Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Қуръон шомили чанд сура аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 572



Теги

Дӯстон






Мусохибаи Мавлоно Абдулҳамид дар мавриди туллоби точик



 Сунни-нюз: Ахийран пас аз эъломи давлати Тоҷикистон мабний ба истирдоди туллоби тоҷик аз мадориси динии кишварҳои хориҷи аз ҷумла Эрон, теъдоди зиёде аз туллоби мадориси динии аҳли суннати устони Систон ва Балуҷистон низ маҷбур шуданд то аз идомаи таҳсил мунсариф шуда ва ба кишвари худашон бозгарданд. Пойгоҳи иттилоърасонии сунни-онлайн бар он шуд то дар ҳамин мавзуъ бо ҳазрати Шайх-ул-Ислом мавлоно Абдулҳамид, раиси шурои ҳамохангии мадориси динии аҳли суннати устон, мусоҳибаеро анҷом диҳад. Ончи дар пай меояд машруҳи ин мусоҳиба аст:

Сунни-онлайн: Лутфан мухтасар дар мавриди ҳузури туллоби тоҷик дар мадориси аҳли суннати устон тавзеҳ диҳед.

Мавлоно Абдулҳамид: Пас аз истиқлол ва озодии мамолики исломи аз истеъмори шуравии собик, мусулмононе, ки ҳафтод сол дар хафкон ва фишор зиндаги мекарданд ва озодии дини ба сурати мутлақ аз онон салб шуда буд ва ҳафтод сол ъалайҳи ислом бо тамоми абзор ва имконот таблиг шуда буд, фарзандони муслимин барои фарогирии улуми дини ва шаръи ба билоди исломи сафар карданд ва дар ин миён ҷамъе барои касби илм ба Эрони исломи паноҳ оварданд, ки теъдоде аз ин бародарон ба манотиқи суннинишини кишвари Эрон ва масусан ба Систон ва Балуҷистон ва Зоҳидон азимат кардан. Шояд далели инки Балуҷистонро интихоб карданд ба хотири он бошад, ки бародарони тоҷик аз лиҳози мазҳаб ҳанафимазҳаб ҳастанд ва бо мадориси Систон ва Балуҷистон муштаракоти бештаре аз лиҳози фиқҳи доштанд. Мадориси динии Систон ва Балуҷистон аз бародарони тоҷик ба ин хотир истиқбол карданд, ки  мардуми азизи тоҷик аз истеъмори шурави тоза озод шуда буданд ва муддатҳои мадийде робитаи онҳо бо ҷаҳони ислом қатъ гардида буд ва акнун ниёз ба таълим доранд ва сазовори ҳамдарди ҳастанд.

Сунни-онлайн: Бо таваҷҷуҳ ба инки ахийран теъдоди зиёде аз туллоби тоҷик аз мадориси динии аҳли суннати Систон ва Балуҷистон ба кишварашон бозгардонида шуданд, ба назари ҷаноболи далели ин хуруҷи ҳамагони ва исрори давлати Тоҷикистон бар ин амр чист?

Мавлоно Абдулҳамид: Дар муддате, ки бародарони тоҷик дар минтакаи Систон ва Балуҷистон буданд ҳеҷ зараре барои давлат ва миллати Эрон надоштанд ва мардуми бисёр шикебо, сабур ва беозор буданд ва ҳатто як мавриди шикоят аз бародарони тоҷикро банда сурог надорад. Лизо асҳоби мадорис ва умум туллоби эрони аз бародарони тоҷик бисёр рози ва хушнуд буданд ва ба туллоби тоҷик таваҷҷуҳ доштанд. Аз соли гузашта масъулини Эрон пофишори карданд, ки туллоби тоҷик, ки дар минтақаи Систон ва Балуҷистон таҳсил мекунанд визаи таҳсили надоранд ва бояд аз мадориси дини ихроҷ ва ба Тоҷикистон баргардонида шаванд. Шоёни зикр аст, ки аз бадду вуруди туллоби тоҷик ба мадорис асҳоби мадорис ҳам мукотибатан ва ҳам шафоҳан ва ҳам бо ирсоли вуфуд ба теҳрон пайгири ин масъала буданд, ки муҷаввизи расми ва визаи таҳсили бигиранд. Аз соли гузашта расман мақомоти масъули Эрон пофишори карданд, ки бояд туллоби тоҷик ихроҷ шаванд ва асҳоби мадорис дар ин бора муқовимат карданд ва гуфтанд, ки ҳамон тавре ки ба туллоби тоҷики "Чомеъат ул-Мустафо" дар Кум ва дар Машҳад ва Исфаҳон ва Гургон визаи таҳсили додаед, ба туллоби тоҷик дар устони Систон ва Балуҷистон низ визаи таҳсили бидиҳед. Ва ба хамин хотир чанд нафар аз уламои саршинос ва шохис ба зиндон андохта шуданд ва уламои мо зиндонро қабул карданд. Ва мо гуфтем, ки туллобе, ки дар ҳоли таҳсил ҳастанд, таҳсили онҳо ноқис ва нотамом нашавад ва бояд ба ҷое бирасанд ва инҳо барои илм омадаанд ва роҳи илм барои онҳо масдуд нашавад ва кишвари Тоҷикистон тоза истиқлол ҳосил карда аст ва мардуми Тоҷикистон низ ниёзи шадид ба улуми шаръи доранд. Ин пайгириҳо идома дошт, то инки давлати Тоҷикистон тасмим ба бозгашти туллоби тоҷик, ки дар ин минтақа таҳсил мекарданд, гирифт ва ба хонаводаҳои онҳо фишор ворид кард. Лизо дар натиҷаи ин фишорҳо туллоб дар минтақа ба сурати гуруҳи дар холи бозгашт ба кишвар ҳастанд. Ва ҳудуди 120 нафар дар як гуруҳ аз мадориси мухталиф бозгаштанд ва қабл аз ин ҳам теъдоди зиёде бозгаштанд.

Сунни-онлайн: Раиси Чумҳури Точикистон иддаъо карда, ки мадориси динии хориҷ аз кишвар боиси эҷоди ифротгари ва ҷалби туллоб ба хушунат мешавад. Ба назари шумо ин иддаъо то чи андоза мантиқи ва дуруст аст?

Мавлоно Абдулҳамид: Он чизе, ки барoи мо мушаххас аст, ин аст, ки гузоришҳои ба давлати Тоҷикистон расида мабний бар инки дар мадориси Балуҷистон гароиш ба суи хушунат мавҷуд аст ва ин туллоби тоҷик мумкин аст тахти таъсири ин гароиш қарор бигиранд, дар холе, ки мо бо итминони комил метавонем бигуем, ки солимтарин ва беҳтарин маҳал барои таҳсили туллоби тоҷик мадориси Систон ва Балуҷистон ҳастанд. Зеро ҳам аз лиҳози мазҳаб аҳли суннат ҳастанд ва ҳам аз лиҳози фикҳҳанафимазхаб ҳастанд ва аз лиҳози хати машй роҳи эътидолро доранд. Байни ифрот ва тафрит буда ва қонунгаро ҳастанд. На эътиқоде ба хушунат доранд ва то кунун ҳеч мавриде пеш наёмадааст, ки уламо ва асотизи ҳавзахо бо хушунате даст дошта бошанд ва ё рози ба хушунат бошанд, ва ё дунболи тафриқа ва дудастаги байни ақвом ва мазоҳиби исломи бошанд. Аммо аз ҷоҳои дигар, ки туллoби тоҷик дар ончо машгули таҳсил будаанд, иттилоъе надорем.

Сунни-онлайн: Тибқи манобеъи мавсуқ, теъдоди зиёде аз туллоби тоҷик дар мадориси аҳли ташаййуъ дар Кум, Гургон, Машҳад ва гайра аз чумла дар "Чомеъат ул-Мустафо ал-Ъоламия" низ машгули таҳсил ҳастанд. Оё дастури бозгашти туллоби шомили ин мадорис низ шуда аст?

Мавлоно Абдулҳамид: То ҷое, ки банда иттилоъ дорам бо камоли таассуф ин фарохони танҳо мутаваҷҷеҳи туллобе шудааст, ки дар мадориси динии аҳли суннат машгули таҳсиланд ва туллоби тоҷике, ки дар мадориси динии шиъа дарс мехонанд ҳануз дар ин мадорис ҳузур доранд ва ин дастур шомили ҳоли онҳо нашудааст.

Сунни-онлайн: Тавсияи шумо ба мақомоти Чумҳурии Тоҷикистон дар қиболи ин мавзуъ чист?

Мавлоно Абдулҳамид: Орзуи мо ин буда, ки Тоҷикистон, ки тоза истиқлол ёфта ва кишвари навпо аст, ҳам дар арсаҳои дини ва ҳам дуняви тараққи ва пешрафт ҳосил кунад ва дар ин бора сирран ва ъаланан мо дуои хайр кардаем. Орзуи дигари мо ин буда, ки миллати Тоҷикистон бо ҳам иттиҳод ва инсиҷом дошта бошад ва амнияти пойдор. Ва мо ҳам ба шогирдони тоҷик  ҳамин тавсияро намудаем, ки барои ваҳдат ва инсиҷоми Тоҷикистон талош кунанд ва мояи ихтилоф ва тафриқа набошанд. Барои мо мояи афсус аст, ки кош мақомоти Тоҷикистон таҳқиқ ба амал меоварданд ва фурсат медоданд, ки таҳсилоти ин туллоб ба поён мерасид ва бо сармояи илм ба кишварашон бар мегаштанд. Мутмаинан онҳо ба ҷои зарар сад дар сад нафъ мебурданд. Хам акнун тақозои мо аз мақомоти Тоҷикистон ва шахси раиси чумхур ин аст, ки дар ин дастур ва фармони хеш таҷдиди назар кунанд ва таҳқиқи комил ба амал биёваранд. Хамчунин дилсузона ва хайрхохона ба ҷаноби "Имом Али Абдурраҳмон" раёсати муҳтарами Чумҳури Точикистон, ки инсони бисёр андешаманд ва фаҳими аст, ки баргузории конфронси Имоми Аъзам аз ибтикороти эшон аст, тавсия мекунем, ки дар кишвари хеш хамон гуна, ки тақозои демукросии воқеъи аст, озоди бидиҳад. Махсусан озодиҳои дини аз қабили баргузории намоз дар ҳар ҷои мумкин, озодии ташкили мадориси дини ва озодии таблиги  дин дар ҷомеъа вучуд дошта бошад. Зеро коршиносон муътақиданд дар ҳар кишваре, ки табъиз ва беадолати бар мардум, хусусан бар аҳли дин, фишор оварда ва озодии онҳоро салб намояд, он кишвар бо буҳрони ихтилоф ва ноамни мувоҷеҳ хоҳад шуд. Дар поён дуъои мо он аст, ки кишвари Тоҷикистон дар тамоми арсаҳои модди ва маънави тараққи намуда ва аз мушкилоту ноамни ва ихтилоф дар амон бошад. (Омин)

<


Маълумот
Шӯъба: Ҷаҳон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 3266
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 02:00
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024