Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Оцените мой сайт
javascript:// javascript://
Âñåãî îòâåòîâ: 811



Теги

Дӯстон






Ислом хатар дорад ва ё ба ислом хатар таҳдид мекунад?



Сиёсатмадорони иғвогар баъди пош хурдани ду ҷаҳони ба ҳам муқобили- сотсилизм ва капитализм  сангарҳои "ҷанги сард"-ро ба мазҳаб кӯчониданд. Дар ибтидои асри ХХI алакай идеологияи "таҳдид ва хатари Ислом" эҷод шуд. Ин мавзӯъро ҷомеашинос ва олими ҷавон Маҳрами Анварзод барои хонандаи гиромии "Миллат" дар миён мегузорад:

Эҳёи фарҳанги миллӣ ва рӯёрӯӣ бо ҷанги шаҳрвандӣ

Баъди пош хӯрдани давлати Шӯравӣ, солҳои 90-уми асри XX дин ҳамчун қисмати таркибии фарҳанги миллии мардуми мусулмон аз нав эътироф ва эҳё гардид. Дар ин раванд тадриҷан дин хусусияти сиёсӣ- идеологӣ касб карда, ба тамоми қишрҳои ҷомеа таъсири он эҳсос мегардад. Эҳё гардидани дин баъди карахтии чандинсола  ҳодисаи фавқулода набуда, балки як падидаи табиист, зеро инсон ба дин ҳамчун як арзиши маънавӣ ҳамеша эҳтиёҷ дошт. Вале эҳёи фарҳанги миллию динӣ дар кишвар бо роҳи ҳамвор сурат нагирифт ва барои бунёди давлати миллӣ душвориҳо эҷод намуд. Зеро муборизаҳои сиёсиву идеологӣ барои интихоби роҳи минбаъдаи шакли давлатдорӣ ва тараққиёти ҷомеа ба мавзӯи баҳси созмону ташкилотҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони гурӯҳҳои динию дунявӣ табдил ёфта, оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ овард. 
Барои барқарор намудани сулҳ ва таъмини зиндагии осуда корҳои зиёде анҷом дода шуданд ва натиҷаи он имрӯз назаррасанд. Дар ин муддат аз лиҳози қонунгузорӣ мақоми дин, фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ муайян гардида, муносибати давлат ба дин дар як равиши мӯътадил қарор гирифт. Гузаронидани силсила чорабиниҳо дар сатҳҳои гуногун ба мисли Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 1100 - солагии давлати Сомониён, Соли бузургдошти Имоми Аъзам ва ғ. аз ҳифзи арзишҳои динию миллӣ ба эҳёшавии худшиносии миллӣ ва динии мардум мусоидат карданд. Вале таъсири омилҳои дохилӣ ва берунӣ ҷиҳати тезу тунд  гардонидани ин муносибатҳо дар ҷомеа эҳсос мешаванд.
Мусаллам аст, ки  навобаста аз сохтори сиёсии давлатҳое, ки аксари  аҳолии онҳоро мардуми мусулмон ташкил медиҳанд,  дини ислом мавриди эҳтироми ҳамагон  қарор дорад. Дар ташаккули арзишҳои динӣ нақши арзишҳои миллӣ низ калон буда, орзую идеяҳои миллӣ аксар вақт дар зери ливои дин ифода мегардиданд. Бинобар ин ғояи давлати миллӣ дар охири асри X1X ва ибтидои асри XX дар зери шиори дин қувват гирифт ва минбаъд барои ташкил ёфтани  давлатҳои миллӣ нақши муҳим бозид.

Ҳаракатҳои миллӣ -озодихоҳӣ ва ғарбгурезӣ

Агар иҷмолан бар гузаштаи начандон дури ҳаракатҳои миллӣ - озодихоҳӣ аз нигоҳи санадҳои таърихӣ бингарем, мушоҳида хоҳем кард, нақши дин дар ин равиш асосан дар се масъала бештар мавриди назар қарор мегирифт:
1.Муттаҳид кардани мусулмонон дар мубориза бо мустамликадории ғарб;
2.Муқовимат  бо равандҳои  идеологие, ки барои ин кишварҳо бегона буданд;
3.Мубориза бо ҳама гуна бидъату хурофот миёни мусулмонон.
Аз таърих маълум аст, ки дини ислом дар густариши ҳаракатҳои миллӣ-озодхоҳӣ нақши муҳим бозида, вале аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ барои барангехтани муноқишаҳои сиёси- динӣ низ истифода шудааст. Аз ҷумла баъзе ҳаракатҳои динӣ ҳамкориҳоро бо кишварҳои ғарб намепазируфтанд ва ҳукуматҳои ғарбгароро бо куфр гунаҳкор мекарданд, вале кишварҳои мусулмонии қафомонда маҷбур буданд, ҳамкории иқтисодӣ ва илмӣ -техникиро бо ғарб ба роҳ монанд, зеро дар кишварҳои шарқӣ ҳанӯз ниҳодҳои иқтисодии устувор вуҷуд надоштанд, ки барои рушди ҷомеа мусоидат намоянд.  Тадриҷан мақсадҳои ниҳоии ин ҳаракатҳои озодихоҳӣ тавонистанд онҳоро якҷо кунанд ва ин раванд дар ташкил гардидани кишварҳои Яман, Либия, Лубнон, Урдун татбиқи амалии худро ёфт. Аммо дар кишвари Туркия арзишҳои миллӣ хусусияти умумидавлатӣ дошта, давлат барои интишори забону фарҳанги миллӣ аз ҳисоби буҷаи давлат маблағи зиёд сарф мекунад, яъне меҳвари асосии тамоми барномаву нақшаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва динӣ рушди илму маорифи миллӣ аст.

Ифротгароҳо дар кишварҳои нафтхез мерӯянд, чаро?

Имрӯз ин  ақида  мавриди баҳси доираҳои илмӣ ва сиёсӣ аст: "Пайдоиши ҳаракатҳои бунёдгароро ҳамчун эҳёи давраи тилоии ислом дониста ва исломикунониро ҳамчун таҷрибаи сиёсӣ барои ташкил кардани давлати исломӣ истифода мебаранд". Вале то ҳол дар кадом шакл татбиқи  ин мафҳумҳо дуруст аст, мавзӯи  баҳс қарор дорад.
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ  аз ҷумла дар Тоҷикистон  бархӯрди ақидаҳои   динии бегона бо исломи суннатӣ дар солҳои охир бараъло эҳсос мешавад. Дар мавриди фаъол шудани ин ҳаракатҳои радикалӣ то чи андоза ба масъалаҳои иқтисодӣ ва геополитикӣ робита доранд ё на, фикри як сиёсатшинос В. Малишенкоро зикр мекунем: "Агар ҷуғрофияи интишори ваҳҳобиро дар Русия бо диққат пайгирӣ кунем, онҳо бештар дар мантақаҳое, ки асоси манбаи нафти  кишвар мебошанд фаъолият дошта, кӯшиш доранд заминаи устувор барои фардо гузоранд"  (Круглов А. Религиозный терроризм. Конф. 2007  Москва).
Аслан дар Мовароуннаҳр ба ҷуз исломи суннатӣ таълимоти мактабҳои тасаввуф нисбат ба дигар мактабҳои ақидавӣ бештар ташаккул ёфта буд ва исломи суннатӣ дар ҷомеа мақоми хос дошт. Вале пайдоиши ҳаракату ҷараёнҳои нави ғайрирасмӣ ба мисли "Ҳизбуттаҳрир", "Салафия", "Байъат" ва ғайра  метавонанд таҷрибаи чандинасраи ҳамзистии дину мазоҳибро, ки асоси суботи мантақа буданд, халалдор созанд. Ҳаракатҳои тозазуҳури динӣ  мусулмононро аз рӯи мансубияташон ба дину мазҳаб тақсим карда, ба тафриқаандозӣ дар байни онҳо метавонанд замина гузоранд. Бинобар он ин масъала зарурати аз ҷониби давлат зери назорат қарор додани вазъи динии кишварро ба миён овардааст.

Ифротгароӣ аз баҳри Худо нест, бозии сиёсист

Вазъи ин масъала дар Тоҷикистон низ мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ  ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ворид гардидани маводи динии мазмуни тундгароидошта, паст будани сатҳи тараққиёти иқтисодӣ, паст будани  маърифати динӣ,  мушаххас  набудани барномаҳои таълими динӣ, таҳсил дар марказҳо ва донишгоҳҳои хусусии динии кишварҳои хориҷӣ ва ғайра вобастагӣ дошта, метавонанд ба фаъолгардии тундгароии динӣ хидмат намоянд.
Мавриди тазаккур аст, ки ҳаракатҳои динии  ифротгаро на барои ислоҳи  шуури динӣ аз дохил,  балки барои вайрон кардани асосҳои дин дар ҷомеа ва ниҳоят барои амалӣ сохтани мақсадҳои сиёсӣ таъсис ва таҳмил дода шудаанд.  Бо суъистифода аз эътиқоди мардуми мусулмони ноогоҳ мехоҳанд ҳадафҳои сиёсии худро амалӣ созанд.

Миёни тундгароёну мусалмонон бояд фарқ гузошт

Таъкид бояд кард, ки давлат барои мусулмонон ва рушди фарҳанги исломӣ, ки қисми таркибии фарҳанги миллии мост ягон маҳдудият эҷод накардааст ва баръакс қонунгузорӣ дар бораи озодӣ, ҳуқуқи инсон ва аз ҷумла озодии виҷдонро ба ҳар кас таъмин ва ҳифз менамояд. Вале озодии виҷдон маънои тарғиб кардани ҳар гуна ақидаҳои ифротгароиро, ки барои суботи ҷомеа ва амнияти давлат хатарзо аст, надорад. Пешгирӣ кардани паҳншавии чунин ҳаракатҳои ифротгароёна аввалан агар вазифаи давлат бошад, худи вазифаи  мусулмонҳо низ мебошад.
Принсипҳои асосии муносибати давлат ба чунин ҳаракатҳои динии ифротгаро дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" ифода ёфтаанд, ки заминаҳои қонунии рушди исломи суннатиро муҳайё сохта, роҳҳои пешгирӣ намудан аз равандҳои бегонаи номатлубро барои ислом муайян менамоянд. Агар омилҳои эҷодкунандаи  тундгароӣ мавриди таҳқиқи илмӣ- диншиносӣ қарор дода нашаванд ва дар муносибат бо исломи анъанавӣ якхел сурат гиранд, ин раванд метавонад барои нуфуз пайдо кардани ҳизбу ҷараёнҳои дигар сабаб шавад.   
Воқеан  давраи гузариш аз як сохти ҷамъиятию давлатдорӣ ба сохтори дигар  мушкилоти зиёд пеш меорад ва ин гузариш барои ҷомеаҳои анъанавие, ки ҳанӯз барои қабул ва бунёди ҷомеаи навин ва давлати дунявӣ омода нестанд, боз ҳам душвортар хоҳад буд. Ибтидои давраи гузариш метавонад як халои маънавию идеологӣ ба вуҷуд орад. Бисёр вақт ҳамин гуна ҳаракатҳо ва аз ҷумла ҳаракатҳои динии тундгаро мекӯшанд аз ҳамин халои маънавию идеологӣ истифода баранд. Чунин ҳаракатҳо аслан аз ҷониби давлатҳои абарқудрате, ки дар ин мантақа манфиати стратегӣ доранд, таъсис ва ба ин кишварҳо таҳмил ва дастгирии молиявиро соҳиб мешаванд. Вазъи ин мантақаро барои манофеъи геополитикӣ бо дастгирии ин ё он гурӯҳ, ҳизб, дин, миллат ва кишвар ба майдони бархӯрди манфиатҳо табдил додан ба манфиати  мардуми ин кишварҳо нахоҳад буд. Намунаи барҷастаи онро мо дар мисоли таъсис додани ҳаракати Толибон дар Афғонистон аз ҷониби ИМА ва дигар кишварҳои ғарбӣ мебинем. Натиҷаи бархӯрд барои манфиатҳои геополитикӣ байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА дар Афғонистон ба ҷанг оварда расонид.

Бозигарони нав ба майдони геополитика меоянд

Дар солҳои охир кишварҳои дигар аз қабили Туркия, Эрон, Чин, Арабистони Саудӣ, ИМА, Русия ва ғайра низ кӯшиш доранд, то дар Осиёи Марказӣ мавқеи худро дошта бошанд ва  манфиатҳои худро ҳимоят намоянд, зеро:
 1. Арабистони Саудӣ - ҳарчанд аз ин мантақа дур аст ва имконияти воқеии таъсир расониданро кам дорад, вале кӯшиш дорад бо роҳи маблағгузории  барномаҳои гуногун сафи пайравони ваҳҳобияро аз ҳисоби ҷавонон дар ин мантақа зиёд намояд;
2. Туркия- ҳарчанд таҷрибаи  хуби ҳамзистии давлати дунявиро бо дин амалӣ карда бошад ҳам, меҳвари аслии он миллатгароӣ, яъне тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ аст, ки он баръало ба мушоҳида мерасад.
3. Эрон-  ҳарчанд бо аксари мардуми ин мантақа фарҳанги муштарак дорад,  вале ҳузури онро давлатҳои абарқудрат дар ин ҷо пазиро нестанд ва инъикоси аломатҳои миллии умумифорсиро кишварҳои дигари мантақа қабул надоранд. 
4. Чин- ба нооромӣ аслан манфиатдор нест, зеро раванди босуботи мантақа худ имконият медиҳад, ки дар ин сарзаминҳо мақом ва нақш пайдо кунад.
5. ИМА- баръакс муноқишаҳои миллӣ- диниро дар ин мантақа ҳамаҷониба тақвият дода, кӯшиш дорад, ки системаи ягонаи таъмини амниятӣ миёни кишварҳои мантақаро фалаҷ созад ва харитаи ҷуғрофии кунуниро ба манфиати худ тағйир диҳад.
6. Русия - бозиҳои сиёсии чандтарафаи кунунӣ нуфузашро дар мантақа кам карда, охиран рақибонаш онро аз ин мантақа берун мекунанд.

Тундгароӣ ва анкабути ҷаҳонӣ

Вале бояд таъкид кард, ки навобаста аз мушкилоти мавҷуда муносибати давлатҳои дунявӣ ба дин дар мантақа мӯътадил аст ва кӯшиши халалдор кардани он аз ҷониби гурӯҳҳои радикалӣ боиси нигаронӣ шуда метавонад ва ин гурӯҳҳо баъзан бо анҷом додани амалиётҳои террористӣ  аз мавҷудияти худ дар мантақа дарак медиҳанд. Дар ин маврид суханони сиёсатшиноси рус  А. Малашенко хеле ба мавриданд: "Махфӣ нест, ки ҳам сиёсатмадорон ва ҳам мақомоти марбута дар бораи ҷараён ва фаъолияти ояндаи субъектҳои худ маълумоти кофиро надоранд". Дар ҳақиқат ҳам чунин аст, тарҳрезии раванди  тундгароии динӣ хусусан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чиро дар мадди аввал қарор додааст ва аз кадом омилҳо вобастагӣ дорад, маълум нест?
Яке аз чунин омилҳо қазияи Афғонистон аст, ки ба вазъи сиёсӣ-динии кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир дошта, аз тарзи ҳалли он роҳи ҳалли масъалаҳои зиёд вобаста мебошанд. Ин қазия ҳарчанд зиёдтар давом кунад, ҳамон қадар мушкилоти нав барои давлатҳои ҳамсоя  эҷод мешавад. То  солҳои 2000 ҳарчанд ҳаракатҳои тундгаро ба мисли "Ҳизбуттаҳрир",  "Алқоида" "Толибон" аз фаъолияти худ дарак медоданд, пас аз  солҳои 2000-ум дар зери таъсири онҳо боз ҳаракатҳои дигар ба мисли "Байъат", "Ҳаракати исломии Узбакистон", "Салафия" ва ғ. ба фаъолияти ошкор гузаштанд. Хусусан якҷоя шудани ҲИУ бо ин ҳаракатҳо мушкилоти зиёд барои кишварҳои Осиёи Марказӣ эҷод мекунад ва инро воқеаҳои охир собит карданд.  Солҳои пеш маводҳо ва умуман маълумот дар бораи ин ҳаракатҳо ва ҷунбишҳои динӣ хеле кам буд. Имрӯз ин гуна маводҳо аз ҷониби пайравони ин мактабҳо ба табъ расида, интишор ва таблиғи чунин маводҳои характери тундгароидошта дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбатан зиёд шудааст. Онҳо сайтҳои махсуси худро кушода аз тариқи Интернет маводҳои зиёд бо забонҳои англисӣ, арабӣ, русӣ, урду, туркӣ ва ғ. ба тамоми дунё паҳн мекунанд. Чандин сайтҳои махсуси таблиғотии "Толибон", "Салафия" кушода шудаанд, ки ворид гардидан  ба онҳо ва гирифтани ин ё он маводи таблиғотӣ мушкилоте надорад. Хусусан дар бораи ҳаракати "Толибон" маълумотҳои зиёд интишор мегарданд ва онҳо худро ягона муҳофизони  дини ислом ном мебаранд.

Бозиҳои пасипардагӣ бо толибон

Ба гумони ғолиб роҳи ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистон вуҷуд дорад, вале бозии пасипардагии абарқудратҳо онро мушкил кардааст. Масъалаи ташвишовар он аст, ки агар толибон нуфуз пайдо кунанд, манфиати кадом давлатро ҳимоят мекунанд ва кишварҳои Осиёи Марказиро чӣ интизор аст.
Ҳанӯз аз солҳои 1996-2000  баъзе давлатҳо кӯшиш доштанд, ки Толибонро  ба расмият шиносанд. Дар сурати даст ёфтан ба қудрати сиёсӣ онҳо манфиати киро ва бо кадом роҳ ҳимоя мекунанд. Дар ҳар сурат дини ислом дар ин ҷо танҳо барои расидан ба ғаразҳои сиёсӣ истифода бурда мешавад ва ин усул дар таърихи  кишварҳои Шарқ хеле маъмул аст. Силсила китобҳое, ки таҳти унвони "Синдром азиатских игры" аз ҷониби таъсисдиҳанда ва ё бевосита ширкаткунандагони ин бозиҳои сиёсӣ ба чоп расидаанд, ин мавзӯъро мавриди баррасии ҳаматарафа қарор додааст.
То чи андоза мақсадҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат дар дастгирии  ҳаракати Толибон нуҳуфтааст ва то кай онҳо бояд дар арсаи сиёсатбозиҳо мавҷуд бошанд, маълум нест. Вале дар суханрониҳояшон сарони ҳарбиву сиёсии Афғонистон марҳум Бурҳонуддин Раббонӣ, шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд, Абдулкарими Халилӣ, Абдурашид Дӯстум ҳанӯз соли 2000 гуфта буданд, ки  то ҳол қариб ягон тағйироти куллӣ дар ҳалли ин масъала ба назар намерасад.
"Дар аввал агар амалиётҳои Толибон  бенизом  тобанд, вале дар ҳақиқат  тамоми ҳаракатҳои  сиёсиву ҳарбии онҳо хеле пурра тарҳрезӣ карда шудаанд ва ин мушкилоти як Афғонистон набуда, балки  кишварҳои дигари Осиёи Миёна ва хусусан давлатҳое, ки бо Афғонистон ҳамсарҳаданд низ фаро мегирад ва масъулини ин кишварҳо бояд чора андешанд". ( Ниг.  Матни суханронии Б. Раббонӣ, Кобул, 1999).

Лаҳзае бармегардем ба як рухдоди таърихӣ:

Таърихи  пайдоиш ва фаъолияти "Толибон" дар  Афғонистон;

"Мулло Муҳаммадумар роҳбари маъруфи ин ҳаракат чунин ибрози назар намудааст: Толибон- ин иттиҳодияи муҷоҳиддини афғон дар мубориза бо артиши Шӯравӣ таъсис дода шуд. Пас аз ҷанги 14 сола ва баромадани артиши Шӯравӣ давлати исломӣ ташкил кардем. Вале ин ҷо мубориза барои курсӣ миёни  Раббонӣ ва Ҳикматёр авҷ гирифт ва ин бесару сомониҳо тамоми кишварро фаро гирифт. Барои наҷот додани Афғонистон гурӯҳи олимон ва рӯҳониён дар Қандаҳор ҷамъ шуда қасам ёд кардем, ки ҳамон тавре бо кофирҳо ҷанг кардем, ҳамон хел барои нест кардани оқибатҳои бадбахтӣ ва бунёди давлат дар асоси қонуни шариат амалкунанда мубориза мебарем. Ва мо қасам ёд кардем ҳамаи мусулмонони Осиёи Марказиро аз иҷроиши қонуниятҳои ғайришаръӣ озод мекунем". (Маҷмӯи мақолаҳои Князев А.,Манбаъ URL, Кобул, 27 сентябр соли1997.)
Аммо ҷунон  ки маълум аст, ҳаракати толибон дар Покистон таъсис дода шуда буд ва алҳол маркази асосии он Вазиристон ва атрофи он мебошад. Хубтар мешуд суханронии шахси дигарро дар бораи таъсис додани ин ҷунбиш зикр намоем. Дар вақти адои вазифа Вазири корҳои дохилии Покистон Насруллоҳи Бобур соли 1994 барои ҷамъ кардани  толибилмон аз миёни муҳоҷирони пашту аз гӯшаҳои кишвар як чунин  дастур додааст. Аз суханони собиқ вазир: - Дар ҳақиқат ҳаракати толибон дар даврони марҳум сарвазир Зулфиқор Алӣ Бутто 1973 баъди нуфуз пайдо кардани Шӯравӣ дар ин мантақа ва барои мубориза бо Ҳиндустон, ки аз ҷониби Шӯравӣ ҳамаҷониба дастгирӣ мешуд, бо дастгирӣ ва маблағгузории як қатор ташкилотҳои хориҷӣ созмон дода шуд. Ҳамон сол Насруллоҳи Бобур ҳанӯз афсари ҷавон аз марказҳои таълимӣ ҷавонони болаёқатро ҷамъ карда, дар марказҳои махсуси ҳарбӣ ба онҳо анҷом додани амалиётҳои низомиро таълим додааст. Ворид гардидани артиши Шӯравӣ ба Афғонистон ва бархӯрди манфиатҳои ИМА ва Шӯравӣ айни зарурати коромади чунин марказҳоро дар амал тасдиқ  кард. Аммо баъди баромадани Шӯравӣ аз Афғонистон масъала ранги дигар гирифт ва толибон дигар аз тобеъият баромада, танҳо барои ба даст овардани ғаразҳои сиёсии ин ё он давлат, гурӯҳ ва ҳатто қавмҳо  истифода бурда мешуданд ва то ҳол чунин аст. (Исломобод 1996. Манбаъ URL. Тарҷ. анг.  КнязевА.)
Азбаски таъсири ҳаракатҳои динӣ ва мавқеи онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди муҳокима қарор дошт, бинобар ин мо  таърихи пайдоиши яке аз чунин ҳаракатҳоро мухтасаран зикр намудем.
Вобаста ба ҳалли қазияи Афғонистон роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба тариқи иҷмолӣ як андеша доранд:
Ҳодисаҳои Афғонистон имрӯз ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро ба андеша намудан дар бораи оқибатҳои он водор намудааст ва хусусан  роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказиро. Ин қазия бисёр ташвишовар аст, зеро он манбаи асосии муташанниҷ гардидани вазъият дар Осиёи Марказӣ гардида, мушкилоти зеринро пеш меорад:
1.Зиёд гардидани истеҳсол, интиқол ва фурӯши маводи мухаддир;
2.Теъдоди номуайяни гурезаҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ;

3.  Қувват гирифтани ифротгароӣ, бунёдгароӣ ва умуман ворид гардидани ақидаҳои тундгароӣ, ки боиси сар задани низоъҳои динӣ- мазҳабӣ  мегарданд.
Андешаҳои умумӣ: Мо бо худфиребӣ набояд  нишон диҳем, ки ҳама хуб аст. Мо ба дин эҳтиром мегузорем ва мартабаву мақоми онро дар  Конститутсия муайян намудаем, вале аз ҳама муҳим он аст, ки  осоиштагӣ, сулҳу ҳамдигарфаҳмиро  дар  мантақа нигоҳ дорем. Пеши роҳи фаъолияти ҳама гуна ҷараёнҳои ифротӣ хоҳ динӣ, хоҳ миллӣ гирифта шаванд. Ин барои таъмини сулҳу суботи ояндаи мантақа бисёр хатарнок аст.
Ҳарчанд кӯшиш барои хотима бахшидан ба ҷанг аз ҷониби баъзе давлатҳо шуда буд, вале ҷанг то кунун идома дорад. Мехоҳам ёдрас шавам, ки ҷанг дар дохили як кишвар чанде давом ёбад ҳам, аз ҳудуди он албатта берун мебарояд ва мантақаҳои дигарро низ ба ин гирдоб мекашад ва таърих ба ин гувоҳ ҳаст.
Дар робита бо чунин падидаҳо давлатҳои Осиёи Марказиро зарур ҳаст, ки барои пешгирии фаъолияти ҳар гуна ҳаракатҳои  ифротгароӣ як барномаи дурнамо тарҳрезӣ намоянд.

Изи як пой

Воқеъаҳои 21-августи соли 2000 дар Боткенти Ҷумҳурии  Қирғизистон, ҳодисаҳои водии Фарғона соли 2001, ва воқеаҳои охири дараи Камароби ноҳияи Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати тарҳрезӣ намудани чунин як барномаи муштаракро   нишон доданд. Ҳарчанд ин воқеаҳо байни худ фосила доранд, вале дорои  умумиятҳои зиёданд ба монанди:
1. Шакли трансмиллӣ доштани ҳамаи ин амалиётҳои террористӣ, яъне навобаста аз миллату қавму дин ва шаҳрвандӣ як гурӯҳ ашхосро ин ҳаракатҳо муттаҳид сохтанд, ки ҳадафҳои ягонаи  ғаразнок доранд;
2. Дар арсаи ҷаҳонӣ коста гардонидани обрую нуфуз ва қудрати  давлатдорӣ дар ин кишварҳо ва бо ин роҳ тарсонидани ашхос ва ташкилотҳое, ки мехоҳанд дар рушди иқтисодии ин мантақа саҳмгузорӣ кунанд;
3. Бо роҳи куштани мардуми бегуноҳ нобовариро нисбати  давлатдорӣ дар ин кишварҳо мехоҳанд барангезанд ва қудрати низомии худро нишон диҳанд. 
4. Бо силоҳу лавозимоти ҷангии ҳозиразамон таъмин будани ҳамаи ин гурӯҳҳои террористӣ.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки умумият байни ин ҳаракатҳо вуҷуд дорад. Хусусан вақтҳои охир амалиётҳои террористӣ дар ниқоби ҳифзи ислом зиёд шуда истодааст. Бо ин роҳ мехоҳанд худро ҳомии дин нишон диҳанд ва бо истифода аз эътиқоди мардум ва дараҷаи пасти маърифати сиёсӣ-динии ҷавонон сафи худро зиёд намоянд. Маълум аст, ки баъди солҳои 90-уми асри XX теъдоди марказу таълимгоҳҳои динии хусусӣ хеле зиёд шуда буд. Чун дар ин солҳо бар асари бӯҳрони сиёсию идеологӣ дигар қонугузории ҷорӣ дар амал татбиқ намегардид. Ҳаракатҳои тундгаро ин халоро бо  таълиму тарғиби ақидаҳои динии бегона пур мекарданд. Дар натиҷа  бегонашавӣ нисбат ба арзишҳои миллӣ дар ҷомеа тақвият ёфт.

Аз ваҳҳобия то салафия

Дар ин раванд таълими мазоҳиби дигар аз ҷумла мазҳаби ваҳҳобӣ ривоҷ ёфт. Масоили  муносибати қавму миллатҳо ва пайравони дину мазҳабҳои дигар дар таълимоти ин мазҳаб хеле тезу тунд аст. Аз ҷониби баъзе гурӯҳҳо барои фалаҷ кардани мактаби суннатии  мазҳаби ҳанафӣ кӯшишҳои зиёд шуданд, аммо ниҳоятан ба ягон натиҷа ноил нагардиданд.
Аз таърих ба мо маълум аст, ки баъзе уламои араб ва макотиби фиқҳии онҳо ҳанӯз дар замони зиндагии Имоми Аъзам ӯро ҳамчун фақеҳ ва асосгузори як мактаби фиқҳӣ эътироф намекарданд ва ҳатто дар  баъзе мавридҳо ӯро мавриди интиқод қарор медоданд. Айни ҳол ин аст, ки таълимоти ҳанафӣ як навъи ислоҳотхоҳӣ дар даврони бӯҳрони сиёсии ислом буд. Чунин  ихтилофи ақидаҳоро  аз анҷоми баъзе аз  аҳкоми ибодатӣ  дар кишвари Арабистони Саудӣ  бараъло эҳсос мешавад. Тадриҷан ихтилофҳои ақидавӣ миёни мактабҳои исломӣ хусусиятҳои идеологӣ-сиёсӣ касб карданд ва барои таъсис додани ҷараёнҳои нави тундгаро замина гузоштанд.
Намунаи ин ҳаракатҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷараёни салафия буд, ки дар Тоҷикистон низ бо истифода аз пастии сатҳи маърифати динии мо муддате фаъол гашт. Онҳо аввалан ҳамчун ислоҳотгарони дин дар ҷомеа шинохта шуданд ва аз рӯҳониёни суннатӣ дида бонуфузтар гаштанд. Оҳиста -оҳиста сафи худро аз ҳисоби навҷавонон, донишҷӯён, тоҷирон ва ҳатто занону духтароне, ки аз таълимоти ислом бехабар буданд, зиёд карда, ба масъалаҳои ақидавии мардум таъсиргузорӣ менамуданд. Барпо намудани баҳсу мунозираҳо ё сабти суханрониҳояшон дар фитаҳо ва паҳн намудани онҳо якбора таъсирашонро дучанд кард. Вале мақсади ниҳоии онҳо баъди халалдор кардани фазои динии кишвар аён гардид. Дар  рӯзномаву маҷаллаҳо дар бораи ин ҷараёни навпайдои динӣ баҳсу мунозираҳои зиёд ба чоп расиданд. Масъала то ҷое расид, ки таъқиби шаҳрвандон аз рӯи мансубияташ ба дину мазҳаб, беқурб гардонидани арзишҳои миллӣ- фарҳангӣ, ворид намудани тафриқа дар миёни пайравони мазҳаби ҳанафӣ, ки бештари аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, шуғли  муқаррарӣ гардид. Ин раванд ба  тезу тунд гардидани фазои иттилоотии кишвар ва аз ҳама муҳимаш хатари халалдор гардидани амнияти кишварро ба миён овард. Дар натиҷа  фаъолияти ин ҷараён расман дар кишвар қатъ шуд. Аммо барои решакан кардани боқимондаи ақидаи онҳо аз мафкураи ҷомеа кори зиёд талаб мекунад. Ин мушкилот на танҳо хоси Тоҷикистон аст, балки ҳамаи кишварҳои ҳамсоя низ гирифтори чунин мушкилот ҳастанд ва ҳар кадом мувофиқи имкониятҳои мавҷудаашон онро назорат ва танзим менамоянд.
Таҷовузи (экспансия)экстримизми динӣ ҷиҳати таъсис додани  пойгоҳ барои таълим додани ҷавонони аз улуми динӣ бехабар, ки фардо дар куштану тарконидани мардуми бегуноҳ, вайрон кардани шаҳру деҳоте, ки худашон дар он ҷо ба воя расидаанд, даст мезананд мусулмонони одиро ба ҳаяҷон овардааст. Аз ҳама даҳшатовар он аст, ки терроризм давлату сарҳад ва миллат надошта, хусусияти трансмиллӣ  гирифта, мусулмонони бегуноҳ қурбони ин бозиҳо шуда истодаанд.                       
Муҳимтарин масъала имрӯз дар  мантақа таъмини сулҳу осоиштагӣ, ҳамзистии мусолиматомези дин бо фарҳангҳои гуногун дар ҷомеа буда,  дар ин  раванд  бояд афзуд, ки ҳаракатҳои динӣ метавонанд бо дастгирии соҳибони хориҷиашон ҳамчун омили тағйир додани вазъияти сиёсӣ истифода шаванд. Мулоҳиза кардан зарур аст, ки  ҳар гуна амал ё ҳаракати беандеша ва ноогоҳона дар ин самт шояд самараи номатлуб ба бор оварад.


Маълумот
Шӯъба: Сомона
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 717
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 21:30
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2017