Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
Страница 1 из 11
tojikislom » Зан дар ислом » Муслима » Чойгох ва магхоми зан дар дини мубини ислом.
Чойгох ва магхоми зан дар дини мубини ислом.
SalihatДата: Чоршанбе, 05.05.2010, 16:30 | Сообщение # 1
Рядовой
Группа: Пользователи
Сообщений: 9
Статус: Offline
Чойгох ва магхоми зан дар дини мубини ислом.

Дини мукаддаси ислом барои зан ахамияти ба сазое коил буда,шахсияти викеи ва чойгохи
табииро дар чомиа ба у дода аст. уро аз хукуки конуни махрум накарда накши уро нодида нагирифта ва масулиятхояшро низ сокит накарда аст,балки уро ба талаби илму дониш ва анчоми фаризаи амри ба мааруф ва нахе аз мункар фаро хонда аст,ба анчом додани корхои нек ва ехсон ташвик намуда ва аз покихое,ки худованд барои инсон офарида махрум накарда аст. Ислом занро пайваста ба шинохти кадр ва дарки арзиши худ фаро мехонад ки худро заифу нотавон напиндорад ва тавоноихои худро нодида нагирад.шаке нест,ки бузургтарин накш ва бехтарин фаолияте,ки муносиб ва созгор бо табиати таквини ва вучуди зан бошад корхоест,ки у дар махдудаи хона ва хонавода анчом медихад...зан сутуни хонавода ва мехварест,ки хонавода ба даври он гирд меоянд ва ба василаи уст,ки ба унс ва хамоханги мерасад.зан ё модар нахустин мадрасаест,ки насли нав,огох ва пухта дар домонаш парвариш меёбад.
чунонче шоир мегуяд:
Домани модар нахуст омузгори кудак аст
Тифли донишвар кучо парвард нодон модаре
Пас зан бояд дорои ахлоки хамида,неку ва дорои сифатхои оли бошад то модари шоиста барои парвариши наслхои оянда бошад.Зани некукор ва огох мардони кахрамонеро тарбият менамояд,ки куроони карим онхоро чунин тавсиф мекунад:
Мардонеро,ки на тичорат ва на доду ситад ононро аз ёди худо машгул медорад, онхо мардоне анд,ки дар домони поки модарони покиза парвариш ёфтаанд. (сураи нур ояи 37)
Дар адёни (динхои) дигар ва хамчунон дар замони чохилият барои занон ахамият коил набуданд. масалан юнонихои кадим
занро абзори дасти мард мешумориданд ва хамчунон одатхои зишт,ки хануз осори он боки мондааст аз кабили сузонидан,зинда ба гур кардани зан хамрох бо хамсараш дар сарзамини Хинд ва......
Шакке нест,ки сарчашмаи ин хурофот ва фаолиятхои зидди инсони тасаввури галат ва нодурусте аст,ки мегуяд (зан танхо хидматкор аст,ки барои баровардани ниёзхо ва посух гуфтан ба тамоюлоти мард офарида шуда аст)
Аврупоихо низ дар зимни конунгузорихои ситамгарона нисбат ба зан то рузгорони ахир хамон бархурди юнонихоро бо зан доштаанд. Зан шабу руз кор мекард ва ранч мебурд ва дар нихоят хакки моликият ва озодии тасарруф дар амволи худро надошт зеро зан то чандин аср дар назари онон аслан инсон ба хисоб намерафт.
Дар дини мукаддаси ислом бо арчи зиёд коил шудан ба зан ва доданихукуки баробар барои у Худованд (ч) таакид мекунад,ки мард сарпарасти зан аст нафакаи у ба ухдаи мард аст. мард ва падари хакики аст,ки ба умури хонавода ахамият бидихад ва нахустин касе бошад,ки ранчхо ва сахтихои хонаводаро ба душ бикашад оромиш ва хушбахтии худро ба бахои ба даст овардани оромиш ва хушбахти барои хонавода фидо кунад. Ба хар мард лозим аст ки нисбат ба зан диди мусбат ва солим дошта бошад. чунон,ки зан худ низ хак надорад ба мард бо диди хакорат омез бингарад ва аз у бадбин бошад,зеро Худованди бузург тамоми паёмбаронро аз мадрдон бар ангехта аст... Худованд(ч) накши асосии занонро низ баён карда аст ва аз онон намунахое чун Биби Марям, Биби Фотима хонуми зайнаб ва...карор дода аст.
Зани фаъол замоне ехсоси шикст ва ноумеди мекунад,ки худро дар чахор девории хона махсур бибинад, дуруст аст,ки вазифаи зан хонадори аст вале ба ин маъно нест,ки дар зиндаги накши дигаре надошта бошад. аз назари ислом зан мисли мард дар тамоми арсахои зиндаги метавонад сахми худро бигузорад ва таасиргузор бошад. Агар дар бораи сарчашмаи таракки ва пешрафти дуруст андеша ва дакик назар кунем ва дар чустучуи корхои нек, фазилатхо, хостгоххои ахлоки ва одоб дар махфилхои ичтимоъи бошем хохем дид,ки хамаи инхо аз низоми хонаводахои ба хам пайваста сарчашма мегиранд пас агар бинои хонавода,ки дар сари он зан модар карор дорад дар чомиа бар пояхои фазилат одоб ва ахлоки неку устувор бошад, рухи хамкори, бародари ва мухаббат бар он чомиъа хоким хохад буд. Аммо агар бинои хонавода бар инхироф бадихо ва парокандаги устувор бошад, чомиа ба тазалзул,ноустувори, инхитот,аз хам фурурехтаги,ва акибмондаги руй хохад овард. Хонавода аст,ки хувияти чомиаро бар душ мекашад ки дар сари он зан модар карор дорад.
 
tojikislom » Зан дар ислом » Муслима » Чойгох ва магхоми зан дар дини мубини ислом.
Страница 1 из 11
Поиск:


Copyright MyCorp © 2018