Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Муъҷизаҳои Мусо (а) кадом аст?
javascript:// javascript://
Âñåãî îòâåòîâ: 317



Теги

Дӯстон






Боз 7 узви "Ҷамоати таблиғ" равонаи зиндон шуд



Баррасии парвандаи аъзои "Ҷамоати таблиғ" дар Додгоҳи олии Тоҷикистон. Моҳи августи соли 2009 (Акс аз бойгонӣ)


Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 7 нафарро барои узвият дар "Ҷамоати таблиғ" аз 3 то 5 соли зиндон маҳкум кард.

Аз ин гурӯҳ Абдуҷалол Валиев ва Тоҳир Зоиров панҷ сол ва афроди боқимонда сесолии умри худро дар пушти панҷара сипарӣ хоҳанд кард. 

Додгоҳ ин ҳафт сокини аз 27 то 46-солаи ҷамоати
Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро барои "ташкил ва иштирок дар гурӯҳҳои экстремистӣ" муҷрим шинохтааст. Аммо яке аз наздикони афроди маҳкумшуда гуфт, онҳо ин ҳукмро "ноҳақ" шуморида, ба зинаҳои болотари додгоҳ шикоят хоҳанд бурд. 

Ҳафт сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳоле ба узвият дар "Ҷамоати таблиғ" айбдор шуда, равонаи зиндон гардиданд, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҷамоатро ҳанӯз дар соли 2006 мамнӯъ эълон карда буд. Додгоҳи олии кишвар "Ҷамоати таблиғ"-ро як созмони ғайриқонунӣ ва ифротгаро донистааст. 


Нахустин аъзои "Ҷамоати таблиғ" дар Тоҷикистон ҳанӯз моҳи авусти соли 2009 ба зиндон фиристода шуданд. Ин ҳукми додгоҳ ҳарчанд норозигии пайвандони онҳоро ба вуҷуд овард, аммо натавонист ҳукми додгоҳро тағйир бидиҳад.  


Пас аз он дар қисмати ҷануби Тоҷикистон низ аъзои зиёди ин гурӯҳи динӣ боздошт ва зиндонӣ шуданд. Аммо дар минтақаи шимоли кишвар барои аввалин бор аст, ки аъзои ин ҷамоат ба зиндон маҳкум мешаванд.


Бар асоси иттилои Идораи корҳои дохилии Суғд, кормандони интизомӣ дар соли 2011 даҳ узви "Ҷамоати таблиғ"-ро боздошт кардаанд, ки 2 нафар аз шаҳри Чкалов ва 1 тан аз Исфара буда, боқимондаҳо аз Бобоҷон Ғафурованд, ки ҳамакнун ҳукмашон содир шудааст.


Бар хилофи даъвои мақомоти Тоҷикистон пайравони "Ҷамоати таблиғ" ин созмонро ифротгаро ва ғайриқонунӣ намедонанд. Балки онҳо мегӯянд, ин ҷамоат танҳо ба таблиғи дини Ислом машғул буда, ҳеҷ коре бо сиёсат ва умури давлатӣ надошт.

ozodi

Маълумот
Шӯъба: Тоҷикистон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 300
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 19:43
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2017