Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Дарозтарин сураи Қуръон кадом аст?
javascript:// javascript://
Âñåãî îòâåòîâ: 481



Теги

Дӯстон






Ду низомии хориҷӣ дар пойгоҳи НОТУ дар Афғонистон кушта шуданд



http://wscdn.bbc.co.uk/worldservice/assets/images/2011/12/29/111229113215_nato_troops_304x171_bbc_nocredit.jpg

Мақомоти маҳаллӣ дар ҷануби Афғонистон мегӯянд ду сарбози хориҷӣ дар асари тирандозии як корманди афғон дар як пойгоҳи низомии НОТУ кушта шудаанд.

Ин ҳодиса дар вулусволии (шаҳристони) Зерии вилояти (устони) Қандаҳор рӯй дода ва мақомот мегӯянд, ки фарди муҳоҷим ҳамроҳ бо як сарбози артиши Афғонистон дар асари тирандозии сарбозони НОТУ кушта шудаанд.

Гузоришҳо мерасонанд, ки сарбозони кушташуда шаҳрвандони омрикоӣ будаанд.

НОТУ бо интишори як эъломия кушта шудани ду сарбози худро дар ҷануби Афғонистон таъйид карда, аммо ҳувияти онҳоро ифшо накардааст.

Дар эъломияи НОТУ омдааст, ки муҳоҷимон ду нафар будаанд, ки яке аз онҳо либоси артиши миллии Афғонистон ва дигаре либоси ғайринизомӣ ба тан доштааст.

Мақомоти афғон дар вулусволии Жерӣ мегӯянд ин ҳамла аз сӯйи як муъаллими афғон сурат гирифта, ки масъулияти пешбурди як барномаи саводомӯзӣ барои сарбозони артиши миллии Афғонистонро дар ин пойгоҳ бар уҳда доштааст.

Ин ҳодиса замоне сурат мегирад, ки кушта шудани ду мушовири омрикоӣ дар маҳватаи Вазорати дохилаи (кишвари) Афғонистон, ки ҳафтаи қабл сурат гирифт, ҳанӯз мавзӯъи доғ дар расонаҳо аст.

Ин афрод зоҳиран мавриди ҳамлаи як корманди Вазорати дохила қарор гирифтанд ва талоши пулиси Афғонистон барои радаёбии фарди муҳоҷим, ки пас аз ҳамла аз маҳал фирор кард, ҳанӯз бенатиҷа мондааст.

Омрико, Бритониё, Фаронса ва Олмон дар пайи ин ҳамла кормандони ғайринизомии худро аз идороти давлатии Афғонистон берун карданд ва нигарониҳо дар мавриди ояндаи равобити муттаҳидони байналмилалии Афғонистон бо ҳукумати ин кишвар шиддат гирифт.

Афғонистон шоҳиди ду ҳафта нооромӣ будааст, ки аз интишори хабари "беҳурматӣ" ба нусхаҳои Қуръон дар пойгоҳи низомии омрикоиҳо дар Багром оғоз шуд.

Шаҳрҳои мухталифи Афғонистон ҳудуди шаш рӯз пайи ҳам шоҳиди тазоҳуроти хушунатомез дар эътироз ба сӯзондани нусхаҳои Қуръон дар пойгоҳи Багром буд, ки беш аз сӣ кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷо гузошт.

Дар мавориде тазоҳурокунандагон талош карданд ба пойгоҳҳои низомии НОТУ дар шарқ ва ҳамчунин дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар шимол ҳамла кунанд.

Созмони Милали Муттаҳид ахиран ба далели нигарониҳои амниятӣ кормандони байналмилалии худро аз дафтари ин созмон дар вилояти Қандаҳор дар шимоли Афғонистон ба Кобул фаро хонд.


bbc


Маълумот
Шӯъба: Ҷаҳон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 158
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 17:39
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2017