Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Қуръон шомили чанд сура аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 572



Теги

Дӯстон






Баргузории “Рӯзи муҳаббат ба Пайғамбар": Магар ҷуръати хонумҳои покистонӣ аз "мардони" тоҷикистонӣ зиёдтар аст?



Имрӯз дар Покистон намоиши сартосарии ""Рӯзи муҳаббат ба Пайғамбар" (с)” хоҳад гузашт, ки ба филми тавҳиномези "Бегуноҳии мусалмон” иртибот дорад.

Расман имрӯз рӯзи истироҳат аст ва намоиши эътирозии зиддиамрикоӣ дар ҳамаи шаҳрҳои бузурги ин кишвар доир хоҳад шуд.

Ҳамзамон бо ин, мақомоти давлатӣ ҷиҳати таҳкими амнияти сафоратхонаҳои ИМА ва дигар кишварҳои ғарбӣ, консулгариҳо ва намояндагиҳои созмонҳои баналмилалӣ дар шаҳрҳои Исломобод, Лоҳур ва Карочӣ неруҳои иловагии пулис ва артишро сафарбар кардаанд. Дар пойтахти Покистон роҳҳо ба самти сафорати ИМА аз дирӯз комилан масдуд карда шуданд.

Чанде пештар ҷавонони хашин дар Исломобод кӯшиш карда буданд зӯран вориди сафорати Амрико дар ин шаҳр шаванд, вале неруҳои пулис ва артиш бо истифода аз калтакҳои резинӣ ва гази ашковар садди роҳашон шуданд. Дар Карочӣ ва Пешовар бошад, бар асари муқовимати пулис бо мардум ду тан куштаву даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд. Эътирозҳои оммавӣ дар Покистон, чандин рӯз аст, идома доранд. Одамон дар хиёбонҳо зидди Амрико шиорпартоӣ мекунанд, парчамҳои онро ба зер мекашанд ва месӯзонанд, портретҳои Барак Обамаро ба оташ мекашанд.

Бино ба гузоришоти расмӣ, яке аз ташкилкунандагони эътирозҳои фарогир дар Покистон ҳизби "Ҷамоати исломӣ”-и ин кишвар аст, ки аъзо ва роҳбаронаш шахсан дар тазоҳурот ширкат ва суханронӣ мекунанд. Қарор аст, имрӯз тазоҳуроти густардаи мардум алайҳи филми амрикоии "Бегуноҳии мусалмон” дар Афғонистон, Эрон ва дигар кишварҳои исломӣ доир гардад. Ахиран сарвари Кохи Сафед Барак Обама бо изҳороти дигар баромад кард ва филми мазкурро таҳқиркунанда, вале дур аз мавқеи расмии давлати Амрико хонд.

Президенти ИМА, ҳамзамон, аз кишварҳои исломӣ хост, то ба демократия ва озодии баён эҳтиром гузоранд. Аз назари давлати Амрико, ин филм назари хусусии як гурӯҳи кӯчак аст ва аксарият ба ибрози назари ақаллият ҳам эҳтиром қоил шаванд.

Филми "Бегуноҳии мусалмон” бо 5 миллион доллари ҷомеаҳои яҳудии Амрико бунёд ёфта, тибқи иттилои пулиси штати Калифорнияи ИМА таҳиягари он Накулаи 55-сола бо аҳли хонаводааш худро аз чашми мардум пинҳон кардааст ва инак, беш аз даҳ рӯз аст, ки ба хонаи худ барнамегардад.


tojnews


Маълумот
Шӯъба: Ҷаҳон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 799
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 01:22
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024