Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
Страница 1 из 11
tojikislom » Зан дар ислом » Муслима » Нафақаи зан дар шариати Ислом
Нафақаи зан дар шариати Ислом
tojikislomДата: Чоршанбе, 05.05.2010, 16:09 | Сообщение # 1
Admin
Группа: Администраторы
Сообщений: 193
Статус: Offline
Дар шариати Ислом мурод аз нафақа чист ва шартҳои он чӣ гуна мебошанд?

- Нафақа дар луғат ба маънои сафр кардан аст ва шаръан мурод аз нафақа омода кардани ҳар он чизе аст, ки зан дар зиндагӣ ба он эҳтиёҷ дорад, яъне нафақа иборат аз таъмини хӯрок, либос, хона, хизмат ва муолиҷаи зан аз тарафи шавҳар аст, агар чи худи зан сарватманд буда, эҳтиёҷ ба нафақаи шавҳараш надошта бошад.
Зан вақте сазовори нафақа мегардад, шартҳои зерин бояд амалӣ гарданд.

Шартҳои нафақа:
- Ақди никоҳ аз нигоҳи шаръӣ дуруст бошад;
- Зан худро ба шавҳараш таслим намояд;
- Монеъ гирифтани баҳраи шаҳвонии шавҳари худ аз худ нагардад;
- Ҳамроҳӣ бо шавҳар худ дар сурати сафар кардан худдорӣ нанамояд, магар сафари зан ба ҷои дигар сабаби зарар ба ҷон, мол ва ё шарафи ӯ нагардад;
- Зан дар ихтиёри шавҳар бошад, нафақаи вай ба шавҳараш лозим мегардад, агарчи аз сабаби беморие қобили бурдани баҳраи шаҳвонӣ набошад ва фарқе намекунад, ки ин беморӣ дар хонаи шавҳар пайдо шуда бошад ё ба ҳолати беморӣ ба хонаи шавҳар омада бошад. Дар ин сурат фарқе надорад, ки навъи беморӣ чӣ буда ва кадом ҷои бадани зан бошад.

Соқит шудани нафақа
Нафақа дар ҳолатҳои зерин аз ӯҳдаи шавҳар соқит мешавад:
- Рафтани зан аз хонаи шавҳараш бе рухсат ва иҷозаи вай;
- Дар ҳолати зиндонӣ шудани зан ба сабаби гуноҳ ва кӯтоҳие, ки аз тарафи худи зан бошад, монанди даст задан ба фоҳишагӣ, қарздорӣ, тиҷорати маводи мухаддир ва ғайраҳо;
- Рӯзаи нафлӣ гирифтан ва ё эътикор нишастан ба иҷозаи шавҳар;
- Дар сурати муртад (бедин), яъне аз дини Ислом баромадан;
- Агар зан ва шавҳар мусулмон набуданд ва зан мусулмон шуд, нафақа ба зан лозим мегардад. То вақте зан мусулмон нашавад, нафақааш бар зан лозим намегардад;
- Агар шавҳар камбағал гардад ва қудрати нафақа додан ба занаш надошта бошад, зан ҳақ дорад аз хешу табори худ қарз гирифта, нафақаи худро таъмин намояд.
 
tojikislom » Зан дар ислом » Муслима » Нафақаи зан дар шариати Ислом
Страница 1 из 11
Поиск:


Copyright MyCorp © 2017