Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
tojikislom » Aкидa » Aкидa » Ақидаи аҳли ташаййуъ (Баҳсу мунозираи илмӣ)
Ақидаи аҳли ташаййуъ
tojikislomДата: Душанбе, 12.05.2008, 13:21 | Сообщение # 1
Admin
Группа: Администраторы
Сообщений: 193
Статус: Offline
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ бародарон ва хоҳарони гиромиқадр!

Ин шӯъба барои баҳс дар атрофи ақидаи шиъиён бахшида мешавад. Чун ин баҳс баҳси илмӣ хоҳад буд, талаб ин аст, ки тарафайн мақола ва навиштаи худро бо далелҳо (яъне муаллиф, китоб ва саҳифа) асоснок намоянд. Аз иштирокчиён хоҳиш карда мешавад бо одоб ва эҳтироми якдигар сӯҳбат намоянд.

Ҷазакумуллоҳу кулли хайр!

 
MuoviyaДата: Душанбе, 12.05.2008, 18:40 | Сообщение # 2
Рядовой
Группа: Пользователи
Сообщений: 2
Статус: Offline
Ассалому алайкум ва рахматуллохи ва баракотух! Исломи азиз вокеан хам динест поку беолоиш, ки чун чашмаи зулол зиёда аз 1400 сол боз дар чуш задан аст ва харчанд, ки борхо хостанд душманон губор бар он афкананд, муваффак нашуданд ва нахоханд шуд. Аммо мушкилае, ки моро дар ин чо мусаллам аст, ин он аст, ки мо мусалмонон худ ба гурухбандихо таксим шудаем ва бадгуии хам мекунем. Фаромуш намудаем, ки Худованди мутаол моро дар китоби азимуш-шаъни худ амр мекунад: "Фаизо танозаътум фи шайъин фаруддуху илаллохи ва илар-расули- Чун дар чизе мунозаъат кардед, пас онро ба суи сухани Аллох таоло ва Паёмбараш(сав) боз гардонед. Аз хамагон хохиш менамоем, ки ба ин мазмуни ин оят хуб таваччух кунанд ва биандешанд. Иншоаллох факат дар сурати пайрави аз кор муваффак хохем шуд.

http://kalamullah.narod.ru/ ин чо хама гуна далилхои ахли сунна вал-чамоа аст ба забони руси мутолаа кунед.

 
АбуАнасДата: Сешанбе, 13.05.2008, 02:14 | Сообщение # 3
Рядовой
Группа: Пользователи
Сообщений: 1
Статус: Offline
салому алеӣкум бародарони азиз
ман як чизро пурсидани будам оё мумкин аст ё мешавад ки мо аксҳоро дар руӣ ин саҳифа дарорем мисли аксҳоӣ китобҳоро? агар ин корро карда шавад пас чигуна анҷом меёбат хоҳиш мекунам ин чизро баён мекардед
худо ҳофиз


im muslim..........................
 
MuoviyaДата: Сешанбе, 13.05.2008, 21:07 | Сообщение # 4
Рядовой
Группа: Пользователи
Сообщений: 2
Статус: Offline
Ассалому алайкум ва рахматуллохи ва баракотух! Ман ин чо мехохам аз китоби "Тадбир ва такдир"(Баёни душвортарин холатхои сахобагон аз рузи вафоти Пайгамбар(с) то шаходати Имом Хусайн), ки таёр намудаем ба тарики электрони оварда монам, то манзуратон гардад. Ва Худованд моро низ ачр дихад ва ин корамонро холис барои ризогиаш кабул намояд!!!

МУЌАДДИМА
Сипосу ситоиши ба Аллоњ субхонању ва таъоло, ки њаётро мадрасаи панду ибрат гардонидааст. Барои ислоњи нафси хеш ба мо бандагонаш мўњлат ва фурсат додааст. Дуруду салом ба баргузида ва фиристодааш Муњаммад, ки барои бандагон намуна ва ибрат гардидааст. Дар 23 соли њаёташ дар роњи ислоњи башарият аз худгузарињо ва кўшишњои фаровон ба харљ додааст. Аммо баъд аз њамду дуруд мегўем:
Донистани таърихи ислом дар њама асру замон, аз ањаммияти бузург бархурдор мебошад. Таърихе, ки шахси хирадмандро ба роњи саъодат рањнамої мекунад ва аз роњи залолат барњазар медорад. Он саршор аз ќурбонињову аз худгузарињо, суботу садоќат, ѓайрату матонат ва комёбињову пирўзињои мўътаќидонаш мебошад.
Бо вуљуди ин љои бисёр таассуф аст, ки аз ѓофилї ва ноогоњии мо мусалмонон истифода бурда баъзе таърихнависони бадмазњаб ва бадмаслак таърихи моро оганда аз ривоятњои дурўѓ ва бофтаву сохта гардонидаанд.
Эмом Муњаммад Абубакр машњур ба ибни Арабї (468-543 њиљрї) барои тањќиќ ва баррасии ривоятњои торих китоби "АЛ-АВОСИМ мин- Ал-Ќавосим"-ро навишта дар он њаќиќати баъзе воќеъањои сахту душвори торихои исломро аз рўзи вафоти њазрати Пайѓамбар (с) то шањодати Эмом Њусайн баён доштааст. Баъди гузаштани асрњо шайх Муњиббуддини Хатиб ба ин китоб таълиќи зебое навиштаанд, ки њусни онро афзуда ва ањаммияташро бештар кардааст.
Мо ба таври мухтасар китоберо аз далелњои китоби "Ал-Авосим" тартиб додаем ва онро "Тадбир ва таќдир" номидаем. Ин китоб дар мавриди иљтињод ва тадбирњои сањобагони киром дар дафъи мусибатњо ва фитнањои баъди вафоти њазрати Пайѓамбар (с) ба ин уммат даст ба гиребоншуда бањсу мунозара мекунад. Хонанда хоњад донист, ки сањобагони киром дар дафъи ин мусибатњо чигуна бо њикмат иљтињод ва тадбирандешї кардаанд. Аммо таќдири

Худо њамеша бар тадбири бандагонаш ѓолиб мебошад. Таќдире, ки њамчун тўфон ба љўш меояд ва киштии тадбирро, агар ба он иттифоќ наяфтад такон медињаду ѓарќ месозад ва онро наќшае бар об мегардонад. Аммо агар тадбири банда бо таќдири Худо иттифоќ бияфтанд албатта тадбир муфид воќеъ мегардад. Локин чун донистани таќдир аз ќудрати банда берун аст ва љуз Аллоњ таъоло то воќеъ шуданаш касе онро намедонад бояд тамоми амалњои мусулмон бо ният хуб ва тадбири нек бошанд.
Аз Аллоњ субхонању ва таъоло таманно дорем ва илтиљо мекунем, ки ин амали ночизи моро бо лутфу карамаш хос барои ризояш бипазирад ва китоби "Тадбир ва таќдир" -ро мисли " Ал-Авосим" муфид ва муассир бигардонад.
ТАЪРИХ АЗ ДИДГОЊИ АЌИДА
Дар њадиси сањењи ба ривояти Имом Тирмизї, Ањмад ва дигарон Пайѓамбар (с) фармудаанд: "Мардуме, ки аз њама сахттар мусибату бало мебинанд пайѓамбаронанд.
Баъди онон мусибату балоњо бар касоне сахт нозил мешаванд, ки дар маќому мартаба ба пайѓамбарон наздиктару ќарибтаранд. Њар шахс ба миќдори имондорияш ба сахтињо мубтало мегардад. Пас касе дар динаш мустањкаму устувортар бошад мусибатњояш сахттару душвортар ва агар сусту заъиф бошад сабуктару осонтар мебошанд. То андозае балоњо вайро азоб медиханд, ки тамоми гуноњњонаш ба сабаби он нест шуда дар њоле ба рўи замин гом мебардорад ва ќадам мезанад, ки њељ гуноње дар вай боќї намондааст."
Аз њама наздиктар ба Пайѓамбар (с) ањли байт, яъне занону фарзандон ва аќрабояш ва сањобагон, яъне дўстону ёронаш ба шумор мераванд. Аз ин рў онон сахттарин мусибатњо ва офату балоњоро аз сар гузаронидаанд ва ин дини покро софу солим њамчуноне аз Пайѓамбар (с) таълим гирифтаанд ба мо расонидаанд. Пас дўст доштани онон дўст доштани ин дин аст, ва бад диданашон бад дидани он амонатест, ки адо кардаанд.
Њазрати Абуњурайра њангоме аз Абубакри Сиддиќ ёд мекунад бо сўзу гудоз мегуяд: "Агар Абубакр халифа намешуд

касе Худоро ибодат намекард!" Оре ва оре ва оре!!! Агар онон ба даъвати Пайѓамбар (с) лаббайк намегуфтанд ва ёру мададгор намешуданд, кї даъвати ўро мепазируфт? Кї аз љони вай дифоъ мекард? Чї касе бар муќобили душманонаш шамшер ба даст љанг мекард ва ононро шикаст медод? Агар њазрати Абубакр ќабоили арабро, ки баъди вафоти Пайѓамбар (с) муртад шудаанд аз сари нав ба ислом намедаровард хатари он вуљуд дошт, ки тамоми љазираи араб дубора ба куфр баргарданд. Агар њазрати Умар ду импиротурии љањонї, яъне Форс ва Румро шикаст намедод онон њаргиз намегузориданд, ки дар олам ба номи ислом дине ва ё кишваре по ба арсаи њастї бинињад. Агар Аллоњ таъоло тавассути њазрати Усмон Ќуръонро ба як тартиби муъайян љамъ намекард мусулмонон ба номи Ќуръон ба мисли насрониён соњиби чанд китоби мухталиф мешуданд ва гумроњ мегардиданд. Агар њазрати Алї хавориљро саркўб намекард ба номи ислом як гурўњи дањшатноки хунхор ва вањшисифате бурўз мекард, ки ба содир кардани гуноњ мусулмононро мекуштанд ва резондани хуни њама касони ба онон мухолифро вољиб медонистанд. Агар мо бихоњем њама мањосин ва некињои сањобагонро бинависем чандин китоб навишта мешаваду боз њам ќисса нотамом боќї мемонад. Аз ин рў андаки онро ёдоварї кардем, ки барои ањли дину инсоф басанда хоњад буд.
Фардои ќиёмат пайѓамбареро дида мешавад, ки танњо як сањоба ва уммат дорад, вале Пайѓамбари мо (с) танњо њангоми вафоташ 124 њазор сањоба ва изофатар аз ин пайраву уммат доштаанд. Пас агар сањобагон пешоњангони ин дин набошанд пешоњанги он кист? Боз бояд савол кард, ки дар замони њаёти Пайѓамбар (с) ислом аз љазираи араб берун нарафта буд, пас кї онро то Осиёву Африќову Аврупо расонид?
Ай мусалмон ту аќида дорї, ки Ќуръони карим то рўзи ќиёмат њаќу собит боќї хоњад монд, пас бидон, ки онро сањобагон аз Пайѓамбар (с) ба мо расонидаанд ва дар дањњо оятњои Ќуръон Аллоњ таъоло сањобагонро ситоиш кардааст. Аз њамин љињат бадбин ва бадгумон будан нисбат ба онон маънои шак овардан дар њаќ будани Ќуръон мебошад, ки

чунин аќида мусулмонро аз дин бегона месозад.
Маќсади мо аз ёдоварии ин суханон дар он аст, ки ин ашхосе, ки дар мавриди онон дар ин китоб сухан меравад дар маќоме ќарор доранд, ки бисёр баланд буда аз дидгоњи дин касе ононро њаќи танќид ва интиќод надорад. Ин дар њолест, ки онон маъсум, яъне пок аз хатову гуноњ намебошанд, аз эшон баъзе лаѓжишњо ва хатоњои иљтињодї воќеъ шудааст. Бузургони динро њангоме аз љангњои дар байни сањобагон воќеъ шуда пурсон мекарданд њаргиз якеро хуб ва дигареро бад намегуфтанд. Чуноне ибни Умарро дар мавриди њазрати Усмон ва Алї пурсиданд, ки гуфт: "Ман кистам дар мавриди ашхоси аз худам боломаќомтар ибрози назар намоям!?" Ин мавќеъи яке аз бузургтарин сањоба мебошад, ки нисбат ба касони аз худ бузургтар интихоб кардааст. Дину аќида ва адабу ахлоќ дар чунин мавќеъ ошкор мегардад. Касе чунин аќида дорад мусулмони воќеъї ўст.
Дар ривояти имом Бухорї ва Муслим Пайѓамбар (с) бузургии маќому мартабаи сањобагонро нисбат ба дигар мусулмонон баён дошта, ба моён чунин дастур медихад: "Ба сањобагони ман носазо магўед! Савганд ба он Худое, ки нафси ман дар яди билокайфи Ўст, агар яке аз шумоён миќдори вазни кўхи "Уњуд" тилло дар роњи Худо сарф кунад ба миќдори як муд (750 грам) ё нисфи муди сарфкардаи онон баробар намешавад." Ин дар њолест, ки маъсум набудани ононро ва сар задани гуноњу хаторо аз эшон Пайѓамбар (с) хуб медонист, бо вуљуди ин маконати сањобагонро чунин воло тавсиф кардаанд. Пас ай бародари мусулмон бинобар таќозои дину имонат бар ту лозим аст, ки ончиро Пайѓамбар (с) фармудаанд бо ризои ќалб бипазирї. Дар акси њол дину имони худро бо хатари бузурге мувољењ месозї.
Њангоме мунофиќсифатон ба сањобагон мехоњанд носазо бигўянд, тамоми некињои ононро зери по карда масоили ихтилофии дар байнашон сарзадаро доман мезананд. Ин ањли нифоќу шиќоќ аз коњ кўњ ва аз пашша фил месозанд, то ин умматро нисбат ба гузаштагонаш бадбин ва бемуњаббат бигардонанд. Мо тамоми ончиро, ки дар байни онон воќеъ шудааст аз амри таќдир медонем ва муътаќидем,

ки таќдир Худо аз њикмат холї нест. Агар мо он њикматро дарк карда наметавонем пас ин аз норасоидои мост на аз камбудии сањобагон. Шояд агар ин ихтилофњо дар байнашон воќеъ намегардид ва мардум ба некињояшон мафтун шуда ононро ба маќоми болотар аз худ, яъне ба мартабаи пайѓамбарї мерасониданд. Чуноне насрониён нисбат ба сањобагони њазрати Исо, яъне њавориюн чунин аќида доранд. Ин воќеъањо ба хама нишон дод, ки онон маъсум ва пайѓамбар нестанд. Бинобар ин корњое аз онон сар задааст, ки аз пайѓамбарон сар намезананд.
Хулоса аз чанд љињат дар мавзўъи сањобагон бебокона њарф задан раво нест: 1-Мо динро аз ривоятњои онон омўхтаем ва онон ба њамаи уммат ба манзалаи устод мебошанд. Пас бар њамаи уммат вољиб мебошад, ки эњтиромашонро ба љо биоранд. 2- Сањобагонро Худо ва Расулаш ситоиш кардаанд. Пас бар касе, ки эмон дорад вољиб аст аз кардаи Худову Расул пайравї намоянд. 3- Касонеро, ки нисбат ба сањобагон бадбин ва хашмгин мебошанд Аллоњ таъоло дар ояти 29 сураи "Фатњ" кофир гуфтааст. Имом Молик дар асоси ин оят бадбинони сањобагонро ба куфр њукм кардаанд. Аз ин рў ай бародари мусулмон дар мавриди онон аз бадандешї сахт битарсї ва њазар намої, чуноне аз афтидан дар оташ хавф мебарї ва њазар менамої.

САХТТАРИН МУСИБАТ

Вафоти Расули Аллоњ таъоло Муњаммад (с) дар соли 632 милодй сахттарин ва мушкилтарин мусибат ва душвортарин
вазъу њолате ба шумор меравад, ки дар тўли торихи мадиди ислом ба мусулмонон ворид шудааст. Дар он соли пурдарду ѓам он зоте, ки тавассути ў Аллоњ таъоло љазираи арабро аз олудагињои иътиќодї, аз ќабили ширку куфр ва зиштињои ахлоќию иљтимоъї, аз ќабили фањњошї, золимона зинда ба гўр кардани духтаракони маъсум ба дасти падарони вањшї, зулму ситами забардастон бар заъифон, љангњои беинтињои ќабилавї ва ѓайра пок сохт ва њаёти созанда ва дурахшонро барои бандагонаш равшан гардонид, ин олами фониро падруд

гуфт ва ба назди парвардигораш рафт. Ашхосе, ки ба вай имон оварданд ва таввасути ў њидоят ёфта ва дар роњи бо саъодат њамроњаш љонбозињо кардаанд як лањза њам тоќати фироќашро надоштанд ва Муњаммад (с)-ро аз љону моли хеш бештар дўст медоштанд ва азиз мешумориданд. Эшон ба ин умед њаёт ба сар мебурданд, ки то мушарраф ба ислом гардидани тамоми олам Пайѓамбари худро Аллоњ таъоло намиронад ва ў то он замон зиндаву солим боќї бимонад. Аз шиддати муњаббат оятеро, ки аз комил шудани дин ва пурра гардидани ин неъмати гаронќадри илоњї хабар медод аз ёд бароварда буданд. Онон ин оятро мехонданд, вале шиддати муњаббат дарк кардани инро, ки масъулияти пайгамбари адо ёфтааст ва вучуди пайгамбар баъди ин матлуб намебошад, манъ мекард. Аз ин рў вафоти Муњаммад (с) барои ёронаш мусибати сахт ва камаршикане вокеъ гардид.
АЊВОЛИ САЊОБАГОН
Сањобаи бузург Анас ибни Молик рўзи вафоти Пайѓамбари Аллоњ таъолоро чунин тасвир кардаанд: "Рўзе Расулуллоњ (с) ба шањри Мадина омад тамоми шањр пурнур шуд ва рўзе, ки дар он вафот кард њамаро зулмати торикї фаро гирифт. Њануз дастонамонро аз хоки ќабри Пайѓамбари Аллоњ (с) пок накарда будем, ки дилњои худро инкор кардем, яъне дигаргун ињсос намудем." Оре! Баракате, ки Аллоњ ба Пайѓамбараш (с) додаанд ба дигарон намедињад ва дар чизеро комил сохт баъди камол нуќсонњо дар он падид оянд, ки гуфтаи Анас (р) шоњиди зиндаи ин матлаб аст.
Аммо њазрати Умар (р) бо вуљуди матонат ва шуљоъати каммисолаш садамаи сахт хўрд ва мардумро чунин хитоб мекард: "Њамоно Пайѓамбари Аллоњ (с) намурдааст! Аллоњ таъоло чуноне Мўсо (а)-ро чињил рўз ба мулоќот даъват кардаанд Ўро низ даъват кардааст. Ман умед дорам, ки Пайѓамбари Аллоњ (с) пас меояду дасту забонњои касонеро, ки мегўянд мурдааст ќатъ менамояд! "Оре! Њазрати Умар аќлашро аз даст надода буданд, вале ин мусибат чунин садамаи бузург дошт.

Мусулмононро дар чунин њолати душвор њазрати Абубакр бо суханони њакимонааш ба худ овард. Ў аввалан ба њуљраи духтараш Оиша (р), ки дар он Пайѓамбари Аллоњ (с) вафот карда буд даромада пардаро аз рўи вай бардошт ва рўи зебои Ўро бўсиду гуфт: Падару модарам фидои ту ай Пайѓамбари Аллоњ(с)! Дар зиндагї ва маргат поку зебо ва хушбўй будї! Ќасам ба Аллоњ, ки туро ду бор намемиронад ва ин марге, ки онро пазируфтаї онест, ки ба ту таќдир кардааст.
Сипас ба масљид ба назди мардум омада ононро чунин хитоб кард: Ай мардум! Касе Муњаммадро парастиш мекард бешак вай вафот кардааст! Аммо касе Аллоњро мепарастид пас Ў таъоло зинда буда њаргиз намирад! Инро гуфту ояти 144 сураи "Оли Имронро"-ро ќироъат кард. Дар он Аллоњ таъоло хабар додаанд, ки Муњаммад (с) мисли дигар пайѓамбарони ќабл аз вай гузашта мебошад. Пас агар мисли онон бимирад ва ё кушта шавад шумо ба куфр пас мегардед?! Касе чунин кунад ба Аллоњ њељ зараре намерасонад ва касе бар имонаш собит бимонад ўро Аллоњ подош хохад дод.
Ин суханони њазрати Абубакр мардумро ба худ овард ва онон ин оятро дар кўчањои Мадина мехонданд гўё, ки дар он рўз нозил шудаву онро бори аввал мешунида бошанд.
ИНТИХОБИ ХАЛИФА
Њаќиќат ин њаст, ки Пайѓамбари Аллоњ(с) њангоми њаёташ њељ касеро халифа ва љонишини худ таъин накардаанд ва касе низ аз вай ин корро талаб накардааст. Дар ривояти имом Бухорї ва дигарон омада, ки њангоми бемории Расули Аллоњ(с) амакаш Аббос писари Абдумуталлиб ба њазрати Алї (р) гуфт: "Ман нишонањои маргро дар чењрањои фарзандони Абдумуталиб медонам, яъне он нишонаи марг дар Расулуллоњ(с) ошкор шудааст. Биё то аз вай пурсон кунем, ки халифа ва љонишинаш чї касе хоњад шуд? Агар ин мансаб барои мо ањли хонадонаш бошад онро бидонем". Њазрати Алї (р) дар љавоб гуфт: "Ман инро аз Пайѓамбари Аллоњ(с) талаб нахоњам кард. Ба Аллоњ савганд, агар мо љонишиниро талаб намоем ва моро аз он манъ кунад њаргиз мардум онро ба мо вогузор нахоњанд кард".

Аз ин рў дар масъалаи интихоб кардани халифа ва љонишини Пайѓамбар (с) ихтилофи назарњо ба вуљуд омад. Аксари муњољирин ба ин назар буданд, ки аз ќурайшињо интихоб гардад. Ансор, яъне ањли Мадина раиси худ Саъд ибни Убодаро муносиб медонистанд ва хонадони Пайѓамбар (с), ки њазрати Алї дар раъси онон ќарор дошт онро барои худ лоиќ мепиндоштанд. Дар њаќиќат хар кадом мустањиќи хилофат буданд ва лаёќати онро доштанд, вале халифа бояд як нафар интихоб мешуд.
Барои њал кардани ин масъала муњољирин бо сарварии њазрати Абубакр ба маљлисгоњи ансор рафтанд ва ў бо хондани њадиси шариф, ки дар он Пайѓамбари Аллоњ (с) гуфтаанд: " Хилофат насиби ќурайшињост" ишонро ќаноъат дод, то њамагї ба њазрати Абубакр даст бидињанд ва байъат кунанд. Њазрати Абубакр аз љумла гуфт: "Мо, яъне ќурайшињо амиронем ва шумо, яъне ансор вазирон мебошед". Дар он маљлис бо иттифоќи муњољирин ва ансор њазрати Абубакр аввалин халифаи Пайѓамбар (с) интихоб шуд ва якпорчагии мусулмонон њифз гардид.
Аммо дар мавриди байъати њазрати Алї ривоятњои зиду наќисе омадааст, ки дар баъзе он дар њол байъат кардаанд ва дар бархи дигараш шаш моњ баъд аз дигарон. Воќеъият ин аст, ки њазрати Алї (р) дар итоъати њазрати Абубакр ќарор доштанд ва хилофаташро иътироф кардаанд. Дер ё зуд байъат кардани њазрати Алї иддаъои баъзе фитнагаронро, ки гўё хилофатро Пайѓамбар (с) ба њазрати Алї васият карда бошад ботил месозад. Зеро агар чунин васияте вуљуд медошт амалї кардани он бар њама вољиб мегардид ва муњољирину ансор чуноне дар њаёти Расули акрам (с) љону моли худро фидои он зот кардаанд баъди вафоташ низ аз самими ќалб васияташро амалї мекарданд. Аммо њазрати Алї низ на ба хотири мансаб, балки барои иљрои васияти Пайѓамбар (с) албатта ба мухолифони амалї кардани он ба корзор мепардохт ва барои ин аз тарафдории мардум ва тавоноии комил бархурдор буд.

Content-Disposition: form-data; name="ahtml"

on

Сообщение отредактировал Muoviya - Сешанбе, 13.05.2008, 21:08
 
AbumuslimДата: Панчшанбе, 15.05.2008, 00:30 | Сообщение # 5
Рядовой
Группа: Администраторы
Сообщений: 3
Статус: Offline
Barodari aziz АбуАнас, dar poyoni tirezai maqolanavisi tugmachai "Obzor" mavjud ast. Hamon tugmacharo pakhsh namo va az komyuterat surati dilkhohro intikhob namo. Pas az pakhsh namidani tugmachai "Dobavit otvet" rasm dar sahifa namudor meshavad.

Прикрепления: 3633209.jpg (60.8 Kb)
 
tojikislom » Aкидa » Aкидa » Ақидаи аҳли ташаййуъ (Баҳсу мунозираи илмӣ)
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:


Copyright MyCorp © 2024