Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
tojikislom » Масъалаҳои умумй » Масъалаҳои умумй » Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит
Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит
MuslimkaДата: Душанбе, 01.12.2008, 06:11 | Сообщение # 1
Лейтенант
Группа: Модераторы
Сообщений: 48
Статус: Offline
Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит - имоми босафо ва сироҷи умматони Мустафо, шахсияти барҷаста дар таърихи фиқҳи исломӣ, яке аз пешвоёни суннат ва поягузори мазҳаби ҳанафӣ мебошад. Номи комили ӯ Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ибни Зӯто ибни Марзбон будааст. Бештари сарчашмаҳои таърихӣ Нӯъмон ибни Собитро эронитабор гуфта, асли ӯро аз Кобул навиштаанд. Имом Заҳабӣ дар "Тазкиратулҳуффоз" менависад, ки Абӯҳанифа зодаи шаҳри Кӯфа (дар Ироқ) соли 80-уми ҳиҷрӣ, мувофиқ ба 699-уми мелодӣ тавалуд ёфтааст. Дар бештари навиштаҳое, ки ба шарҳи ҳоли Имом Абӯҳанифа бахшида шудаанд, зиндагонии Имоми Аъзамро дар ҳудуди солҳои 80 - 148- и ҳиҷрӣ, мутобиқ ба солҳои 699 - 767-и мелодӣ зикр кардаанд. Абҳанифа дар назди аҳли суннат яке аз бузургтарин фуқаҳо ба шумор меравад. Заҳабӣ дар "Тӯҳфатулҳуффоз" меорад, ки Абӯҳанифа саҳобии ҷалили паёмбар Муҳаммад (с) Анас ибни Моликро дар Кӯфа борҳо дидааст. Аз бузургоне чун Ато ибни Абӯрибоҳ, Нофеъ мавлои ибни Умарва Муҳаммад Боқир ҳадисҳои паёмбар (с)-ро ривоят кардааст. Ба ривояте Имом Абӯҳанифа фиқҳу усулро назди Ҷаъфар писари Муҳаммад (машҳур ба Имом Ҷаъфари Содиқ назди аҳли шиа) омӯхт. Аммо аҳли суннат ва ҷамоат ин назарро қабул надоранд. Ривоятҳое аст, ки дидори Абӯҳанифа бо Имом Боқирро тасреҳ мекунад.Гӯё дар он дидор, ки дар Мадина анҷом шудааст, Имом Боқир равиши қиёси Абӯҳанифаро ба танқид кашидааст. Абӯҳанифа чун мансаби қазоро ки аз сӯйи халифа Мансури аббосӣ пешниҳод шуда буд, қабул накард, ба амри халифа ӯ ба зиндон афканда шуду дар он шиканҷаву фзоб дид. Дар соли 150-уми ҳиҷрӣ баробар ба 767-уми мелодӣ ин абармарди таърихи фиҳи исломӣ дар асари заҳролудагӣ олами фониро падруд гуфт. Вале Абӯҳанифа бо нақши созандае, ки дар таъсиси як мазҳаби исломӣ дошт, номаш дар сафаҳоти таърих сабту ородиҳандаи маҳофили донишмандон дар ҳама қарнҳои баъди зиндагониаш гардид.

Bismilloh-аудио ва видео файлхо

Nisaun-форуми исломи барои хоҳарон

 
MuslimkaДата: Душанбе, 01.12.2008, 06:12 | Сообщение # 2
Лейтенант
Группа: Модераторы
Сообщений: 48
Статус: Offline
АБӮҲАНИФА - ФАҚЕҲИ ИСЛОҲГАР

Абӯҳанифаро аз зумраи фуқаҳои ислоҳгар медонанд. Ӯ дар роҳи истихроҷи аҳкоми фиқҳӣ равише ғайр аз дигар фаҳонро пеш гирифт. Пайравони Абӯҳанифа мазҳабу равиши ӯро аҳли раъй меноманд, зеро Абӯҳанифа қоил ба раъй аст. Чунонки баъд аз судури ҳар фатвое унвон мекард, ки "ин назари мост". Ӯ танҳо дар шароите иқдом ба қабули аҳодиси мутавотир мекард, ки аз тобеин нақл шуда бошад ва ҳадису хабари муфрадро қабул надошт. Ба нақл аз Ибни Халдун мегӯянд, ки аз маҷмӯи аҳодиси мунтасиб ба паёмбар (с) ӯ фақат ба дурустии 17 ҳадис бовар доштааст. Ин шеваи ӯ метавонад ба хотири мутакаллим будан ва таъсираш дар равиши фиқҳии вай бошад. Ҳамчунин ӯ қиёсу истиҳсонро ҳам ба унвони усул дар иҷтиҳод пазируфт. Бояд гуфт, ки мазҳаби ҳанафӣ бар ҳафт асл устувор мебошад, ки ба қарори зайланд: 1. Қуръон 2.Суннат 3. Қавли саҳоба 4. Қиёсу раъй 6. Истиҳсон 7. Иҷмоъ 8. Урф

ШОГИРДОНИ МАКТАБИ АБӮҲАНИФА

Имом Абӯҳанифа шогирдони зиёде доштааст. Зуфар ибни Ҳузайл, Довуди Тойӣ, Абӯюсуфи Қозӣ, Абӯмутеъи Балхӣ, Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ, Асад ибни Амрӯи Балхӣ, Ҳасан ибни Зиёди Луълуъӣ, Абдуллоҳ ибни Муборак, Абдулкарими Ҷурҷонӣ, Абӯнаими машҳур, Вакиъ ва писараш Ҳаммод аз шогирдони саршиноси ӯ мебошанд. Машҳуртарин асарҳои Абӯҳанифа: "Муснад" дар ҳадис, ки ҷамъоварии шогирдони ӯст; "Ал-махориҷ" дар фиқҳ, ки ба ривояти Абӯюсуф аз ӯст; "Фиқҳулакбар", ки ақоиди асили Абӯҳанифаро нишон медиҳад; "Алъолим валмутааллим" ва "Фиқҳулабсат".

Имоми Аъзам дар фиқҳ аввалин имом аз имомони аҳли суннат аст ва мазҳабҳои Молик ибни Анас, Муҳаммад Идриси Шофеӣ ва Аҳмади Ҳанбал пас аз ӯ пайдо шудаанд. Аз ҳамин ҷост, ки ӯро Имоми Аъзам, яъне "имоми бузургтарин" гуфтаанд.

Теъдоди зиёди мусулмонони ҷаҳон пайрави мазҳаби Абӯҳанифа мебошанд. Минҷумла, бештари аҳолии мусулмони Туркия, Албания, атрофии Балкан, Албания, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон, Ҳинд, Чин ва Ироқ пайравони ҳанафия ҳастанд.


Bismilloh-аудио ва видео файлхо

Nisaun-форуми исломи барои хоҳарон

 
MuslimkaДата: Душанбе, 01.12.2008, 06:14 | Сообщение # 3
Лейтенант
Группа: Модераторы
Сообщений: 48
Статус: Offline
Шахсияти Абӯҳанифа

Абӯҳанифа, Нӯъмон ибни Собит ибни Завтӣ (Зутӣ) машҳур ба Имоми Аъзам (р) соли 80-и ҳиҷрӣ (699 мелодӣ) дар шаҳри Кӯфаи Ироқ таваллуд шудааст. Падараш Собит тоҷир буда, аслаш аз Кобул (ё аз Нисо, Анбар ва Тирмиз) будааст.
Мувофиқи баъзе маълумотҳо бобои Абӯҳанифа Завтӣ (Марзбон) дар замони хилофати ҳазрати Умар (р) ҳангоми футуҳоти Кобул асир шуда, ӯро ба Ироқ бурдаанд. Завтӣ дар он ҷо исломро қабул карда номашро Нӯъмон гузошт.
Набераи Имоми Аъзам (р) Исмоил ибни Ҳаммод дар бораи ниёгони худ чунин гуфтааст: «Ман Исмоил писари Ҳаммод, писари Нӯъмон, писари Собит, писари Нӯъмон, писари Марзбон аз озодагон (асилзодагон)-и форс ҳастам».
Абӯҳанифа дар хурдӣ Қуръонро ҳифз намуд. Сипас дар илми сарфу наҳви арабӣ ва илми Калом маҳорат пайдо кард. Ӯ дар синни 29-солагӣ шогирди фақеҳи машҳури Кӯфа Ҳаммод ибни Сулаймони Ашъарӣ гардид. Имоми Аъзам (р) дар бораи интихоби устоди худ гуфтааст: -Дар маъдани илми фиқҳ қарор гирифтам, бо аҳли он ҳамнишинӣ кардам ва фақеҳе аз фуқаҳои онро интихоб намудам.
Ӯ муддати 18 сол назди Ҳаммод ба таҳсили илмҳои фиқҳ (қонуни шариат) ва ҳадис машғул гардид. Абӯҳанифа инчунин бо Иброҳими Нахъӣ ва Имом Шаъбӣ низ сӯҳбатҳои зиёди илмӣ дошт. Ӯ дар овони чилсолагиаш фақеҳи мӯътабаре шуда буд. Боре худ ба худ фикр намуд, ки ҳавзаи дарсии мустақил ташкил кунад. Пагоҳӣ мақсад дошт ин фикрашро ба Ҳаммод бигӯяд. Яке аз хешовандони наздики Ҳаммод вафот карду ӯ Абӯҳанифаро ҷойнишини худ намуда ба ҷаноза рафт. Ду моҳ дар хонаи хешаш боқӣ монд. Таи ин муддат аз Абӯҳанифа 60 масъалаи душвори фиқҳӣ пурсида шуд. Ӯ ба ҳамаи саволҳо ҷавоб гуфта, онҳоро дар дафтар сабт намуд. Пас аз бозгашти Ҳаммод ҷавобҳоро ба устодаш пешниҳод кард. Устод 40 ҷавоби Абӯҳанифаро дуруст гуфта 20-тои боқимондаро рад намуд. Абӯҳанифа азм кард, ки то охири лаҳзаҳои умри устодаш ӯро раҳо накарда, илм хоҳад омӯхт. Дар ин аҳди худ устувор монд. Баъди вафоти Ҳаммод ибни Сулаймон мардуми Кӯфа аз писараш хостанд, ки ба ҷои падараш ҳалқаи тадрисро сарварӣ намояд, вале ӯ, ки ба илми наҳв майли зиёд дошт, тадриси фиқҳро ба ӯҳда нагирифт.
Имом Абӯҳанифа (р) бо тақозои аксари шогирдони Ҳаммод сарвари ҳавзаи илмии Кӯфа гардид.


Bismilloh-аудио ва видео файлхо

Nisaun-форуми исломи барои хоҳарон

 
MuslimkaДата: Сешанбе, 02.12.2008, 18:15 | Сообщение # 4
Лейтенант
Группа: Модераторы
Сообщений: 48
Статус: Offline
САБАБИ НУКТАГИРӢ АЗ АБӮҲАНИФА ЧӢ БУД?

Имрӯз дар ҷаҳон 60%-и мусулмонон пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ намуда, дар бархе аз кишварҳои исломӣ қонун ва аҳкоми хонаводагӣ дар пояи ин мазҳаб амалӣ мегардад. Асосгузори ин мазҳаб Имоми Аъзам Абӯҳанифа мебошад, ки ҳамасрон ва донишмандони баъдӣ дониш ва истеъдоди баланди истинбот, парҳезгорӣ ва саховатмандии ӯро сутудаанд ва хидматҳои ӯро дар ҷодаи фиқҳ эътироф намудаанд.

Аммо дар тӯли таърих аз даврони зиндагии ӯ то ба имрӯз аз ҷониби бархе мардум нуктагириҳое дар бораи ин шахсияти бузург ба назар мерасад. Ба вижа дар ҷодаи забондонӣ, яъне грамматикаи арабӣ ва фарогирии аҳодиси набавӣ аз Абӯҳанифа нуктагирӣ намудаанд. Чунонки, Ибни Халликон ривоятеро меорад, ки Имоми Аъзам дар иборае ба ҷойи ҳолати насб ҳолати ҷарро истифода бурдааст ва инро далели тақсири Абӯҳанифа дар илми забон шуморидааст. Вале ҳақиқат он аст, ки ин далел баёнгари тақсири Абӯҳанифа дар забондонӣ нест. Зеро донишмандони илми наҳв истеъмоли исмҳои шашгонаро дар ҳама ҳолоти эъробӣ дар баъзе лаҳҷаҳои арабӣ баён намудаанд, ки мардуми Кӯфа низ инро ба таври густурда истифода мебаранд.

Инчунин дар ради ин нуктагирӣ ривоят шудааст, ки Абӯҳанифа (р) аз як оят ё ҳадис чандин масъаларо истинбот менамуд, ки ин пеш аз ҳама аз иттилооти пурраи ӯ аз қонуну қоида ва мафҳуму вожаҳои арабӣ дарак медиҳад.

Абӯҳанифа ва мактаби раъй

Бархе аз муҳаддисон ва фақеҳони муосири Абӯҳанифа (р) ва баъд аз он нуктагирӣ намудаанд, ки ӯ раъй ва қиёсро бар ҳадис муқаддам мегузорад ва ҳатто дар пайи ин нуктагирӣ мактаби фиқҳии ӯро "мактаби раъй" хонда, дар муқобили он "мактаби ҳадис"-ро зикр намудаанд. Ин гурӯҳ ақидаи худро ба он тарҷеҳ медиҳанд, ки Абӯҳанифа мисли дигар имомон дар пайи гирдоварии аҳодис тавофи шаҳру деҳаҳо накардааст. Аз ин рӯ иттилооти ӯ маҳдуд ба теъдоде аз аҳодис буда, дар куллияи аҳодис ба таври комил ишроф надоштааст.

Агар ба жарфои ин нуктагириҳо назар намоем, маълум мешавад, ки ин ҳама беасос буда, аз рӯйи таассуб ва огоҳӣ надоштан аз ҳақиқати ҳоли ӯ маншаъ гирифтааст. Зеро дар ради ин суханҳо худи Абӯҳанифа гуфтааст: "Ба Худо қасам, ҳар кӣ бигӯяд, ки мо қиёсро бар насс (Қуръону ҳадис) муқаддам доштаем, дурӯғе гуфтааст". Дар дигар ҷо мегӯяд: "Нахуст ба китоби Худо амал мекунам, сипас ба суннати паёмбари акрам (с), пас аз он ба назариёти саҳоба, ки дар он иттифоқ бошад. Аммо агар дар масъалае ихтилоф дошта бошанд, дар сурате, ки байни ду ҳукм иллате ёфт шавад, бо истифода аз қиёс ҳукмеро бар дигаре тарҷеҳ медиҳем, то маъно рӯшан гардад. Аммо чун кор ба тобеин расад, мо низ мисли онҳо иҷтиҳод менамоем".

Донишмандони мунсифи замон ва баъд аз ӯ дар иттилои комил доштани ӯ аз аҳодиси набавӣ суханҳо гуфтаанд.



Bismilloh-аудио ва видео файлхо

Nisaun-форуми исломи барои хоҳарон

 
MuslimkaДата: Сешанбе, 02.12.2008, 18:17 | Сообщение # 5
Лейтенант
Группа: Модераторы
Сообщений: 48
Статус: Offline
Ҳадисдонии Имоми Аъзам

Чунон ки имом Ибни Юнус мегӯяд: "Абӯҳанифа ҳадисро хуб дар ёд дошт. Фиқҳро ба ҳадис мувофиқ намуда, таҳқиқ мекард ва фиқҳи дар ҳадис бударо аз дигарон беҳтар медонист". Имом Абӯюсуф (р) мегӯяд: "Ҳеч касро дар тафсири ҳадис надидам, ки асрори нозуки фиқҳро чун Абӯҳанифа нуктасанҷона маънидод карда тавонад".

Яҳё ибни Муин мегӯяд: "Абӯҳанифа дар ҳадис мавриди эътимод буд ва танҳо аз аҳодис сухан мегуфт, ки ҳифз кардаву дар ёд дошт".

Гузашта аз ин дар ҳудуди ҳафдаҳ китоби муснад аз муснадҳои Имоми Аъзамро ба тавре мураттаб фармудаанд, ки ҳеҷ яке аз онҳо ба эътибори ҳаҷм аз "Сунан"-и Имом Шофеӣ камтар намебошад.

Шояд дар китобҳои ҳадис, ки чанде пас аз замони Имоми Аъзам (р) гирдоварӣ шудаанд, ҳадисҳое дида шавад, ки такя ба он ҳукм кардааст. Ин бошад ба он далел шуда наметавонад, ки Имоми Аъзам аз ин ҳадисҳо огоҳ набуд. Баръакс шояд ин ҳадисҳо ба ӯ расида буданд, вале ӯ бинобар шуруте, ки дар пазируфтани ривоятҳои ҳадис дошт, дар он иллате ё заъфе ёфта, онҳоро сазовори мавриди истидлол қарор надодааст.

Дар охир сухани имом Шаъронии Шофеиро меорем, ки мегӯяд: "Ин бадгӯиро касе мекунад, ки нисбат ба Имом Абӯҳанифа (р) таассуб дорад ва дар иртибот бо умури динӣ бисёр ҷасуру бебок мебошад ва дар сухан гуфтан, беэҳтиёт аст ва аз ин дастури илоҳӣ ҳамоно аз гӯш, чашм ва қалб ва дар мавриди ҳар яке аз онҳо суол карда мешавад".



Bismilloh-аудио ва видео файлхо

Nisaun-форуми исломи барои хоҳарон

 
tojikislom » Масъалаҳои умумй » Масъалаҳои умумй » Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:


Copyright MyCorp © 2024