Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Қуръон шомили чанд сура аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 572



Теги

Дӯстон






Моро аз чодугарон халос кунед!



http://4.bp.blogspot.com/_oFDq9ses7ac/S9w-XYa0_uI/AAAAAAAAAio/2u2DGywn-yk/s320/amulets+photo.jpg


Зарафшон мулло надорад…

Водии Зарафшон сарзаминест фарҳангхез. Аммо дар ин водӣ имрўз 1 муллои воқеӣ намерасад, то мардумро аз хурофот вораҳонад. Водӣ ниёз ба муллои фарҳехтаву таҳсилдида дорад, ки тавонад дар баланд бардоштани маърифати исломии мардум, ба вежа насли ҷавон саҳм гузорад. Мутаассифона, бисёре аз насли калонсоли ин минтақа, ки дар замони режими динситезии Шўравӣ ба воя расидаанд, дар бисёр маврид нисбат ба арзишҳои дини ислом бетаваҷҷўҳ буда, ҳанўз дар ҳамон рўҳияанд.

Ин афрод ислоҳнопазиранд, лек дил ба насли ҷавон метапад. Насле, ки бо таъсири иддае аз ин бузургсолон ва бархе муллоёни худхоҳи ин сарзамин аз ислом фосила гирифтааст. Насле, ки аксарият аз маънавиёту маорифи исломӣ низ бебаҳра ва рў ба майнўшӣ ва амалҳои ғайриинсонӣ овардааст. Гуфтанӣ нестам, ки ин водӣ мулло надорад. Албатта, муллоҳои зиёде ҳастанд, ки дар миёни мардум обрў доранд, аммо 1 муллои воқеие, ки комилан дар хидмати мардум бошад, нест.


Мулло кист?

Вожаи мулло дар Фарҳанги забони тоҷикӣ ба ин маъноҳо омада: МУЛЛО а.ملا ­1. д. олими илми шариат. 2. д. ходими дини мусулмонӣ, махдум; муллоҳои расмӣ ходимони дин, рўҳониёни иҷро­кунандаи вазифае дар масҷиду мадрасаҳо (аз қабили имом, хатиб, мударрис). 3. босавод, саводнок; мулло кардан босавод гардонидан (касеро); мулло шудан соҳиби хату савод шудан. 4.ҳамчун калимаи эҳтиром ба номи шахсони босаводу соҳибмаърифат ва баъзе хешовандони арҷманд… илова карда мешавад: мулло Бадриддин, мулло Ғиё­сиддин...

То имрўз надидаам, ки домуллоҳои мўҳтарам дар роҳи ризои Оллоҳ ба манфиати ҷомеа коре карда бошанд.

Муллоҳои авторитет ва ҷодугари Зарафшон

Якчанд муллои обрўманд низ ҳаст, ки ин манзалатро на бо холисона фаҳмондани сухани Худо ба доираҳои васеи ҷомеа, балки бо роҳи ҷодугарӣ, гарму хунук, мушкилкушо, толеъ дидан ва ғ. соҳиб шудаву пул кор мекунанд. Яъне амалҳоеро сармашқи кори худ қарор додаанд, ки комилан хилофи фармудаи Худову Расули Худост ва ҷомеаро сўи торикиву ҷаҳолат ва гумроҳӣ мебаранд, ки ин худ дар ислом бузургтарин гуноҳ аст. Маҳз фаолияти ин гуна муллоҳост, ки ағлаби мардуми минтақа, хоса занҳо аз исломи ноб дур ва пойбанди хурофот шудаанд. Лек чӣ илоҷ? Ин муллоҳои зарафшонӣ метарсанд, ки агар омма аз воқеият бархўрдор шавад ва фарҳанги исломишон боло равад, ки бозорашон касод хоҳад шуд. Охир, сеҳру ҷоду даромади воқеии онҳост. Ин аст, ки мардумро дар қайди хурофот, ҷаҳолат ва ҷоду нигоҳ медоранд.

Вақте муллоҳои ба қавле "авторитет”-и водии Зарафшон ба ин амал машғуланд, пас аз дигарон чӣ ҷои гила? Наход, масъулияти мулло дар назди халқ ҳамин бошад? Дар ҳоле, ки онҳо 100% медонанд, ҷодугар рўйи биҳиштро намебинад, вале мутаҳаййирам, ки чаро эшон дидаву дониста ба номи пуршарафи МУЛЛО доғ меоранд? Онҳо бояд ойина ва ҷорўби ҷамъият бошанд, касро аз масири гумроҳӣ баргардонад, на баракс. Боқӣ, Худо доност.

Табрез Маҳмудов,

донишҷўи ДМТ, shams_8080@mail.ru

 

Ҷодугарон дар ҶТ?...

PS: Ҳмммм, воқеан ҳам ин матлаб хеле баҳсбарангез аст ва ин узви Ихвон-ал-СССР хеле ҷасур, ки наҳаросида мушкилро бардоштааст. Зеро агар ин мушкил дар Водии фарҳангхези Зарафшон ҳаст, пас проблеми кўчак нест. Биноан, холисанлиллоҳ, ин матлабро нашр карда, аз худи мардуми водии Зарафшони зархез, сокинони Мастчоҳу Айниву Панҷакент дархост дорем, ки ба баҳс қўш шаванд ва ҳақиқатро ҳаккокӣ кунанд, ки он, яъне ҳақиқат зодаи баҳс аст!

Лутфан, намояндагони ягон маҳалли дигар ба ин баҳс наздик нашаванд, ки кори шўхӣ нест ва шояд ба иззати нафси хонанда расад. Вале агар мушкиле дар дигар навоҳӣ ва водиҳо ҳаст (бовар дорем, ки ҳаст!), бигзор хонандаи ҳамон минтақаҳо нависанд ва мо онро чоп мекунем:

Мо Метавонем!


khatlonpress


Маълумот
Шӯъба: Тоҷикистон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 596
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 00:54
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024