Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Сайид ва пешвои қориён кист?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 279



Теги

Дӯстон






"Наҷотбахши миллат"



Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим 

«Наҷотбахши миллат»

Панҷшанбе, 04.10. 2012 дар китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими муаррифии китоби «Наҷотбахши миллат», ки онро ширкати аврупоии "Big Media group" ба чоп расондааст, баргузор гардид.

Хонандагон, мақсади мо аз пешкаш намудани ин мавзӯъ он аст, ки оё аз лиҳози шариат барои махлуқе додани чунин унвон дуруст аст ё не?

Бисмиллаҳир Раҳмонир Раҳим

Мардуми шариф ва мусулмонони Тоҷикистон, ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ!

Паёмбари гиромии мову шумо фармудааст: "Бегумон банда,носанҷида сухане мегӯяд, ки бо он сухан дуртар аз масофаи байни машриқ ва мағриб дар оташ меафтад”. Ҳадис муттафақун алайҳи аст. Бино бар ҳадиси фавқ калимаи "наҷотбахш” аз калимаҳое аст, ки бояд дар куҷо кор фармудани он дониста шавад.

Аз лиҳози шариат додани чунин унвон ба махлуқ  нодуруст аст, чунки ба ақидаи мову шумо мусулмонон ғайр аз Парвардигори олам дигар ҳеҷ наҷот диҳандае вуҷуд надорад, наҷот диҳанда танҳо Аллоҳ таъоло буда ва ҳар чӣ ғайри Аллоҳ аст, сабаб мешавад, на ин ки мустақиман таъсир гузор бошад, билфарз агар Эмомалӣ дар наҷоти миллат аз ягон махлуке саҳми арзандае медошт, бояд навишта мешуд, "Сабабгори наҷоти миллат”, на ин ки «Наҷотбахши миллат»,  вале боз ҳам агар ин ҷумла «Наҷотбахши миллат» аз ҷониби шахси мусулмоне ҷорӣ шавад, ҷои таъвил дорад ва таъвил ҳам онест, ки гуфта шуд, яъне мегӯем мақсади гӯяндаи ин ҷумла маънои маҷози он -"Сабабгори наҷоти миллат”-мебошад,агар ин таъвилро накунем ва маънои ҳақиқии ин ҷумла мурод бошад, хато ва ҳатто ширк мебошад, биноан – ҳамон гуна, ки қайд карда шуд - ба махлуқе додани чунин унвон дуруст намебошад.

Аммо дар бораи мӯҳтавои ин унвон ва татбиқи он дар шахси Эмомалӣ, ин саволро  ҳатман ворид месозад, миллатро аз чӣ наҷот дода аст?

Агар аз Ҷаҳаннам наҷот додааст гӯянд, комилан хато аст, чунки подшоҳе сабаби наҷоти миллаташ аз Ҷаҳанам мешавад, ки миллаташро аз ботил ба сӯи ҳаққ роҳнамоӣ мекунад, қонуни Аллоҳро комилан дар мамлакат ҷорӣ намуда, миллаташро барои риояти он во медорад, Эмомалӣ бошад, шариати Исломро куллан таътил намуда, мардумро бо қонуни ботили демократӣ роҳнамоӣ карда ва ба сӯи ботил бурда истода аст, ҳар кӣ аз қонуни ботили демократии Эмомалӣ ихтиёран итоат кунад ва ё ба ин қонуни зидди Қуръонӣ розӣ шаваду бе тавба бимирад, яқинан аз наҷотёфтагон нахоҳад буд.

Агар аз бекорӣ наҷот додааст гӯянд, нодуруст аст,зеро дар замони шӯравӣ бо вуҷуди озодии мардум дар интихоби ҷои кор, кам мардуме пайдо мешуд, ки  ба Русия барои кор биравад, чунки ҳама дар кишвар бо коре таъмин буданд, имрӯз адади оворагони тоҷики бекори Эмомалӣ "Наҷот” додаву барои пайдо кардани кор ба Русия ҳиҷрат карда, ба садҳо ҳазор мерасанд.

Агар аз лиҳози иқтисодӣ ва маишӣ гӯянд, пастарин ва қашоқтарин кишварҳои Осиёи Миёна, кишвари "Наҷот” додаи Эмомалӣ мебошад.

Агар аз лиҳози маънавӣ гӯянд, ба маълумоти радиои Озодӣ пахш карда, танҳо адади фоҳишаҳои кӯчагӣ аз "маънавиёт”-и ҳукумати Эмомалӣ баҳравар гадида ба зиёда аз 3000 расидааст, ба гуфти ин манбаъ фоҳишаҳои таҳсил карда, ки ин кори ҳаромро дар хонаҳо анҷом медиҳанду ба хиёбон намеоянд, дар ин рақам дохил намебошад. Ба маълумоти дар ин бора пахш намудаи сомонаи Озодӣ таваҷҷӯҳ фармоед:

Танфурӯшӣ дар Тоҷикистон амали ғайриахлоқӣ ба шумор меравад, на ғайриқонунӣ... (Ҳамагӣ чанд сол пеш Вазорати корҳои дохилӣ гуфта буд, ки то 3 000 зани танфурӯшро ба қайд гирифта, алайҳи 1000 ташкилкунандаи фоҳишахонаҳо парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ба эътиқоди соҳибназарон, теъдоди воқеии занони танфурӯш дар Тоҷикистон аз арқоми мақомоти расмӣ ба маротиб бештар аст...) сомонаи Озодӣ 06.03.2012.

Эй лаганбардорон ва маддоҳи атрофи Эмомалӣ ва эй таҳия ва чопкунандагони китоби «Наҷотбахши миллат» бар шумо ва Эмомалӣ шарм бод, миллататонро наҷоткуҷо,фосиду шарманда намудед!

Шояд  лаганбардорони Эмомалӣ ҷуз ин чизи дигаре гуфта натавонанд, ки солҳои 1992-1997 миллати тоҷик дар натиҷаи ҷангҳои дохилӣ, пароканда ва овора шуданд,Эмомалӣ тавонист ҳамаро ҷамъ намуд ва миллатро аз парокандагиву оворагӣ "наҷот” дод....

 Агар мо аз ин лиҳоз  ба Эмомалӣ унвони «Сабабгори наҷоти миллат»  додани бошем, ин сухан вақте метавонист маъное дошта бошад, ки худи Эмомалӣ миллатро овораву дарбадар кардагӣ намебуд, ин сухан вақте маъное медошт, ки Эмомалӣ дар ин хунрезиҳо дар тарафе қарор намедошт, дасташ ба хун оғушта набуда, бетараф мебуд, бо ақлу заковат ва бетарафиаш ҳар ду ҷониби даргирро ба мизи музокира нишонда бо насиҳатҳояш онҳоро ислоҳ кардагӣ мебуд.

Аммо Эмомалӣ дар ин хунрезиҳо тараф буд, хусусан баъди тавофуқоти дар сессияи шонздаҳум, дар шаҳри Хуҷанд ба даст омада, бо ҳамлаи низомӣ ва зиреҳпӯшҳои артиши рус ба Душанбе ворид шудани Эмомалӣ, хиёнати бузурге аз тарафи эшон бар миллати тоҷик ба шумор меравад ва ҳама бадбахтиҳову хунрезиҳо ва овора шудани ҳазорон мардумон баъди хиёнат намудан ва шикастани Эмомалӣ сулҳи дар ин сессия ба дастомад буд.

Дар яке аз ёдовариҳои давраҳои гуфтушуниди комиссиони оштии миллӣ,  вақте аз ҳайати тарафи давлат дар бораи баъди сулҳи дар Хуҷанд ба миён омада, бо зиреҳпӯшҳои артиши рус ба шаҳри Душанбе ворид шудани Эмомалӣ, пурсида шуд, ғолибан раиси он, бо ин маъно ҷавоб дод: "ҳама медонистанд, агар чунин намешуд, опазитсия боз давлатро ором намегузошт”чунин ҷавоб, гумони ба ҳақиқат наздикеро ба миён меорад ва он ин аст, ки онҳо аз гароиши мардум ба Ислом, манофеи худашонро дар Тоҷикистон зери хатар медиданд ва аз сулҳи дар сессияи шонздаҳум ба даст омада, нороҳат шуда буданд, ба Эмомалӣ маслиҳат доданд, ки бояд ба сулҳ нигоҳ накарда корро то охир расонад ва тарафи муқобилро барҳам шиканад.

Ҳузури як қисми ҳарбии Узбакистон дар ноҳияи Шаҳритӯс, оташ кушодани тонкҳои қисми ҳарбии дар Қурғон-теппа будаи Русия, ба тарафи мардум ва дар ихтиёри Эмомалӣ қарор доштани зиреҳпӯшҳои артиши рус дар ҳамлаи эшон  бар шаҳри Душанбе,, барои дуруст будани ин гумон ҳуҷҷат мебошад.

Имрӯз ҳар кӣ Эмомалӣ ва тарафи муқобилашро дар ба эътидол овардани авзоъи вақти ҷумҳурӣ ва поён додан ба хунрезиҳо ситоиш мекунад ё ғофилу аз ҳақиқат бехабар аст ва ё маддоҳи яке аз ин ду. Ҳақиқат он аст, ки "ҷанг андоз ва қозиву муфтӣ” ҳама худи бегонаҳое буданд, ки аз Исломӣ шудан ва истиқлолияти Тоҷикистон, хушашон намеомад, аммо ду тарафи даргир бошад, баъзеҳо аз аввал олати дасти бегонаҳо буданду ва баъзе дигар дар вақти наздик шудани тақсими ғанимати ин ҷанг олати дасти онҳо қарор гирифтанд.

Эмомалӣ аз ҳамон ибтидо олати дасти арбобонаш буда, барои муқобила бо ба истилоҳ ислоҳталабон ва Исломихоҳон, ҳамчун шахси арзанда интихоб шуда буд ва агар нақша тибқи дилхоҳи онҳо то охир ба пеш мерафт ва Эмомалӣ метавонист мухолифини худро комилан шикаст диҳад, қувваҳои мухолифини аз кишвар берун шуда, дар ғурбат несту нобуд мешуданду дигар дидори ватанро аз телевизорҳо медиданд ва Эмомалӣ ҳаргиз бо мақсади мусолиҳаи миллӣ дасти "покаш”-ро дар дасти "нопоки ба хуни миллат оғушта”-и мухолифин намегузошт, вале он тавр нашуд, мухолифин бо ҳар мушкилие буд, муқовимат карданд ва оҳиста-оҳиста ба ҷои заиф шудан қувватнок мешуданд, ҳазинаи идомаи ҷанги Эмомалӣ рӯз то рӯз боло мерафт ва онҳое,ки Эмомалиро  ба вартаи ҷанг кашонда буданд, тоқати пардохти ин ҳазинаи ҳамгуфтро надоштанд, он гоҳ гузинаи мусолиҳаи миллиро бар идомаи ҷанг тарҷеҳ дода барои ба эътидол овардани вазъи ба миён омада,  камари ҳиммат бастанд ва Эмомалиро бо додани "саҳм”- и комили ғанимати ин ҷанг, яъне подшоҳи ва мухолифинро бо додани "разх” ( чизе аз моли ғанимат), розӣ кунонданд ва ин ҳақиқатро бармало сохтанд,ки лаҷоми ҷангу сулҳ ҳама дар дасти бегонагон буда, Эмомалӣ демокративу истқлоли кишварашро не, балки подшоҳиро дар ивази аз даст додани истқлоли кишвараш ва оворагиву дарбадарии миллаташ мехоҳаду мухолифини "Исломихоҳ” ҳукумати Исломиро не, балки тикаи нонеро аз хони Эмомалӣ дар ивази дин ва Исломашон.

Агар Эмомалӣ  аз ростӣ мунҷии миллат мебуд, бо сад найрангу тақаллуб ва тағйирҳои мукарар ворид намудан дар қонун, барои меросиву хонаводагӣ кунондани курсии риёсати ҷумҳурӣ ҳаракат намекард, демократиеро, ки бар Ислом тарҷеҳ додааст, риоя мекард,бо ду давраи панҷсола "интихоб” шудан ба мақоми риёсати ҷумҳурӣ ҷойро холӣ мекард, миллионҳо пулҳои барои мардуми аз ҷанг осебдидаву бенаво қарз кардаашро - бо номи дурӯғини ба ҷаҳониён нишондодани обрӯйи Тоҷикистон - дар қасру қусур, манораву ҳайкал ва ғайра сарф намекарду тамоми вазифаҳои калидиро дар ихтиёри доираи тарафдоронаш қарор додаву миллион мардуми мусулмонро овораву саргардони Русия ва дигар кишварҳо гардонад.

Агар Эмомалӣ ҳадди ақал номуси миллӣ медошт, ҳамон гунае, иддаоҳо дорад, ки ҳимоягари давлати тоҷикон ва истиқлолияти он аст, барои ҳифзи курсии подшоҳи намоид,ба Русияи ишғолгар  боз 30 соли дигар иҷозати ишғоли кишварашро намедод, акнун  бори дигар собит шуд, ки Эмомалӣ пешво ва мунҷии миллат набуда, балки намояндаи русҳо барои дар ғуломӣ нигоҳ доштани миллати тоҷик ва вобаста нигоҳ доштани кишвари Тоҷикистон мебошад.

Аммо ҳукумати Исломӣ мехостагиҳо, агар рост мегуфтанд,ки барои барпо намудани ҳукумати Исломӣ меҷанганд,ҷанги байни онҳо ва ҳукумат, ҷанги мансаб не, балки ҷанги ақидавӣ, ҷанги куфру имон аст, - чуноне, ки худи онҳо ин иддаоҳоро доштанд – чӣ гуна баъди мусолиҳаи миллӣ маносиби давлатиро талаб намуданд? Магар давлат, ҳукумати Исломиро қабул намуда, аҳкоми онро ҷорӣ намуда буд, ки инҳо вазифа талаб намуда, дар он шомил шуданд? Ҳаргиз не, ҳукумат ҳамон ҳукумати демократии дунявӣ, қонунаш ҳамон қонуни собиқи аз Ленин ба мерос монда, ҳукумате, ки дирӯз ҳукумати куфр гуфта бо он меҷангиданд, имрӯз худи онҳо шомили он шуданд.

Эй касоне, ки имон овардаед, чаро суханоне мегӯед, ки худ иҷро намекунед? *Аллоҳ сахт ба хашм меояд, (ҳалокати бузург аст), ки чизе бигӯеду ба ҷой наёваред.(Сураи Саф, ояти 2-3).

Шумо мардуми мусулмону мӯҳтарам бидонед, ки наҷотбахши мову шумо Аллоҳ аст ва Эмомалӣ вақте сабаби наҷоти мардум аз хории дунё ва азоби охират шуда метвонад, ки мардумро бо Китоби Аллоҳ ва шариати Исломӣ роҳ барад, на бо роҳ ва қонуни ботиле, ки феълан дар он қарор дорад.

Ва охиру даъвоно анил ҳамду лиЛЛоҳи роббил оламин вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.

14-10-2012. Аз минбари муҷоҳидин.


irshod


Маълумот
Шӯъба: Тоҷикистон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 1170
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 17:08
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024