Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Оцените мой сайт
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 812



Теги

Дӯстон






Оё таҷовузгарон қабл аз соли 2014 аз Афғонистон фирор мекунанд?! Шиори тазоҳургарон дар Афғонистон: «Марг ба Амрико!»



1 баҳо)

Дар пайи тазоҳуроти густурдаи афғонҳо дар Кобул сафорати ИМА дар он кишвар баста шуд…

Дар пайи як тазоҳуроти зидди амрикоӣ ва эътирози мардуми Афғонистон барои тавҳини нерӯҳои низомиии Амрико ба муқаддасоти исломӣ, сафорати Амрико дар Кобул баста шуда, тамоми сафарҳои мақомҳои ин кишвар ба Афғонистон манъ гардид. Тибқи гузориши хабаргузории «Reuters» ҳукумати Амрико ба хотири тазоҳуроти эътирозомези мардуми хашмгини Афғонистон ба далели иҳонат ба муқаддасоти мусалмонон дар яке аз пойгоҳҳои ҳавоии нерӯҳои НАТО (Созмони паймони Атлантикаи шимолӣ) дар Багром рӯзи чоршанбе фаъолияти сафорати худро дар Кобул қатъ карда, тамоми сафарҳоро ба ин кишвар манъ намуд. ИМА дар иттилое, ки дар саҳифаҳои интернетӣ паҳн шудааст, зимни эълони баста шудани сафорати хеш ва манъ гардидани тамоми сафарҳо ба Афғонистон, инчунин бо ишора ба шиорҳои тазоҳургарон «Марг ба Амрико» ба коркунони худ дар ин бора ҳушдор додаст. Ин дар ҳар  ҳоле аст, ки  рӯзи чоршанбе,  рӯзи дуввуми эътирозоти мардуми Афғонистон алайҳи Амрико дар Кобул задухӯрде миёни шаҳрвандон ва нерӯҳои пулиси ин кишвар ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа чандин нафар ба ҳалокат расида, чанд тани дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Ҷиҳод алайҳи Амрико. Дар Афғонистон

Намояндагони маҷлиси Афғонистон бо эътироз ба сӯзондани Қуръони карим ва китобҳои мазҳабӣ тавассути низомиёни хориҷӣ, нишасти расмии рӯзи чоршанбеи худро бекор карданд. Тибқи иттилои манбаъ, теъдоде аз тазоҳургарон парчамҳои сафед ва шиорҳои зидди амрикоӣ боло бардошта, аз нерӯҳои хориҷӣ талаб менамуданд, қаламрави ин кишварро тарк намоянд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи сешанбе, 22. 02.2012 нерӯҳои  амрикоии мустақар дар пойгоҳи ҳавоии Багроми Афғонистон чанд шумораи  Қуръони карим ва китобҳои мазҳабиро оташ заданд, ки аз ин амали ношоями эшон  мардуми Афғонистон ба ғазаб омада, даст ба тазоҳурот заданд.

Тавре Абдурауфи Иброҳимӣ, раиси парлумони Афғонистон эълон намуд, Ҳомид Карзай, раисҷумҳури  кишвар дар  як номаи худ аз намояндагон ва сенаторҳои Амрико даъват намудааст, то рӯзи панҷшанбе барои машварат дар Кохи раёсати кишвар ҳозир шаванд. Бино ба навиштаи расонаҳои хабарӣ Ҳомид Карзай  барои таҳқиқи ин қазия ҳайъатеро таъйин намудааст. Ҳамчунин яке аз аъзои маҷлис, Абдусаттор Хаввосӣ низ афзудааст: «Бояд алайҳи амрикоиҳо ҷиҳод эълон намуда,  эшонро аз минтақа ихроҷ намоем». Бар асоси ин гузориш нусхаҳое аз Қуръонҳои сӯзондашуда ба Маҷлис интиқол дода шуданд, ки ин сабаби ба ғазаб омадани эшон гардид.

ozodagon


Маълумот
Шӯъба: Ҷаҳон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 563
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 01:06
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024