Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Кӯтоҳтарин сураи Қуръон кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 514



Теги

Дӯстон






Насли афғон аст ҳар як шеру шоҳину уқоб ... Тазоҳуроти густарда дар эътироз ба "беҳурматӣ" ба Қуръон



Тазоҳурот дар беруни пойгоҳи Багром

Тазоҳуркунандагон бо санг ба пойгоҳ Багром ҳамла карданд

Шумори зиёде аз афғонҳо дар наздикии пойгоҳи Багром дар шимоли Кобул дар эътироз ба "беҳурматӣ" ба нусхаҳои Қуръон дар ин пойгоҳ даст ба тазоҳурот задаанд.

Ин тазоҳурот пас аз он оғоз шуд, ки гузоришҳое дар мавриди оташ задан ва берун андохтани теъдоде аз китобҳои мазҳабӣ, аз ҷумла нусхаҳои Қуръон, дар ин пойгоҳ мунташир шуд.

Фармондеҳи кулли НОТУ дар Афғонистон дастури таҳқиқ дар мавриди ин гузоришҳоро дода ва нисбат ба ин ҳодиса аз афғонҳо пӯзиш хостааст.

Як масъули пулис теъдоди тазоҳуркунандагонро беш аз ҳазор нафар хонд.

Хабарнигори Би-би-сӣ дар маҳалли тазоҳурот мегӯяд, тазоҳуркунандагони хашмгин ба тарафи пойгоҳи Багром санг партоб карда ва шиъорҳои зидди Омрико сар медодаанд.

Хабарнигорон мегӯянд сарбозони НОТУ барои мутафарриқ кардани тазоҳуркунандагон ба тарафи онҳо гулӯлаҳои плостикӣ шиллик кардаанд.

Фармондеҳи пулиси Багром ба Би-би-сӣ гуфт, ки нусхаҳои нимасӯхтаи Қуръон ва бархе китобҳои мазҳабӣ ба маркази Кобул мунтақил шудааст.

Зоҳиран ин китобҳо дар миёни авроқу китобҳои ғайризарурӣ аз пойгоҳи Багром берун андохта шуда буд.

Бар асоси гузоришҳо, сарбозони НОТУ ин нусхаҳои Қуръон ва соири китобҳои мазҳабиро дар миёни ашёи ғайризарурӣ барои сӯзондан ба берун аз пойгоҳ интиқол доданд.

Аммо коргарони афғон, ки ин маводдро ба берун интиқол медоданд, мутаваҷҷеҳи мавҷудияти нусхаҳои Қуръон дар миёни он шудаанд.

"Ҳаргиз такрор нахоҳад шуд"

Тимсор (женерол) Ҷон Олен, фармондеҳи нерӯҳои НОТУ дар Афғонистон, таъкид карда, ки ин ҳодиса амдӣ (аз қасд) набудааст.

Ҷон Олен, фармондеҳи НОТУ дар Афғонистон

Сарбозони НОТУ барои мутафарриқ кардани тазоҳуркунандагон гулӯлаҳои плостикӣ шиллик кардаанд

Тимсор Олен дар эъломияе, ки мухотаби аслиаш мардуми Афғонистон аст, гуфта, ки кори берун андохтани китобҳо аз пойгоҳи нерӯҳои НОТУ дар Кобул фавран мутаваққиф шуда ва онҳо талош доранд то ин китобҳоро ба шакли муносиб ҷамъоварӣ кунанд.

Ӯ гуфта, ки НОТУ нисбат ба ин ҳодиса "аз раиси ҷумҳурии Афғонистон, аз давлати Афғонистон ва муҳимтар аз ҳама аз мардуми шарифи Афғонистон" пӯзиш мехоҳанд.

Дар эъломия омадааст: "Мо дар мавриди ин ҳодиса бо диққат таҳқиқ мекунем ва итминон медиҳем, ки ин гуна маворид дар оянда ҳаргиз такрор нахоҳад шуд."

Фармондеҳи умумии НОТУ дар Афғонистон афздудааст: "Ман ба шумо (мардуми Афғонистон) итминон медиҳам, таъаҳҳуд мекунам, ки ин амал ба ҳеч ваҷҳ амдӣ набудааст."

Ин эъломия чандин бор аз тариқи телевизиюнҳои маҳаллии Афғонистон пахш шуд ва хабарнигорон мегӯянд, фармондеҳи умумии НОТУ барои ҷилавгирӣ аз хушунат дар вокуниш ба "беҳурматӣ" ба китобҳои мазҳабӣ эъломияи худро бо эҳтиёт тартиб дода буд.

Ҳаводиси мушобеҳе дар гузашта боъиси чандин рӯз тазоҳурот дар саросари Афғонистон шуда ва дар мавориде ин тазоҳурот ба хушунат кашида шудааст.

Гурӯҳи Толибон дар мавориде барои барангехтани мардум алайҳи нерӯҳрои хориҷӣ ба интишори гузоришҳое дар мавриди иҳонат ба муқаддасоти динӣ аз сӯйи нерӯҳои НОТУ пардохтаанд.

Соли гузашта ҳадди ақал даҳ нафар аз кормандони Созмони Милали Муттаҳид дар тазоҳуроти хушунатомез дар Мазори Шариф кушта шуданд ва даҳҳо нафари дигар низ захм бардоштанд.

Ин тазоҳурот дар эътироз ба тасмими як кашиши омрикоӣ сурат гирифт, ки мехост нусхаҳои Қуръонро дар Флуридо ба оташ бикашад.


bbc


Маълумот
Шӯъба: Ҷаҳон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 524
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 18:23
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024