Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
tojikislom » Aкидa » Aкидa » ХАККИ ШАВХАР БОЛОИ ЗАН
ХАККИ ШАВХАР БОЛОИ ЗАН
BonuДата: Панчшанбе, 18.09.2008, 07:25 | Сообщение # 1
Рядовой
Группа: Пользователи
Сообщений: 18
Статус: Offline
Шавхар болои зан аз хукукхои зерин бархурдор мебошад .
1.Дар корхое , ки харом ва хилофи шаръ нестанд бар зан вочиб аст , ки аз у итоъат намояд ва фармон пазирад , чуноне Аллох таъоло дар сураи нисо ояи 34 мефармояд :
" فإن اطعنكم فلا تبغوا عليهن سبيلا " ( النساء: 34 )
Яъне : « ( Пас) агар итоъат кунанд , тачассус мекунед бар эшон рохи илзомро !»
Дар ривояти муттафакун алайх расулуллох ( саллаллоҳу алайҳи ва саллам ) фармудаанд :
" إذا دعا الرجل امرأته إلى فراشه فلم تأت فبات غضبان عليها لعنتها الملائكة حتى تصبح " ( متفق عليه )
Яъне : « Чун марде ба хотири хамбистарй занашро бихохад ва зан ичобат накунад ва мард газаболуд хоб кунад , то субх малоикахо бар он зан лаънат фиристанд !»
Дар ривояти Абудовуд ,Хоким ва Тирмизй расулуллох ( саллаллоҳу алайҳи ва саллам ) чунин баён доштаанд :
" لو كنت آمرا أحدا أن يسجد لأحد لأمرت المرأة أن تسجد لزوجها " ( رواه أبوداؤد و الحاكم و الترمذي )
Яъне : Агар касеро мефармудам , ки пеши каси дигар сачда намояд албатта занро дастур медодам , то барои шавхараш сачда кунад !
2.Вочиб аст бар зан , ки номусу обру ва шарафу иззати шавхараш ва инчунин , молу авлоди уро хифз намояд ва корхои манзилашро сомон бидихад .Чуноне дар ояти 34 сураи Нисо омадааст :
" فالصالحات قانتات حافظات للغيب بما حفظ الله " ( النساء : 34 )
Яъне : « Пас занони некукор фармонбар , нигахдорандаанд ( молу обруро ) дар гиёби шавхар ба сабаби хифозати худо ,»
Дар ривояти муттафакун алайх расулуллох ( саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд :
" و المرأة راعية على بيت زوجها و ولده ومسؤلة عن رعيتها " ( متفق عليه )
Яъне : Зан дар хонаи шавхараш ва фарзандаш сарпараст буда аз он масъул мебошад .
Дар ривояти эмом Тирмизй расулуллох ( саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён медорад :
" فحقكم عليهن أن لا يؤطئن فرشكم من تكرهون و لا يأذن في بيوتكم لمن تكرهون " ( رواه الترمذي )
Яъне : « Хакки шумо болои занонатон иборат аз ин аст , ки бояд касеро , ки шумо бад мебинед , ба хонаатон рох ва ичозат надиханд .»
3. Бар зан вочиб аст , ки аз хона бе ичозаи шавхараш берун наравад. Инчунин , вочиб аст , ки розигии уро бичуяд ва аз хашмаш хазар кунад .
Дар холати хайз ва нифос халол нест , ки бо шавхараш чимоъ , яъне алокаи чинси намояд . Дар ояи 222 сураи Бакара Аллох таъоло мефармояд :
" فاعتزلوا النساء في المحيض و لا تقربوهن حتى يطهرن " ( البقرة : 222 )

Яъне : «Пас канора гиред аз чимоъи занон дар вакти хайз ва наздик машавед эшонро то ин , ки пок шаванд .
Бояд зан бидонад , ки бе ичозаи шавхараш дар нафс ва молаш хак надорад тасарруф намояд. Хакки завчашро бар хакки худ ва хакки акрабои завчашро бар хакки акрабои худ мукаддам бидорад . Назди шавхараш бо чамоли худ фахр накунад ва агар шавхараш хубсурат набошад уро айб нагирад .
Лоик аст бар зан , ки дар хузури шавхар бохаё камсухан ва боэтиром бошад . Дар гиёбати шавхараш хиёнат дар нафс ва молаш накунад .
Бар зан лозим аст , бар тоъати худо ва расулаш бикушад баъд аз он бар итоъати шавхараш побанд бошад . Зеро чаннатй будан ё дузахй шуданаш вобаста аз он чизест , ки баён доштем .
Чуноне ибни Моча Тирмизй ва Хоким аз расулуллох ( саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят намудаанд , ки фармуд :
" أيما امرأة ماتت زوجها عنها راض دخلت الجنة " (رواه ابن ماجه و الترمذي والحاكم )
Яъне : Кадом зане дар холе бимирад , ки шавхараш аз у розист он зан дохили чаннат шавад .
Дар ривояти эмом Ахмад ва Тибронй омада , ки расулуллох ( саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд .
" إذا صلت المرأة خمسها وصامت شهرها و أطاعت بعلها ( زوجها ) فلتدخل من أي أبواب شاءت " (رواه أحمد و الطبراني )
Яъне : « Чун зан панч вакт намозашро бигзорад ва мохи рамазонро руза бидорад ва шавхарашро итоъат намояд , аз кадоме аз дархои чаннат бихохад дохил гардад .»
Яъне : барои чунин зан хама дархои чаннат бозанд !


<Bismillahir rahmonir rahim>,Hast kalidi dari ganji hakim,Fotihai fikratu khatmi sukhan,Noni Khudoy ast,ba u khatm kun.
 
tojikislom » Aкидa » Aкидa » ХАККИ ШАВХАР БОЛОИ ЗАН
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:


Copyright MyCorp © 2024