Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Қуръон шомили чанд сура аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 572



Теги

Дӯстон






Духтарони тоҷик мисли африқоиҳо нимбараҳна мегарданд!





Олим норозӣ, модар норозӣ, намозгузор норозӣ, ронанда норозӣ, мо ҳам норозӣ, аммо онҳо парво надоранд. Одамон барои осонии мушкили худ, хоҳ дар пӯшидани либосу хӯрдани хӯрок ва хоҳ дар роҳ гаштану хоб рафтан, вобаста ба талаботу хоҳиши дил рафтор мекунанд ва ҳаракат менамоянд он ҳолате, ки ба онҳо дар иҷрои кору амале халал ва ё ноҷӯриеро пеш меорад, бартараф кунанд.

Дар маҳфиле гурӯҳи коршиносон иборат аз ҷавонон, ки бештари онҳоро духтарон ташкил медоданд, пас аз анҷоми он сари як пиёла чой бо ҳам омаданд. Ду нафар духтароне, ки либоси аврупоӣ дар тан бо нимтана ва домани кӯтоҳ ҳузур доштанд, дар аввал бепарво буданд, вале чун аз нигоҳу назари мардон ба шиками бараҳнаву соқҳои урёнашон воқиф гаштанд, дар ҳолати ноҳинҷорӣ чӣ кор карданашонро намедонистанд. Яке аз шарм ҳар замон нимтанаашро поён кашида, мехост онро пинҳон намояд, вале чун кӯтоҳ, буд, нимтана боз ба ҳолати аввала баргашта, тани урёни ӯ аз пасу пеш ба чашм мехӯрд.

Ду нафар чавонмарде, ки ин холати духтарро назорат менамуданд, чои сархамй, баръакс онхоро хадафи сарзаниш карор дода, бо хам гушакй ва хандахои бемавкеъ мекарданд ва яке дигареро ишора карда, « Бифахм халкаи тиллоии нофаш чанд аст?» -гуён хар замон рафикашро бо даст хала-хала мекард. Бачахоро сарзаниш кардам, ки хуб нест касеро дар хузури дигарон дар хичолат монондан. Яке дар чавоб «Ака, хохарони мо дар гушашон халка надоранду, бекадрии тиллоро бубинед, инхо дар нофашон кардаанд», - гуён эътироз кард. Шояд чавонон то андозае ба гуфти худ хак буданд, харчанд, ки изои бандаи муъмин харом аст,-мегуянд. Чунин рафтору муносибат ва худро дар пеши мардум дар холати ногувор мондан, шояд барои духтарон сабак, гардад, вале то чй андоза онхо инро-дар худ дарк ва эхсос мекунанд, Худо медонад.

Чанд соли ахир нуктаи назари коршиносон дар атрофи либоспушии духтарон дар мактабу донишкадахо ва дигар чойхои чамъиятй дар сахифахои матбуоти даврй ба табъ расида, андешахои гуногун, мавриди кадом либосро ба бар кардан, баррасй мешаванд. Вале мушохидахо нишон медиханд, ки ин масъала чй тавре ки буд, хамон тавр боки монда, аз бахру мунозираи коршиносон дар атрофи он касеро парвою пархез нест.

Аслан онхое, ки дар пушидани либос суяшон санги маломат партофта мешавад, метавонанд эътироз кунанд, ки дигаронро ба онхо кору боре набошад ва чй тарз пушидани либос ин кори шахсии хар як кас аст. Кй чй гуна либос ва бо кадом тарз мепушад, албатта ин рафтору амали дахлнопазир аст, зеро касе наметавонад як гурух, кабилахои давлати Африкоро, ки барахна мегарданд, мачбурй либос пушонад, зеро тули хазорсолахо онхр чунин зиндаги ба cap мебаранд.

Вале кй гуфта метавонад, ки тарзи либоспушии бархе аз чавонон ба маданияту фарханг, ахлоку одоби чомеа ва муносибату рафтори мо бетаъсир намемонад? Амалу кирдорхои номатлуб аз кабили дастдарозй ба номусм занону духтарон, муносибатхои шахвонй дар миёни волидону фарзандон, мунокишахои оилавй, худсузихои чавондухтарон ва боз даххо амалхои дигарро метавон мисол овард, ки дар баробари сабабхои ичтимой доштан, решаашон аз бадахлокй низ сурат мегирад.

Тамаъ бурдани падар ба номуси духтараш, ки дар рафти нишондод хангоми дидани узвхои барахнаи духтар ба вачд омада, ба номуси у дастдарозй кардааст ва баъдан барои худро сафед кардан мастиро бахона пеш меорад, магар аз костагии ахлок, нест»!?

Бузургон хаёро шохе аз дарахти имон гуфтаанд ва хаё аз шароити назми олам аст. Агар сифати шарм аз миён барафтад ва хеч, касро ба хеч, кас шарм набошад, низоми чахон халал пазирад ва масолехи халоик, аз якдигар фуру резад.

Онхое ки бо пешобагали кушодаву нофхои урён диккати рохгузаронро ба худ мекашанд, боре намеандешанд, ки мурод аз он чист. Тасхири калби мардони шахватпараст аст ва ё худнамоии узвхои ба­дан. Гохе ки хурдсолону наврасон дар кучаву хиёбон ба ин тоифаи занону дух­тарон назар карда, ишора суяшон меку­нанд, онхоро аз ин парвоё нест, вале кй медонад дар тасаввуроти наврасон чй чизи хубе аз он боки мемонда бошад. Одатан занону духтарони сабукпой барои шахвати мардонро бедор кардану харидрони худро пайдо намудан ба чунин корхои нангин даст мезананд.

Харчанд шахс дар чомеа озод аст, вале ин харгиз маънои онро надорад, ки теша ба решай урфу одат, расму русум ва анъанахои миллй зада, маданияти бегонагонро дар мисоли шиками урёну сокхой барахна ва дигар узвхои бадан таргиб кунем. Кор то чое расида, ки духтари чавоне бо захми чаррохии курруда тахминан дар хачми 3-4 санти­метр, ки дар кисмати рости танаш буд, шикамашро чои пинхон кардан, барахна ба атрофией намоиш медихад. Магар чунин раф­тор чои ифтихор аст?

Хама гуна кору рафтор ва муносибат ба худ андоза дорад ва набояд аз хадди он берун шуд ва бояд чизхои бехтаринро интихоб кард, ки он ба диду назари дигарон хушоянд бошад, на ин ки боиси нафрату сарзаниши мардумон гардад.

Ин масъалаи бахснокро дар атрофи фарханги барахнагй аз мисоли боло огоз кардан низ бесабаб нест, зеро маколи «Зог рахгардии кабкро таклид кар­да аз рохравии худ мондааст», моро аз асли худ бегона сохта, ба таклиди куркона мебарад. Модоме ки он кору рафтор ва тарзи муносибат ба мо хос нест, чй зарурат онро мачбуран дар худ чой кунем ва ё тафаккури пешрафта пиндошта хамкадами замон будани худамонро бо тамаллуку таклидкорй нишон доданй мешавем.

Якчанд сол пеш дар яке аз толорхои консертй либосхои замони Сомониён ба намоиш гузошта шуда буд. Музаву мукихои чармй, яктаху чолаки аз пахтаву абрешим духта, руймолхои абрешимии шолдор нимтанахои гулдузй ва шалвори васеъу куртахои гиребонаш аз нахшу нигор оро додашуда, ончунон шинаму зебо буданд, ки бисёрихо мехостанд, ки дар рузгори имруза низ пушидани он ба анъана дарояд. Вале афсус ки ин гуна либосхо танхо гушаи осорхонаву сахнаи хунармандони театрро зеб медихад ва худо накарда агар бо мукиву шалвор ва куртахои накшдузиву кулох, дар кучаву дохили наклиёт бубинанд, чй гумонхое намекунанд, гарчанде ин гуна либосхо имруз танхо дар тани падару бобоёнамон, ки дар дехот зиндаги мекунанд, бокй мондааст. Арусакон танхо як ё ду руз барои суратгирй токихои чоргули мулчадору руймолхои шилшиладор ва куртахои накщдузикардаву пойпушхои пулакдорро ба тан карда, ба шахр меоянд ва баъдан суратро хамчун хотира ба осорхонаи худ гузошта, аз либосхои миллию арусии худ танхо аз он ёд мекунанд. Назари шахрвандон низ дар бобати пушидани либос хар гуна аст.

Максад Хабибуллоев- корманди Академияи улуми Точикистон бар он акида хаст, ки кутохандешй ва таклиди кур-курона завки духтарони моро ба рафтору муносибати бегона мебарад. Хама гуна ли­бос барои пушидани бадани барахна пешбинй шудааст, вале чй сабаб аст, ки мо акси он амал карда, худро мавриди масхараву истехзо ва танбехи дигарон карор медихем.

Мавчуда Хамроева- сокини пойтахт модари нух, нафар фарзанд мегуяд, ки панч, нафар духтар дорам, шукр хамашон сохибмаълумот, гайри духтари хурдиам, ки дар синфи хашт мехонад. Эркаи хонадон, ки хаст гох,-гох, пушидани шиму кур­тахои домандорро ичозат медихам, вале намегузорам, ки аз хадди муайяншуда берун равад.

Хоч,й Боймурод- намозгузори масчиди «Ал-Бухорй» мегуяд: Пеш аз хама ба хар рафтору гуфтори фарзанд падару модар чавобгар аст ва онхо фарзандонро бояд ба хулку атвори нек даъват намуда, ба рохи рост хидоят кунанд. Агар волидон худ одобу ахлоки нек дошта бошанд, фарзандон низ аз паси онхо мераванд. Модоме, ки мо фарзанди муъмину мусулмон хастем, бояд ахкому шариати исломиро риоя кунем ва хар чй ки аз Худованди мутаъол нозил шудааст, онро эхтиром ва пос дорем.

Мавлудаи Хучаназар- омузгори мактаби миёна бар он акида аст, ки зану духтари мусулмон, бахусус миллати точик, ки аз фарханги бою ганй ва осори гаронбахои гузаштагон бархурдор аст, бояд хадди рафтору гуфтори худро донад. Аз пайи дигарон рафтану тамалуккорй кардан ин хоси касонест, ки онхо мавкею мартабаи худро пайи пиёда сохтани он арзишхое, ки садсолахо барои ачдодон азизу муътабар буд, надоранд ва аз ин лихоз эшон ба хар чизи пешомада, ки он дархури мардум аст ё на ру оварда, асли худро фаромуш мекунанд.

Мустафо Назаров- ронандаи мусофирбари троллейбуси раками 4 аз он изхори таассуф мекунад, ки дар хона гохи тамошои намоишхои телевизион аз кабили филмхову сахнахои консертй бо ахли сила миёни мо хамдигарнофахмй ба миён меояд. Ба хотири барканор кардани лахзахои фахшу бемаънигй мачбур мешавам дигар шабакахоро монам, вале ин на хамеша ба табъи фарзандонам хуш меояд.

Дар садову симои мо агар пушидани либоси миллй анъана мегардид, ин албат­та эхтироми мардумро ба он боз меафзуд ва фикр мекунам, мардум онро хуш мепазиранд. Гох-гохе дар барномахои фархангй-истирохатии телевизион духта­рон бо либосхои атласу карбос ровигй мекунанд, ки хеле ва хеле макбули бинандагон мегардад. Баромади овозхони чавон Нигина Амонкулова бо токиву атлас дар сахна ончунон ба занону духтарон писанд омад, ки чанд муддат бонувони мо симои хакикй ва зебогии либоси миллиро барои дигарон муаррифй карданд. Имруз ва дар гузашта низ мардумони кишвархои Чин, Исроил, Арабистону як катор давлатхои дигар бо бехтарин анъанахои халкй, бахусус либоси миллй, ифтихор доранд ва дар маъракаву чорабинихои сатхи давлати онро хамчун як нишону тамаддуни фарханги пешинаи халку миллати худ эътироф мекунанд.

Нафароне хастанд, ки пушидани либо­схои миллиро дар чойхои чамъиятй ва корхонахо нишони кафомондагй медонанд. Ба cap бастани руймолу пушидани токй чй бадие дорад. Агар аз нигохи тиббй гирем сарраввал сару муйхоро аз чангу хоке, ки аз фазой ифлос ба замин мерезад, хифз мекунад, баъдан бошад аз сардии зимистону харорати баланди тобистон, ки боиси гирифтории хар гуна касалихо мешавад, пешгирй менамояд.

Андеша мекунам, ки дар атрофи ин масъалаи мухим хонандагони азиз фикру мулоизахои худро баён мекунанд ва то чре кй хак, асту кй нохак казовати онро ба шумо хавола мекунем.
Муаллиф: Ҷалолиддини САДРИДДИН, «Чархи гардун»

www.asiaplus.tj

Маълумоти муфассал дар масъалаи ҳиҷоб аз пайвандҳои зерин дастраси шумост:

1)Далоили фарз будани хичоб

2)Шартхои хичоби шаръй

3)Далелхои харом будани бехичобй ва бесатрй

4)Шӯрои уламо ва масъалаи ҳиҷоб


Маълумот
Шӯъба:
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 5621
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 22:32
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024