Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
tojikislom » Таърихи Исломи » ПАЁМБАР (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) » ХОНАДОНИ ОН ҲАЗРАТ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)
ХОНАДОНИ ОН ҲАЗРАТ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)
tojikislomДата: Чоршанбе, 26.11.2008, 16:39 | Сообщение # 1
Admin
Группа: Администраторы
Сообщений: 193
Статус: Offline
ХОНАДОНИ ОН ҲАЗРАТ
(саллаллоҳу алайҳи ва саллам)

Хонадони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо нисбат ёфтан ба ҷадди дувуми ӯ Ҳошим, бо номи дудмони "банӣ Ҳошим" шинохта мешуд. Ӯ (Ҳошим) аз Қусай сиқоят (обдиҳӣ) ва рифодатро (дастурхондорӣ) ба ирс бурда, баъд аз сари ӯ бародараш Мутталиб ва сипас фарзандони Ҳошим то зуҳури Ислом яке пас аз дигаре он ду вазифа ва шарафи хидматгузориро ба ирс мебурданд. Ҳошим боҳимматтарин ва беҳтарин мард дар миёни ҳамасрони худ буд. Ӯ нон мешикаст (майда ва реза мекард) ва бо гӯшт меомехт ва аз он сарид (ишкана, тарфов) тахия намуда, мардумро таом медод. Ба ҳамин хотир ӯро Ҳошим (, яъне ноншикан) номиданд. Номи аслии ӯ Амр аст. Нақшакаши ду риҳлат (сафари тиҷоратӣ) – риҳлату-ш-шито (сафари зимистона) ба Яман ва риҳлату-с-сайф (сафари тобистона) ба Шом низ ӯ буд,. Ҳамчунин ӯ бо сайид ва пири Батҳо (биёбонҳои беобу алафи беруни Макка) маъруф буд.
Омадааст, ки Ҳошим дар яке аз сафархои бозаргонии худ ба сӯи Шом, дар Мадина раҳли иқомат афканд ва назди Салмо духтари Амр аз бани Адий ибни Наҷҷор кас фиристод ва ӯро ба ақди худ даровард. Эшон чанде бо ҳам буданд то Салмо обистан гардид. Ҳошим боз ба сӯи Шом ба роҳ уфтод. Дар роҳ, аз қазои илоҳӣ маргаш даррасид ва дар Ғаззаи сарзамини Фаластин ҷаҳони фониро видоъ гуфт. Аммо Салмо пас аз ба саромадани даврони обистанӣ, писаре ба дунё овард, ки мӯяш сафедгуна буд. Ӯро Шайба номид. Шайба дар миёни доиҳои (тағоиҳо) худ нашъунамо ёфт то ба умри ҳафт-ҳаштсолагӣ расид. Амми (амаки) ӯ Мутталиб аз ҷараёни кор огоҳ гардид ва бародарзодаи худро ба Макка овард.
Чун мардум ӯро бидиданд, пиндоштанд, ки Мутталиб ғуломе (бардае) овардааст ва ӯро Абдулмутталиб (ғуломи Мутталиб) хитоб намуданд. Аз ин ба баъд ӯ бо ҳамин ном Абдулмутталиб шинохта шуд.
Абдулмутталиб марди зебоманзаре ва гарммаҳзаре буд. Дар шаъну шараф ба қуллаҳои баланде даст ёфта, дар қавми худ сайиди берақиб ва коргардони қофилаи тиҷоратии Макка буд. Аз бисёрии доду диҳиш мардум ӯро "Файёз" меномиданд. Тамоми паррандаву чарранда аз хони ӯ нонреза мечид. Ҳамин буд, ки ӯро таъмингар ва нондеҳи мардум дар дашту даман ва ғамхору нонрезадеҳи ҷонварон дар кӯҳу камар ном мебурданд. Ифтихори ковиш ва азнавсозии чоҳи Замзамро низ ӯ ба ӯҳда гирифт. Ин чоҳро қабилаи Ҷурҳум ҳангоми ронда шудан аз Макка нобуд сохта, заминро бар он ҳамвор намуда буданд. Абдулмутталиб дар хобаш дид. ки ба хокрубӣ ва ковиши дубораи он амр мешавад ва мавзеъи ҷойгиршавии он низ барояш муайян гардид.
Ҳодисаи лашкаркашии Абраҳаи Ашрам бо шаст ҳазор сипоҳӣ аз Яман ба сӯи Макка, ки дар торих бо ҳодисаи "Фил" маъруф аст, дар аҳди ӯ иттифоқ уфтод. Абраҳа ин лашкари ҷаррорро аз ҳабашҳо ҷамъ оварда, филоне низ ҳамроҳ дошт. Ҳадафи Абраҳа аз ин лашкаркашӣ, вайрон кардари хонаи Каъба ва бино намудани як чунин ҷойгоҳи муқаддасе дар Яман буд, то зоирону қосидони онро аз рафтан ба сӯи Макка мунсариф ва ба Яман ки маркази ҳукми ӯ буд, равон созад. Ӯ дар водии Муҳассар миёни Муздалифа ва Мино хиргоҳ зад ва аз бех барчидани бунёди Каъбаро дар сар дошт.
Лашкари анбӯҳ ба фармони ӯ дар ҳоли омодабоши комил даромаданд. Абраҳа нахуст филони ҷангиро дар муқаддимаи сипоқ ба сӯи Каъба ба роҳ андохт. Лашкари сар то пой оҳанпӯш низ ба ҳаракат уфтод. Ҳамин буд, ки ҳазрати раббулиззат лашкариёни болупардори худ, дастаҳо ва фавҷҳои нашнохтаеро ба пеш ронд. Он паррандагон бо сангҳое аз санггил (гили сангшуда) сипоҳи Абраҳаро мавриди ҳамла қарор доданд ва ҷумлагиро ба коҳи хӯрда ва кӯфтаи зери суми чаҳорпоён мубаддал сохтанд. Ин рӯйдод тақкрибан ду моҳ қабл аз таваллуди сарвари коинот буд.
Падари паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Абдуллоҳ яке аз покдомантарин, хубрӯтарин ва маҳбубтарин фарзандони Абдулмутталиб ба шумор мерафт. Ӯ низ чун Исмоил (алайҳи-с-салом) аз назршудагони даргоҳи Ҳақ буд, зеро пас аз хокрубӣ ва ковиши чоҳи Замзам аз тарафи бобояш Абдулмутталиб чун нишонаҳои об падид омад, дигар шохаҳои Қурайш ба кашмакашу низоъ даст заданд ва ҳар гурӯҳе аз пайи тасоҳуби он баромад. Абдулмутталиб ҳангоме раванди корро чунин дид, даст сӯи осмон бурд ва бо парвардигораш аҳд баст: "Агар ӯро даҳ фарзанд бидиҳад ва ҳама ба камол расанд то битавонанд аз ӯ ҳимоят намоянд, яке аз эшонро пеши даргоҳи ӯ қурбон намояд".
Худой дархости ӯро бароварда сохт ва акнун навбати Абдулмутталиб буд, то ба назри худ вафо намояд. Дар миёни фарзандони худ қуръа (баргчаҳо) партофт. Қуръа бар Абдуллоҳ рост омад. Ӯро ба назди хона, он ҷойгоҳи муқаддас овард, то қурбонии даргоҳи Ҳақ бисозад. Қурайш ӯро аз азмаш боздошт. Абдулмутталиб сад шутур ба ҷои ӯ фидя (хунбаҳо) дод. Аз ин ҷост, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз насли ду забиҳ (назр ва қурбонигашта) Исмоил (алайҳи-с-салом) ва Абдуллоҳ ва фарзанди ду фидя дода шуда мебошад. Худованд дар фидяи Исмоил (алайҳи-с-салом) гӯсфанде (қушқор) фиристод ва ба ивази Абдуллоҳ сад шутур, фидя дода шуд.
Абдулмутталиб Омина духтари Ваҳабро, ки дар миёни занони Қурайш аз ҳайсият ва эътибори баланд бархурдор буд, барои фарзанди худ Абдуллоҳ ба ҳамсарӣ баргузид. Падари ӯ Ваҳаб низ аз аъён ва бузургони Банӣ Зуҳра ба шумор мерафт. Абдуллоҳ ва Омина аз ҳам камоли васл ҷустанд. Омина аз ӯ бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) обистан гардид.
Абдулмутталиб дар қофилаи бозаргонон Абдуллоҳро ба Шом фиристод. Дар бозгашт чун ба Мадина шуданд, Абдуллоҳро марг даррасид ва аз ҷаҳон чашм пӯшид. Ин пеш аз ба дунё омадани паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) буд.

 
tojikislom » Таърихи Исломи » ПАЁМБАР (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) » ХОНАДОНИ ОН ҲАЗРАТ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:


Copyright MyCorp © 2024