Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Кӯтоҳтарин сураи Қуръон кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 514



Теги

Дӯстон






Рӯзноманигори тоҷик: “Узри Обама нӯшдоруе баъди марги Сӯҳроб аст”



ahmadzodaБештар аз як ҳафта аст, ки дар Афғонистони ҳамсоя, ин кишвари ҷангзада ва мусибатрасида тазоҳуроти мардумӣ алайҳи Қуръонсӯзии сарбозони амрикоӣ дар пойгоҳи ҳарбии Багром идома дорад ва то ин дам бар асари хушунатҳо, ҳудудан сӣ нафар куштаву захмӣ шуданд. Амрико саросемавор аз тарси издиҳоми хашин дар Кобул фаъолияти сафорати худро мутаваққиф намуд. Дирӯз хабар расид, ки ду афсари амрикоиро дар вазорати мудофиаи Афғонистон парронданд. Субҳи рӯзи душанбе иттилоъ дода шуд, ки Олмон ва Фаронса мушовирони худро аз Афғонистон бозпас хонданд. Узри Обамаву Панетта ва дигар соҳибмақомҳои Амрикову НАТО дигар кора накард. Тазоҳурот ва хушунат ҳамоно идома дорад. Билохира, президент Карзай ҳам аз мардуми кишвараш даъват кард, ки хештандорӣ нишон диҳанд ва ба  дода нашаванд. Аммо мардум ҳамоно эътироз мекунанд, онҳо ҳамаро таҳаммул карданд, вале сӯзонидани Китоби Худоро натавонистанд таҳаммул кунанд. Онҳо ба гуруснагиву ташнагӣ, зери тирборону мушакборон монданҳо, бегуноҳ куштаву захмӣ шуданҳо тоқат карданд. Аммо вақте кор ба эҳсоси мазҳабӣ расид ва Қуръони Худоро зери по ва тӯъмаи оташ диданд, дигар сабру таҳаммулро аз даст доданд ва ба ин падидаи манҳус садои эътироз баланд карданд.

Дар сӯҳбате, ки бо журналисти шинохта ва муҳаррири ҳафтаномаи "Тоҷикистон" Абдумудассир Аҳмадзода доштем, пурсидем, ки оё ин китоби осмонӣ дар Багром тасодуфан сӯзонда шуд ва ё барномаи тарҳрезишудае буд? 

Сӯхтани Қуръони маҷид аз ҷониби ашхоси гуногун дар Ғарбу Амрико ва кашидани карикатураҳои Пайғамбари ислом (с) солҳои охир ба як навъ мўд даромадааст. Охирин чунин як ҳодиса, ки дар Афғонистон аз ҷониби сарбозони амрикоӣ роҳандозӣ шуд, на танҳо афғонҳо, балки тамоми аҳли исломро дар олам такон дод. Ҳоло эътирозҳо алайҳи ин амал дар худи ин кишвар ва нукоти алоҳидаи олам идома дорад.

Оё ин Қуръонсӯзӣ тасодуфӣ буд? Дар ин маврид ман шак дорам. Зеро, аллакай, як роҳиби амрикоӣ ва пасон пайравони ӯ дар Аврупою Амрико ин корро карданд ва бо ҳамин роҳ ба нозуктарин торҳои қалби мусулмонон нохун заданд. Чунин ба назар мерасад, ки ҳамаи ин аз як марказ тарҳрезӣ мешавад. Гумон дорам, ки бо рехтани равған ба оташи низоъҳои мазҳабӣ ин марказ мехоҳад майдони дунёи бе ин ҳам гирифтори бӯҳрони ҷангҳои мазҳабиро фарохтар созад. Зеро фурӯши аслиҳа, ба даст овардани фоидаи ҳангуфт бе чунин як "амалиёти қаблӣ" барои  бо ҳамдигар бештар ҷанг андохтани мусулмонон бо намояндагони адёни дигар имконнопазир аст. Гумон мекунам, ки ин як амали тарҳрезишуда аз ҷониби душманони аслӣ ва асосии олами ислом-саҳюнистҳо сурат мегирад. Зеро нуфузи онҳо чи дар Амрикою Русия ва чи дар кишварҳои аврупоӣ муқоисанашаванда аст.

Узри Обама ва барои ин аз рақиби интихоботии худ шунидани танқид ба ҷуз як бозии сиёсӣ чизи дигаре нест ва мисли нӯшдоруест, ки баъди марги Сӯҳроб расидааст.

Чун мо даъвои онро дорем, ки 98 фисади аҳолии кишвар мусулмонанд, албатт, ақаллан, бо як нота ва ё мактуби эътирозӣ мавқеи худамонро нисбат ба ин разолат бояд расман баён созем. 

Фирӯзи МУҲАММАД
"TojNews"

Маълумот
Шӯъба: Тоҷикистон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 365
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 15:34
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024