳабӣ зардуштиён ба Язди Ирон мешитобанд ва пайравони дини Сихӣ ба Ҳасан -абдоли Покистон. Инчунин пайравони ду дини бузурги гетӣ Ҳиндуӣ ва Буддоӣ низ ба шаҳрҳои мухталифи Ҳиндустону Камбудяву Бурмо барои адои зиёрати мазҳабӣ мешитобанд вале ҳеҷ як азин марокизи таҷаммауъӣ ва зиёратӣ мавқеъияти муҳимме мисли макони зиёрати мусулмонҳоро надорад.


Bismilloh-аудио ва видео файлхо

Nisaun-форуми исломи барои хоҳарон

 
MuslimkaДата: Панчшанбе, 04.12.2008, 14:49 | Сообщение # 2
Лейтенант
Группа: Модераторы
Сообщений: 48
Статус: Offline
Одам баъди анҷоми зиёрат бо як ҷаҳон таассурот ва маъонии баланди руҳонӣ ва ғизои маънавӣ бармегардад. Зиёрат равшании дил, оромиши хотиру сукут, хомӯшӣ бозгашт ба хештан ва сафои руҳу равон аст.

Дар забони гуфтугии имрӯзаи тоҷикӣ "зиёрат" ба ҳар ду маъно истифодаи густурда мешавад, ҳам ба маънои "зиёрати ҷойи муқаддас" ва ҳам ба маънои "зиёрати як шахс".

Бисёре аз тоҷикон вақте ба сӯйи дигаре барои салому алейк бираванд ин калимаро истифода мебаранд: "биё я зиёрат кунем" ё гоҳҳо ба шухӣ мегӯянд: "ҳазрат вақт дорӣ як зиёрат кунем" гуфта таваҷҷӯуҳи шахси зиёратшавандаро ба худ ҷалб мекунанд. Ё масалан мегӯянд, ки "ба зиёрати қабри падар рафтан" ва ё ба "зиёрати мақбараи фалонӣ" ё "мазори фалонӣ рафтан".

Вожаи "зиёрат" калимаи арабӣ буда, шояд тарҷумаи дақиқи тоҷикии он "дидор" ё "дидан" бошад. Ин маъно ҳам дар забони гуфтугии тоҷикии имрӯза мавриди истифода ҳаст. Таъбири маъмул аст, ки "шумо рафтан гире ма я одама мебинум тез меём"-яъне "як одамро зиёрат мекунаму тез меоям".

Аммо дар истилоҳи динии он "зиёрат" ва ё "ҳаҷ" ин сафаре ҳаст ба сӯйи Каъба, ки бо нияти ибодат ва анҷоми саъйу тавофу вуқуф ва дигар ибодатҳо бо умеди савобу аҷр анҷом дода мешавад.


Bismilloh-аудио ва видео файлхо

Nisaun-форуми исломи барои хоҳарон

 
tojikislom » Фикҳ » ҲAҶҶ ва Умра » ҲАҶ ДАР ИСЛОМ
Страница 1 из 11
Поиск:


Copyright MyCorp © 2017