Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Сайид ва пешвои қориён кист?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 279



Теги

Дӯстон






Даъвати ҷаласаи изтирории роҳбарияти ҲНИТ



hnit-Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба қароре омадааст, ки 8 марти соли равон, ҷаласаи Раёсати олии ҳизбро ҷиҳати баррасии вазъи кунунии мамлакат даъват кунад. Ин тасмим замоне гирифта шуд, ки нашрияи "Полярная звезда" (www.zvezda.ru) мақолаеро таҳти унвони "Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб" интишор дод. Мақолаи мазкур аз ҷаласаи ба истилоҳ "пӯшидаи" ҳукуматӣ бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон нақл мекунад, ки дастуроти махфие дар мавриди фишорҳо болои аҳзоби сиёсӣ ва бахусус ҲНИТ, аъзо ва роҳбарони он, ширкати мардум дар гирдиҳамоиҳои соли 1992, таъқиби фаъолон ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. zvezda.ru мегӯяд ин ҳама дар протоколи расмӣ, вале сирии ҳукуматӣ дарҷ шудаанд, ки нусхае аз он ба дасти  идораи он афтодааст. Муаллифи мақола менависад, ки ин ҳама кор ба хотири он аст, ки ҳукумат бо дастури Вашингтон аз нерӯҳои  русгаро ва эронгаро ҷомеаро пок созад ва роҳҳоро барои рӯ ба Ғарб ва бахусус, ИМА овардан ҳамвор созад. 

Баъди нашри мақолаи мазкур дастрасӣ ба торнигори zvezda.ru ва шабакаи иҷтимоии Facebook дар Тоҷикистон маҳдуд шуд. 

Аммо ахиран Сергей Строкин, шореҳи нашрияи "Коммерсант" муаллифи мақолаи чопшуда дар "Полярная звезда" будани худро такзиб кард. Вай гуфт ба ин мақола ҳеҷ иртиботе надорад, онро таҳрир накардааст ва аслан намедонад чаро он аз номи ӯ интишор ёфтааст. 

Мақомоти давлатии Тоҷикистон баргузории ин гуна ҷаласаҳои махфиро такзиб кардаанд ва интишори ба ин монанд мақолаҳоро тафриқаандозӣ миёни мардум унвон кардаанд. Аммо коршиносони масоили амниятӣ, маҳдуд шудани  баъзе сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро аксуаламали ҳукумат ба ин мақола меноманд.

Фирӯзи МУҲАММАД

"TojNews"


Маълумот
Шӯъба: Тоҷикистон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 527
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 00:44
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024