Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
Страница 1 из 11
tojikislom » Таърихи Исломи » ПАЁМБАР (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) » ҲОДИСАИ ШИКОФТАНИ СИНАИ ПАЁМБАР(саллаллоҳу алайҳи ва саллам)
ҲОДИСАИ ШИКОФТАНИ СИНАИ ПАЁМБАР(саллаллоҳу алайҳи ва саллам)
tojikislomДата: Чоршанбе, 26.11.2008, 17:01 | Сообщение # 1
Admin
Группа: Администраторы
Сообщений: 193
Статус: Offline
ҲОДИСАИ ШИКОФТАНИ СИНАИ ПАЁМБАР
(саллаллоҳу алайҳи ва саллам)

Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) рафти ҳодисаро чунин баён медорад: "Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо дастае аз кӯдакони Банӣ Саъд саргарми бозӣ буд, ки Ҷабраил (алайҳи-с-салом) омад ва ӯро бидошт ва хобонд, сипас синаи ӯро бишкофт ва дилашро берун овард. Аз он лахтаи хунеро берун кашид ва фармуд:
- Ин ҳиссаи шайтон дар ҷисми ту буд.
Дилро дар ташти заррине ба оби Замзам бишуст, сипас онро ҷамъ оварду ба ҳам сохт ва ба ҷои худ баргардонд".
Кӯдакон ба сӯи Ҳалима давиданд ва бо тарсу ҳарос гуфтанд:
- Муҳаммадро куштанд.
Ҳалима саросема ба тарафи Муҳаммад омад. Рангу рӯяш парида ӯро ба оғӯш гирифт.
Анас мефармояд: "Асар ва пайи он дӯхтагиро дар синаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) медидам".

 
tojikislom » Таърихи Исломи » ПАЁМБАР (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) » ҲОДИСАИ ШИКОФТАНИ СИНАИ ПАЁМБАР(саллаллоҳу алайҳи ва саллам)
Страница 1 из 11
Поиск:


Copyright MyCorp © 2017