Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
tojikislom » Таърихи Исломи » ПАЁМБАР (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) » МУҲАММАД (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) АСЛУ НАСАБ, ПАЙДОИШУ (КАМОЛОТ ВА АҲВОЛИ ЗИНДАГОНИИ Ӯ ПЕШ АЗ ДАВРОНИ ПАЁМБАРӢ)
МУҲАММАД (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) АСЛУ НАСАБ, ПАЙДОИШУ
tojikislomДата: Чоршанбе, 26.11.2008, 16:38 | Сообщение # 1
Admin
Группа: Администраторы
Сообщений: 193
Статус: Offline
МУҲАММАД (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) АСЛУ НАСАБ, ПАЙДОИШУ КАМОЛОТ ВА АҲВОЛИ ЗИНДАГОНИИ Ӯ ПЕШ АЗ ДАВРОНИ ПАЁМБАРӢ

АСЛУ НАСАБИ ШАРИФИ ОН ҲАЗРАТ

Ӯ меҳтару сарвари оламу одам, беҳтару хотами паёмоварони Худованд, ҳазрати Муҳаммад аст, писари Абдуллоҳ, писари Абдулмутталиб, писари Ҳошим, писари Абдуманоф, писари Қусай, писари Килоб, писари Мурра, писари Каъб, писари Луай, писари Ролиб, писари Феҳр, писари Молик, писари Назр, писари Кинона, писари Хузайма, писари Мудрика, писари Илёс, писари Музир, писари Низор, писари Муъадд, писари Аднон.
Ному насаби ин бисту як нафар аз падарон ва падарбузургони ӯ (бобову бобокалон) аз Абдуллоҳ то Аднон дар китобҳои торих ба таври мазбут ва бо диққати харҷи тамом дар шаҷараномаҳо дарҷ ёфта. Аднон ба иттифоқи тамоми муаррихин аз зуррия ва насли Исмоил фарзанди Иброҳим (алайҳимо-с-салом) аст, вале номҳо ва адади он падарон, ки силсилаи Аднонро ба Исмоил бирасонад, ба таври дақиқ ва мазбут наёмада.
Модари он ҳазрат, Омина духтари Ваҳаб аст, ки дар ҷадди (бобо) чаҳоруми худ ба насаби падарии паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамроҳ мегардад. Ба ин сурат, ки Ваҳаб писари Абдуманоф, писари Зуҳра, писари Килоб аст. Килоб ҷадди (аз пушти падарӣ) панҷуми паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мебошад. Яъне падар ва модари он ҷаноб ду шохае хастанд, ки дар Килоб ба як шаҷара муттасил мегарданд. Ҳарду аз як аслу насаб. Номи аслии Килоб, Ҳаким ва ба ривояте Урва бошад.

 
tojikislomДата: Чоршанбе, 26.11.2008, 16:42 | Сообщение # 2
Admin
Группа: Администраторы
Сообщений: 193
Статус: Offline

ҚАВМ ВА ҚАБИЛАИ ОН ҲАЗРАТ
(саллаллоҳу алайҳи ва саллам)

Қабилаи ӯ ҳамон қабилаи Қурайш аст, ки дар миёни тамоми арабҳо бо шарафмандӣ, номоварӣ, бархурдорӣ аз ҳайсияти пойдории иҷтимоӣ ва мақому мартабаи поку муқаддас шӯҳрат ёфта. Қурайш дар асл лакаби Феҳр, писари Молик ё Назр писари Кинона буда, баъдҳо ба номи қабила мубаддал аст.
Ҳар як аз фаъолон ва корнамоёни ин қабила дар замони худ аз аъён ва бузургзодагон ба шумор мерафтанд. Қусай, номи аслиаш Зайд, аз гузаштагони худ бо чанд хусусият фарқ дошт: Ӯ аввалин Қурайшие буд, ки идора ва сарпарастии хонаи Каъбаро ба даст гирифт. Пеш аз он сарпарастӣ ва идораи он ҷойгоҳи мукаддас ба дасти қабилаи Ҷурҳум буд. Қурайшиҳо бошанд, дар атроф ва берунҳои шаҳраки Макка дар канори дигар қабилаҳо зиндагӣ мекарданд. Чун коргардонии (мутаваллигӣ) корҳои хонаро ба даст гирифтанд, ҳиҷобат (пардадорӣ, бордиҳӣ, ҳарамдорӣ) ва сидонати (посдорӣ, нигоҳбонӣ) он ба Қусай ихтисос ёфт, Қусай ҳамзамон бо якпорча сохтани қабилаи худ - Қурайш онро дар ҳавзаи дохили Макка ва канораҳои он ҷой дод.
Ӯ доираи хидматгузорӣ ва хадамоти иҷтимоӣ ба зоирон ва қосидони хонаро инкишоф дода, пешаи сиқоят (обдиҳӣ, обрасонӣ) ва рифодатро (дастурхондорӣ, пазироӣ аз зоиронро) ба вуҷуд овард. Дар ҳавзчаҳо ва обнигаҳдорхои махсуси чармӣ, нӯшобаҳои гуворо ва шарбати хурмо ё асал ё мавиз ё дигар меваҷот омода сохта, дар хидмати зоирони хона қарор медоданд. Дар мавсими зиёрат ҳамчунин хонҳо густурда, таъом ва хӯрданиҳо мениҳоданд. Қусай дар тарафи шимоли хонаи Каъба кулбае бино ниҳод, ки онро "Дорун-надва" (маҷлисгоҳ) мегуфтанд. Он машваратгоҳ маркази фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва қарордодҳову қарорбастҳои Қурайш ба шумор мерафт. Ақди никоҳ ва ё қарордоди ҳар амри дигаре дар он баста мешуд. Парчамдорӣ ва роҳбарӣ ба дасти ӯ (Қусай) буд. Агар набарде иттифоқ меуфтод, парчам ба дасти ӯ барафрошта мешуд. Ӯ карим, баландҳиммат, хирадманд ва соҳиби сухани аввалину охирин дар миёни қавми хеш буд.
 
tojikislom » Таърихи Исломи » ПАЁМБАР (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) » МУҲАММАД (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) АСЛУ НАСАБ, ПАЙДОИШУ (КАМОЛОТ ВА АҲВОЛИ ЗИНДАГОНИИ Ӯ ПЕШ АЗ ДАВРОНИ ПАЁМБАРӢ)
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:


Copyright MyCorp © 2024