Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
tojikislom » Таърихи Исломи » ПАЁМБАР (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) » ДАР ҚАБИЛАИ БАНӢ САЪД
ДАР ҚАБИЛАИ БАНӢ САЪД
tojikislomДата: Чоршанбе, 26.11.2008, 16:59 | Сообщение # 1
Admin
Группа: Администраторы
Сообщений: 193
Статус: Offline
ДАР ҚАБИЛАИ БАНӢ САЪД

Дар он рӯзгор Арабро одат чунин буд, ки дар деҳот ва бодияҳо барои рушд ва тарбияи фарзандони худ, доя ва парастор меҷустанд ва тибқи ҳол, вазъи зиндагӣ ва сатҳи маишӣ иҷтимоии худ, он хонаводаҳои деҳотӣ ва бодиянишинро кӯмак ва дастгирӣ менамуданд ва онҳо дар иваз аз фарзандони эшон парасторӣ ва нигоҳбонӣ мекарданд. Ба гунаи паймон ва қарордоде дармеомад. Шаҳрнишинон фарзандони худро дар айёми туфулат, камолот, шиносоӣ бо давру атроф ва тааққул ва дарки олами ҳастӣ аз шаҳрҳо дур нигоҳ медоштанд, то аз анвои вабоҳо (эпидемия), дардҳо, издиҳому ошӯбҳо, гирифториҳои зиндагӣ ва мушкилоти доду ситад ва дигар ҷиҳот ва ҳолоти манфӣ, ки боиси пайдоиши уқдаҳову гиреҳҳои руҳӣ, инзиҷор ва фишори виҷдонӣ, парешонии фикрӣ, нотавонии ҷисмӣ, кундии зеҳнӣ ки боиси тирагӣ ва олудагии сафои фитрати инсонй мешуд, дар амон бимонанд. Ва ҳамчунин бо мақсаде ки забони арабиро беолоиш ёд бигиранд.
Аз тарафи дигар, аз он деҳот ва бодияҳои дуру наздик хонаводаҳо худ ба шаҳр меомаданд ва чунин тифлҳоро ҷустуҷӯ мекарданд, то шояд кӯмак ва ивазе ба даст оваранд ва гӯшае аз зиндагии худро сомон бахшанд.
Дар яке аз чунин талошҳо ва ҷидду ҷаҳдҳои зиндагӣ занони Банӣ Саъд дар ҷустуҷӯи тифлони ширхора ба Макка омаданд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ин мавлуди тоза ба дунё омада, ҳар яке аз онҳо пешниҳод гардид, вале ҳамин ки ӯро ятим ва хонаводаи ӯро бебизоат медиданд, қабул намекарданд. Ҳеҷ кас ӯро напазируфт. Аз қазо яке аз онҳо, Ҳалима духтари Абузуайб тифли ширхорае пайдо накард ва ноилоҷ Паёмбарро (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пазируфт ва аз баракати он ҳазрат ончунон бархурдор гардид, ки дигарон аз он хасад мебурданд.
Номи аслии падари Ҳалима Абузуайб Абдуллоҳ ибни Ҳорис ва номи шавҳараш Ҳорис ибни Абдулъуззо мебошад. Ҳар ду аз Банӣ Саъд ибни Бакр ибни Ҳавозин буданд. Фарзандони Ҳорис – Абдуллоҳ, Аниса ва Ҷудома бародарони разоии (ҳамшири) Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мебошанд. Ҷудома ки бо лақабаш Шаймо шинохта мешуд, аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) парасторӣ менамуд.

БОЗ ШУДАНИ ДАРҲОИ БАРАКОТИ ХУДОВАНДӢ БАР ИН ХОНАВОДА
Дар даврони вуҷуди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар оғӯши ин хонавода, дарҳои раҳмат ва баракоти Худованд ба сӯи он боз гардид. Ҳалима ва шавҳараш, ки зери пӯшиши ин баракот қарор гирифта буданд, вуҷуди Паёмбарро (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар оғӯши хонаводаи худ мояи ифтихору боландагӣ ва муҷиби нузули алтофи Ҳақ медонистанд, аз таҷалии осори он мегӯянд:
"Он айёме, ки ба Макка омадем, дар саросари сарзамини Ҳиҷоз хушксолӣ ва қаҳтӣ ҳукмфармо буд. Харе ки савори он будам, ончунон лоғару нотавон ва аз роҳуфтода буд, ки ҳамеша аз ҷамъи ҳамроҳонам ақиб мемондам. Шутуре ҳам доштем, ки қатрае шир дар пистон надошт, тифли ширхораамон аз гуруснагӣ ва беширӣ шаб то ба рӯз мегиристу менолид ва чашм бар ҳам намегузошт.
Паёмбарро (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба раҳли (рахт ва асбоби сафар) худ овардам ва ӯро дар канор гирифтам. Дидам, ки пистонҳоям пур аз шир шудаанд. Ӯро шир додам, то он ки сер шуд. Тифли ширхори худро низ шир додам, то ӯ низ сер гашт ва ҳар дуро хоб бурд. Шавҳарам ба назди шутур рафт ва пистони онро низ пур аз шир ёфт. Онро бидӯшид ва аз шири шутурамон серу сероб гаштем ва шабро ба хушҳолӣ ба сар бурдем.
Субҳи дигар роҳи бодияи худро пеш гирифтем ва ман бар хари худ савор гашта, Паёмбарро (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар канор гирифтам. Хар он чунон бо қувват ва бо суръат роҳ мерафт, ки аз ҷамъи ҳамроқонам фосилаҳо пеш мегузаштем ва харони дигар аз расидан ба он оҷиз мемонданд."
Ҳалима ва шавҳараш ба диёри худ, диёри Банӣ Саъд, бо тифли тоза ва пурбаракату масъуд баргаштанд. Сарзамини Банӣ Саъд аз беобу алафтарин ва сӯхтатарин заминҳои Худованд буд. Вале бузҳо ва гӯсфандони хонаводаи Ҳалима чун бегоҳ аз чаро бармегаштанд, аз лутфу навозиши Худовандӣ серу шикамҳо пур аз алаф ва пистонҳо пур аз шир буданд, медӯшиданду ниёзи худ бароварда месохтанд, дар ҳоле, ки дигар хонаводаҳо як қатра шир ҳам пайдо намекарданд. Хонадони Ҳалима ҳамвора аз Худованд хайру фузуниро медид, то он ки даврони ширхорагии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба поён расид ва ӯро дар ду солагӣ аз шир ҷудо кард.

 
tojikislom » Таърихи Исломи » ПАЁМБАР (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) » ДАР ҚАБИЛАИ БАНӢ САЪД
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:


Copyright MyCorp © 2024