Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Оцените мой сайт
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 812



Теги

Дӯстон






Ҳиҷоб, ё либоси миллии тоҷикӣ?



Чунин ба назар мерасад, ки Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон либоси миллии тоҷикиро бар сатру ҳиҷоби исломии сохти хориҷӣ тарҷеҳ медиҳад.

Ин пешниҳоди бесобиқаи Шӯрои Уламо ба оташи баҳсҳо пиромуни масъалаи сатр равғани бештар рехта, домани ин баҳсро акнун рӯи то кадом андоза ниҳоди мӯътабар ва зисалоҳ будани худи Шӯрои исломӣ кашонидааст. Дар ҳар сурат, мақомоти Тоҷикистон, ки инак чанд сол боз алайҳи ҳиҷобу сатри исломӣ мубориза мебаранд, дар симои Шӯрои Уламо барои худ як муттаҳиди ғайричашмдошт пайдо карданд. Муттаҳиде, ки то кунун ба як сурати нарм, вале ба ҳар ҳол ба муборизаи давлат алайҳи рӯсарӣ мухолифат меварзид ва ин амалро ҳатто муноқиз ба ҳуқуқу озодиҳои мазҳабии занон унвон мекард.

 

Абдуллоҳи Раҳнамо, таҳлилгари масоили сиёсӣ ва мазҳабии Тоҷикистон, мегӯяд, истифодаи давлат аз ин ниҳоди зоҳиран мустақил, вале наздик ба ҳукумат, ба хотири машрӯъияти бештар бахшидан ба талошҳоест, ки мақомот бо ҳадафи танг кардани домани истифодаи ҳиҷоб ба кор мебаранд: “Ин бештар ба он марбут аст, ки потенсиал ва машрӯъияти ононе, ки то имрӯз ҳиҷобро манъ карданӣ буданд, кифоят накард. Онҳо диданд, ки сухани онҳо, дастурамал ё амри онҳо барои манъ шудани ҳиҷоб кофӣ нест. Ва хостанд дар ин бора аз уламои қариб ба низомӣ расмӣ, яъне аз Шӯрои Уламо кӯмак гиранд.”

 

Файзуллоҳ Файзиев, мудири мактаб ва узви фаъоли ҳизби мухолифи демократ дар шаҳри Хуҷанд, дар ҳамин ҳол, бо ишора ба 5 сол собиқаи ҷанги хунини шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз ҳар навъ талоши сиёсӣ кардани масъалаи ҳиҷоб ҳушдор медиҳад: “Солҳои 1992-1995 баъзе фикрҳое, ки барои ҷумҳурии мо хос набуд, болои мо таҳмил шуд ва дар натиҷа ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ пеш омад. Ва имрӯз низ баъзе ашхос мехоҳанд ҳамин гуна фазои нооромро ба вуҷуд биёранд. Он ҳам дар мавриди чизе, ки барои мову шумо муаммо нест, яъне гирифтани сатри аврат. Инро дастак карда, ғаразҳои худро ба ҷомеа бор карданӣ мешаванд”.

 

Шӯрои Уламо ахиран дар ҷаласаи расмиии бо имомони масоҷид барпокардааш либоси миллиро ҳамчун алтернатива ба ҳиҷоб пешниҳод кард. Қобилҷон Боев, мудири бахши фатвои Шӯрои Уламо дидгоҳи ин Шӯроро чунин шарҳ медиҳад: “Дар он ҷаласа мо худ иштирок кардагӣ нестем, лекин дигар имом-хатибҳову домуллоҳо буданд. Аз ҷумла, ҳазрати муфтӣ ҳам буданд ва пешниҳод карданд, ки бигзор духтарони тоҷик либоси миллӣ бипӯшанд. Мо ҳам, ки аз Марказӣ исломӣ, аз Шӯрои Уламо намояндагӣ дорем, зидди ҳиҷобҳоем, ки ба стандарти шариат ҷавобгӯ нестанд. Ҳиҷобҳое, ки бар тани духтарон ҷафс мепӯшанд ва суроби бадани онҳо намудор мешавад, албатта, он ҳам ба шариати исломӣ мувофиқ намеояд. Бигзор духатрони тоҷик, модарони тоҷик либоси миллии тоҷикӣ пӯшанд.”

 

Ҳиҷоб ва сатри исломӣ, ки умдатан аз Имороти Муттаҳидаи Араб ва ҳамчунин аз Туркия ва Эрон ворид шуда, акнун дар бозорҳои Тоҷикистон дастрас ҳаст, ба дунболи тасмими вазорати маориф, ки пӯшидани чунин навъи либос ва рӯсариро дар макотиб ва донишгоҳҳо манъ кардааст, ба як мавзӯъи доғ дар ҷомиаи Тоҷикистон табдил ёфтааст.

 

Бархе духтарони донишҷӯ дар пай маҷбур шуданд, тарки таҳсил кунанд, як донишҷӯ вазорати маорифро ба додгоҳ низ кашид, вале ноком шуд. Аммо бахши аъзами донишҷӯдухтарони ҳиҷобпӯш ба хотири ҳифзи курсии донишҷӯӣ тасмим гирифтанд, баробари вуруд ба сохтмони мактабу донишгоҳ ҳиҷобро аз сар бадар карда, дар соъоти дарс зоҳири “дунявӣ” бигиранд. Акнун, дар пайи касби ҳимоят аз ҷониби Шӯрои Уламо, ба назар мерасад, ки давлат мехоҳад маъракаи муборизааш бар зидди сатру ҳиҷобро шиддати бештар бубахшад.

 

Меҳрӣ, фурӯшандаи як мағоза дар Душанбе, мегӯяд, мақомоти маҳаллӣ ахиран ба занони фурӯшанда дар маркази шаҳр дастур додаанд, ки ҳиҷоб напӯшанд: “Маҷлис карда гуфтанд, ки духтарҳо, сатрҳоятонро бикашед, аз боло гап заданд, ки мумкин нест. Ягон ҷо муроҷиат накардам, чунки намедонам ба куҷо муроҷиат кунам? Ба милисахона равам ё куҷо равам, муроҷиат кунам? Ҳаст ҷои муроҷиат кардан?”

 

Ба назари аксар, давлат бар зидди ҳиҷоб вориди набарде шудааст, ки баранда шуданаш дар он баъид ба назар мерасад. Дар ин робита бо вуҷуди қарори вазорати маориф коҳиш наёфтани шумори занону духтарони ҳиҷобпӯшро далел меоранд. Шӯрои Уламо дар оғоз мухолифи маъракаи зидди ҳиҷоб ба роҳ андохтаи давлат буд ва акнун, ба назари аксар, таҳти фишори мақомот маҷбур шудааст, табдили сангар карда, дар канори давлат қарор бигирад.

 

Аммо Абдуллоҳи Раҳнамо, таҳлилгари масоили сиёсӣ ва мазҳабии Тоҷикистон, мегӯяд, пуштибонии Шӯрои Уламо аз мақомот дар масъалаи ҳиҷоб низ наметавонад ба тағйири ҷиддии вазъ мунҷар шавад, чунки, ба эътиқоди оқои Раҳнамо, ин ниҳод аз обрӯ ва эътибори чандоне дар ҷомиа бархӯрдор нест: “Ба сабаби ин ки Шӯрои Уламо ба таври сунъӣ ба вуҷуд оварда шудааст ва дар он уламо дар байни мардум воқеан бонуфуз нестанд, балки берун мондаанд, муҳит шудааст дуқутбӣ. Дар як қутб қарор доранд уламои дорои ҳуқуқи содир кардани фатво, вале бенуфуз. Дар сӯи дигар истодаанд уламои бонуфуз ва дар байни мардум воқеан таъсиргузор, вале гӯё ғайрирасмӣ.”

 

Назарҳо дар ҷомиаи Тоҷикистон дар мавриди ҳиҷобу сатри исломӣ ҳамин тавр, хеле мухталиф ва мавзӯъи ҳиҷоб дар ин кишвар ҳамоно як мавзӯъи доғ ва вирди забонҳо боқӣ мемонад. Вале ҳатто бисёре аз онҳое, ки худ ҳиҷоб ё сатр намепӯшанд, бар ин назаранд, ки занон бояд ҳаққи интихоб дошта бошанд ва худ тасмим бигиранд, ки чӣ бипӯшанд: сатри исломӣ, либоси суннатии тоҷикӣ ё либоси муосири аврупоӣ?

Маълумоти муфассал дар масъалаи ҳиҷоб аз пайвандҳои зерин дастраси шумост:

1)Далоили фарз будани хичоб

2)Шартхои хичоби шаръй

3)Далелхои харом будани бехичобй ва бесатрй

4)Шӯрои уламо ва масъалаи ҳиҷоб

Маълумот
Шӯъба:
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 1206
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 22:24
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024