Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
tojikislom » Масъалаҳои умумй » Масъалаҳои умумй » МАЙКЛ ҶЕКСОН МУСУЛМОН ШУД
МАЙКЛ ҶЕКСОН МУСУЛМОН ШУД
MuslimkaДата: Сешанбе, 02.12.2008, 06:29 | Сообщение # 1
Лейтенант
Группа: Модераторы
Сообщений: 48
Статус: Offline
Ҳофизи машҳури амрикои Майкл Ҷексони 50-сола дар хонаи дӯсти худ Стив Поркаро дар Лос- Анҷелес дини исломро қабул намуда номи худро Микоил гузошт. Ҳангоми қабули дини ислом дар ҳузури имом ҳофиз дар рӯйи фарш чорзону нишаста дар сар калапӯши намозгузорӣ дошт. Тибқи иттилои газетаи The Sun Стив Поркаро яке аз оҳангсозони номдор буда барои Майкл оҳанг меофарад ва ин иқдоми ҳофиз тасодуфӣ набуда ӯ бо амри дил дини поктарини рӯйи олам исломро пазируфт. Ба ӯ дар хусуси ин дин ва манфиатҳояш барои инсон муаллифи сурудҳояш Девид Уорноби ва продюсери ӯ Филип Бубил, ки худашон низ шомили дини мубини исломанд, маълумотҳо дода, майли ҳофизро бештар намуданд. Онҳо ҳамчунин ба Майкл иқрор гаштанд, ки баъди эътиқод пайдо намудан ба дини мубини ислом дар корҳояшон барору пешравиро эҳсос намуданд. Баъди шунидани ин суханон ба Майкл ин ақида писанд афтода хоҳиш кард, ки аз масҷид имомро даъват намоянд ва ӯ калимаи шаҳодатро, ки рамзи эътиқод ба дини мост, ба забон оварда мусулмон гашт.
Соли гузашта бародари Ҷексон Ҷермен Фрайдей дар мусоҳибаи худ ба журналистон иброз дошт, ки Майкл дини имломро қабул хоҳад кард. Худи Фрайдей соли 1989 аллакай мусулмон гашта буд ва ӯ мегӯяд: «Ҳангоме, ки ман аз зиёрати Маккатуллоҳ баргаштам, ба ӯ китобҳои зиёде овардам ва ӯ ба ман оиди ин дин саволҳои зиёде дод. Ман ба ӯ фаҳмондам, ки ислом дини оштидиҳанда ва таскинбахшандаю зебост. Ӯ ҳама китобҳоро мутолиа намуд ва акнун хурсанд аст, ки ниҳоят пайдо намудани манбаи оромкунандаи қалбу рӯҳ муяссараш гардид ва ҳатман ин динро қабул хоҳад кард. Мо якҷоя метавонем, бо хости Худованд, бисёр корҳои хубро ба анҷом расонем.


Bismilloh-аудио ва видео файлхо

Nisaun-форуми исломи барои хоҳарон

 
tojikislom » Масъалаҳои умумй » Масъалаҳои умумй » МАЙКЛ ҶЕКСОН МУСУЛМОН ШУД
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:


Copyright MyCorp © 2024