Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Муъҷизаҳои Мусо (а) кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 319



Теги

Дӯстон






Таассуб ва воқеият




Дар афкори доираҳои алоҳидаи кишвар баҳсе чарх мезанад, ки миллатро чи гуна бояд ба ваҳдат ва ҳамбастагӣ овард. Беҳтарин ҳадаф! Ташвиқи соҳибтамаддун ва соҳибфарҳанг будан ҳам мекунанд, вале худ ба дарраву рустоҳо тақсим мешаванд, бахусус дар долонҳои ҳукумат.

Ҳеҷ бовар намекунанд, ки ақл ва зеҳнияти онҳо зери юғи импературии собиқ хеле поин рафтааст. Ҳамон импературие, ки дар баробари пора шудани занҷири «васл» бисёр чизҳоро ошкор кард, ҳатто миллатҳои бостонии дар «бустон»-и импературӣ «советӣ»-шударо низ. Маҳз сиёсати «советӣ» шудан ва «баробар» карданҳо ҳуввияти онҳоро ба шиддат поин бурда, ки маҷоли пайдо кардани шинохти қаблии миллати хешро надорад.

Вале боз ҳам иддае аз файласуфон ва ҳуввиятбохтагон «ҷони попоик» мекананд, то тарзи «нави ҳамбастагӣ»- еро барои миллат пайдо намоянд. Онҳо аз таҷрибаи ба зӯр бурдани миллат зери чатри ягона кадом сабақе нагирифтаанд. Ва ҳар идеяву мафҳумеро ба хотири омезиши «нав»-ин пеш мегузоранд ва гӯё роҳи рушди миллатро ҷуё бошанд. Аммо дар пайдо кардани идеяи муносиб ба бумбаст расидаанд, чунки мағзи онҳо идеяеро ҷӯёст, ки ба гунаи импературии пешин бошад. Фаромӯш кардаанд, ки зери сояи ҳамон «идеяи бузург» бетартибиҳо ва ҷиноятҳои сангине сурат мегирифт.

Ҳоло пайваста дар ҳар нишасту суҳбатҳое ишора аз он мекунанд, ки бо пароканда шудани низоми пешин ва аз байн рафтани идеологияи он, халое ба вуҷуд омадааст ва набояд онро Ислом пур кунад. Ҳатто дар ҷо-ҷое бо сароҳат мегӯянд, ки ин хало аз ҷониби Ислом дар ҳолати пур шудан қарор дорад ва онро исломикунонӣ ном бурда, мафҳумҳоеро мисли «бунёдгароӣ» ва «ифротӣ» дар радифи он мегузоранд. Ва заррае мағзи онҳо ба ин фаҳм намерасад, ки Исломро болои ин миллат кадом нерӯи дохилӣ ва хориҷие таҳмил накардааст, инро бояд як раванди худшиносӣ ва табиӣ қабул кард. Миллатро бо ибораҳои сохта, мисли «поксозии бузург» дигар натарсонед. Агар худро дар фазои бегона роҳат мебинед, ин гуна роҳат барои миллат айни дард аст.

Тавтиа ё фитнаеро, ки ба хотири сохтан ва нишон додани далили «исломикунонии ҷомеа» ва хатари он роҳандозӣ кардед, ҳисоб шуда буд. Вале  аз ҳисоби Худованд бедарак будед, ки дар макри Зоти якто бечораед. Ҳоло худро ба мушкили навбатӣ мувоҷеҳ сохтаед, на миллатро, ки ҷои шукргузорист.

Ҳокими шаҳри Ваҳдат ҳам дар заминаи хоҳишоти маҳдуд ва бепояи худ қарореро таҳия карда, ба масоҷиди ноҳия паҳн кардааст. Дар он талаб карда мешавад, ки ҳама гуна маросими мардумӣ аз ҷониби сархатиби ноҳия раҳбарӣ шавад ва ба ҳеҷ каси дигаре ҳуқуқ дода намешавад, ки он ҷо ҳарф бизанад. Аммо ин гуна қарорҳо натанҳо хилофи раъйи мардуманд, балки беэҳтиромиест дар қиболи талаботи қонунгузории кишвар. Ахиран ҳам дар ҳамин ноҳия ширкатдорон дар як маросими видоъ ва ҷанозаи як чеҳраи исломии кишвар шоҳид гардиданд, ки мардум киҳоро болои даст мебардоранд. Чаро ҳокимони навоҳӣ, агар худро мусалмон ва мусалмонзода мегӯянд, иззат ва обуруро аз Худованд талаб надоранд? Оё хешро бо як ру бо мардуми хеш муъарифӣ кардан намехоҳед?

Дониста бошем, ки ҳама гуна чаҳорчубаи худсохта дар туии таърих шикаста шудааст, илло чаҳорчубаи Худованд, ки барои офаридаи хеш сохта аст.


Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода

«Наҷот»

nahzat


Маълумот
Шӯъба: Тоҷикистон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 403
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 15:40
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024