Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Паёмбари мӯъмине, ки писараш кофир буд, ки аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 393



Теги

Дӯстон






Ҳафт омрикоӣ ва 15 пулиси афғон дар Қундуз маҷруҳ шуданд



Мақомҳои маҳаллӣ дар Қундуз дар шимоли Афғонистон таъйид кардаанд, ки ҳафт мураббии омрикоӣ дар вулусволии Имом Соҳиби ин вилоят маҷруҳ шудаанд.

http://wscdn.bbc.co.uk/worldservice/assets/images/2012/02/23/120223105945_kabul_demo_304x171_afp.jpg

Бисмиллоҳ Қатра, фармондеҳи пулиси Қундуз ба хабарнигорон гуфт, ки тазоҳуроткунандагон бо норинҷак ба як пойгоҳи НОТУ дар вулусволии Имом Соҳиб ҳамла кардаанд.

Ин дар ҳоле аст ки рӯзи гузашта ду мушовири омрикоӣ дар дохили муҳавватаи вазорати дохилаи Афғонистон ба зарби гулӯла кушта шуданд.

Мақомҳои афғон эълом карданд, ки як афсари пулиси Афғонистон ин ду мушовири омрикоиро кушта ва фарор кардааст.

Муътаризон, ки дар эътироз ба "беҳурматӣ" ба Қуръон дар Қундуз тазоҳурот кардаанд, ба як посгоҳи пулис низ ҳамла карда ва 15 танро маҷруҳ кардаанд.

Фармондеҳи пулиси Қундуз ба хабарнигорон гуфтааст, ки пулис маҷбур ба тирандозӣ шуда, ки дар натиҷаи он як тан аз муътаризон кушта ва се тани дигари онон маҷруҳ шудаанд.

Ин мақоми амниятии афғон аз вуҷуди афроди мусаллаҳ дар миёни муътаризон хабар дода ва гуфтааст, ки пулис "даҳ нафарро, ки мусаллаҳ ба силоҳи камарии сохти Покистон будаанд", аз миёни тазоҳуркунандагон дастгир кардааст.

Нооромиҳо аз вулусволии Хонободи вилояти Қундуз низ гузориш шудааст.

Аҳмад Илҳом, хабарнигори Би-би-сӣ дар Қундуз мегӯяд, ки дар ин вулусволӣ низ як пулис ва се ғайринизомӣ маҷруҳ шудаанд.

Гузоришҳо аз Самангон, дигар вилояти шимолии Афғонистон низ ҳокӣ аз роҳпаймоии эътирозомез аст, ки ба хушунат кашида шуда ва талафоте ба ҷо гузоштааст.

Муътаризони хашмгини афғон хоҳони муҷозоти касоне ҳастанд, ки ба Қуръон "беҳурматӣ" кардаанд.

Хайруллоҳ Анӯш, волии вилояти Самангон ба хабарнигорон гуфтааст, ки ду тан аз муътаризон маҷруҳ шудаанд.

Аммо Маъсума Ҳусайн, узви шурои вилоятӣ дар вилояти Самангон маҷруҳ шудани ду тан аз муътаризонро таъйид кард, аммо гуфта, ки се тани дигар аз муътаризон кушта шудаанд.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, ки субҳи имрӯз ба вақти Кобул мардумро ба оромиш даъват мекард, гуфт, ки дар тазоҳуроти хушунатомез алайҳи "беҳурматӣ" ба Қуръон аз суи нерӯҳои омрикоӣ дар фурудгоҳи Багром, дар панҷ рӯзи гузашта 29 тан кушта ва беш аз 100 тани дигар маҷруҳ шудаанд.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки масъалаи "беҳурматӣ ба Қуръон" пайгирӣ мешавад ва бо омилони он бархурди қонунӣ хоҳад шуд.

Пеш аз ин Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико ва ҳамчунин фармондеҳи НОТУ дар Афғонистон аз ҳодисаи Багром узрхоҳӣ карда ва таъкид кардаанд, ки ин иқдом амдӣ набудааст.

Аммо ин узрхоҳиҳо ҳанӯз натавонистааст муътаризони хашмгини афғонро ором кунад.


bbc


Маълумот
Шӯъба: Ҷаҳон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 342
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 00:39
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024