Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
Страница 1 из 11
tojikislom » Масъалаҳои умумй » Масъалаҳои умумй » НАҶОТ ДАР ЧИСТ?
НАҶОТ ДАР ЧИСТ?
MuslimkaДата: Чумъа, 26.12.2008, 14:06 | Сообщение # 1
Лейтенант
Группа: Модераторы
Сообщений: 48
Статус: Offline
Ҳаким Тирмизӣ ва Имом Табаронӣ ривоят намудаанд, ки Расули Акрам (с) фармуд: «Ман имшаб аҷаб ҳодисаҳо ва воқеаҳоро дидам. Марде аз умматамро дидам, ки фариштагони азоб ӯро муҳосира карда буданд. Ногоҳ вузӯъ (таҳорат)-и ӯ омада, вайро аз ин ҳолати ногувор наҷот дод.
Марде аз умматамро дидам, ки азоби қабр бар вай дар ҳоли фуруд омадан буд. Ногоҳ намозаш омада ӯро аз ин ҳолати ногувор наҷот дод. Боз марде аз умматамро дидам, ки шайтонҳо ӯро муҳосира карда буданд. Ин дам зикри Худо омад ва ӯро аз чанголи шайтонҳо наҷот дод. Марде аз умматонамро дидам, ки аз ташнагӣ забонаш аз даҳон берун гашта буд. Баногоҳ рӯзаи Рамазон омаду ӯро сероб сохт. Марде аз умматамро дидам, ки пеши рӯ ва ҷониби чапу росту болову поёнашро зулмату торикӣ фаро гирифта буд. Пас ҳаҷ ва умрааш омаданду ӯро аз зулмату торикӣ наҷот доданд. Марде аз умматамро дидам, ки Малакулмавт омад, то ҷонашро бигирад, аммо некии ӯ ба падару модараш омада, вайро аз он мард дур кард. (Мисоли ин чунин аст, ки дар китоби Малакулмавт умри баъзеҳо чунин навишта шудааст, ки агар ба падару модар некӣ кунад, ҷонашро дар 90-солагӣ қабз бикун, вагарна дар 60-солагӣ. Дар ин сурат ҳангоми 60-солагии мард Малакулмавт барои қабзи ҷон омадааст, аммо некӣ бар падару модар ӯро аз роҳ боздоштааст. Дар китоби тақдир бошад умри ҳар кас аниқ аст ва каму зиёд намешавад).
Боз марде аз умматамро дидам, ки мехост бо мӯъминон сухан бигӯяд, вале онҳо бо ӯ сухан намегуфтанд. Дар ҳамин ҳол силаи раҳм (робитаи хуб бо хешовандон) омаду гуфт: «Ин мард силаи раҳмро хуб ба ҷо меовард. Пас ӯ бо онҳо ва онҳо бо ӯ сухан гуфтанду вай бо мӯъминон ҳамроҳ гашт. Марде аз умматонро дидам, ки ба назди ҳар Пайғамбаре дар ҳоле мерафт, ки онҳо ҳалқа – ҳалқа нишаста буданд, аммо ӯ ронда мешуд. Ҳамин ҳангом ғусли аз ҷанобаташ омад ва ӯро гирифту дар паҳлӯи ман ҷой дод. Марде аз умматамро дидам, ки чун дӯзах ба ӯ ҳамла мекард, ӯ оташи дӯзахро бо дастонаш аз рӯи худ дур менамуд. Ногоҳ садақаву закоташ омада, ба сараш соя афканда, пардае аз оташи дӯзах шуданд.
Марде аз умматамро дидам, ки фариштагони азобкунандаи дӯзах ба сараш омаданд. Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункараш омада, ӯро аз ин варта наҷот доданд. Марде аз умматамро дидам, ки дар дӯзах партофта шуд. Гиряҳое, ки дар дунё аз тарси Худо карда буд, омад ва ӯро аз дӯзах баровард. Марде аз умматамро дидам, ки қариб буд номаи аъмолашро ба дасти чапаш бидиҳанд. Пас тарси ӯ аз Худованд омаду номаи ӯро гирифта, ба дасти росташ бидод.
Марде аз умматамро дидам, ки тарозӯи некиҳояш сабук омад. Пас он фарзандонаш, ки дар хурдӣ вафот карда буданду ӯ сабр карда, аз Худо аҷр хоста буд, омаданду тарозуи аъмоли некашро вазнин сохтанд.
Марде аз умматамро дидам, ки дар лаби ҷаҳаннам қарор дошт. Пас тарси ӯ аз Худои Таъоло омада, вайро аз ин хатар наҷот бахшид.
Марде аз умматамро дидам, ки ба мисли навдаи хурмо меларзид. Пас гумони неки ӯ ба Худо омаду ларзаашро ором сохт.
Марде аз умматамро дидам, ки дар болои Пули Сирот гоҳе ба зону роҳ мепаймуду гоҳе ба шикам хазида- хазида мерафт. Намозаш омаду дасти ӯро гирифта ба по хезонд ва дар болои Сирот қоимаш намуд, то он ки аз Пули Сирот ба хубӣ гузар кард. Марде аз умматамро дидам, ки чун ба назди дарҳои Биҳишт расид, дарҳо ба рӯи ӯ баста шуданд. Пас гувоҳӣ додани ӯ ба калимаи «Ло илоҳа иллаллоҳ» омад дасташро гирифт ва дохили Биҳишт баровард».
Бандаро лозим аст, ки ҳама амалҳои некро ба қадри тоқаташ анҷом бидиҳад. Зеро ӯ намедонад, ки кадоме аз ин ҳодисаҳои аҷиб дар вай ба вуҷуд меояд ва кадоме аз ин амалҳоро Худованд наҷотдиҳандаи вай мегардонад.


Bismilloh-аудио ва видео файлхо

Nisaun-форуми исломи барои хоҳарон

 
tojikislom » Масъалаҳои умумй » Масъалаҳои умумй » НАҶОТ ДАР ЧИСТ?
Страница 1 из 11
Поиск:


Copyright MyCorp © 2017