Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
Ҷаҳон [355]
Тоҷикистон [508]
Сомона [106]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Паёмбари мӯъмине, ки писараш кофир буд, ки аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 393



Теги

Дӯстон






Қурбоқахӯрҳо аз исломиёни Мали чӣ мехоҳанд?



Субҳи дирӯз, вақте ба сархати муҳимтарин хабарҳои ҷаҳон дида дӯхтам, ин хабар ба чашмам расид: СММ аз мудохилаи Фаронса дар бӯҳрони Мали пуштибонӣ кард. Ва ёдам омад, ки ин чанд рӯзи охир мақомоти олирутбаи Фаронса, бахусус, президенти он Франсуа Олланд дар мавриди пуштибонӣ аз ҳукумати расмӣ ва зидди шӯришчиёни мусалмон ҷангидан изҳоротҳои пайи ҳам мекарданд. Ва дӯсти ҳамкорам, ки зоҳиран ӯ низ қазияро пайгирӣ мекард, суол гузошт: "Ин қурбоқахӯр дар Мали чӣ гум кардааст?"

Филҳол дар зеҳнам ин суол гардон шуд: "Ҷумҳурихоҳ Бушу демократ Обама дар Афғонистону Ироқ  чӣ меҷустанду меҷӯянд?"
Оре, як савол ба ду кишваре, ки агар соддатар гӯем, ба мамолики садҳо фарсах дури худ таҷовуз кардаанд, мӯҷиби вайрону валангор шудани садҳо рустову шаҳрҳо шудаанд, мардуми бенаво ва ғариби мусалмонро бехонаву дар кардаанд ва муҳимтар аз ҳама, даҳҳо ҳазор танро аз ҷони ширинашон ҷудо кардаанд. Ва ҳолати басо аҷиб аст, ки баъзан ба қонунҳои нонавиштаи ҷангал ҳам дуруст намеояд.

Шери ҷангал, маъмулан, бешаи худ ва ҳамсоягонашро метавонад мавриди назорат қарор диҳад, вале мутаҷовизини замони нав аз қитъае ба қитъаи дигар меоянд, то низоми давлатдории худро дар он ҷорӣ созанд. Ва таърихи башар ин гуна хуношомиҳоро зиёд дидааст, ки оқибат ба шикасти шармандавори мутаҷовизин ба поён расидааст. Вале парадокс: онҳо ҳам меҷанганд ва ҳам сулҳ мекунанд. Ва баъди харобиву ғасбу куштори гӯшношунид аз сулҳ ҳарф мезананд ва барои ин сазовори мукофоти Нобел мешаванд. Кош, ин Нобел як бор аз гӯр берун мешуд ва ҷоизаҳои худро аз дасташон кашида мегирифт. 

Мали - кишваре дар Африқои Ғарбӣ буда, дорои наздик ба 13,8 миллион аҳолӣ мебошад. Бо он ки 90 дар сади аҳолии он мусалмонони суннимазҳаб мебошанд, дар ҳеҷ таҳаввулоти ахир аҳли ислом соҳиби қудрат нашуданд. Имрӯз ҳам, ки аз ҷумлаи аҳзоб ва ҳаракатҳои сернуфуз ва қудратманд мебошанд ва талош доранд барои истиқлолияти кишварашон гомҳои устувор бардоранд, ба таҷовузи хориҷӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Ин ҳам боз дар ҳолест, ки аллакай коршиносон ҳадс мезананд, ки ҳатто артиши пуриқтидори Фаронса наметавонад бидуни пуштибонии муттаҳидонаш назму суботро дар ин мамлакат ҷорӣ созад.

Мали дар гузашта мустамликаи Фаронса буд ва ҳатто як бахш аз қаламрави ин кишвар маҳсуб мешуд. Ва ин таҷовузи ошкор ва ғасби қаламрав аз ҷониби Порис аз нимаи дуюми асри 19 оғоз шуда буд ва то моҳи сентябри соли 1960 идома дошт. Ҳудудан як асри мустамлика Малиро ҳатто аз забони миллиаш ҷудо кард ва имрӯз ҳам бо вуҷуди истиқлолияти давлатӣ касб карданаш, бо гузашти бештар аз 70 сол ҳам забони расмии он фаронсавӣ боқӣ мондааст. Фарҳанги исломӣ ҳатто дар ин ҳафтод сол натавонист ҷойгузини фарҳанги ғарбӣ шавад. Ва боз: Фаронса ҳам натавонист он хӯи мустамликадориро аз худ дур кунад. Ин буд, ки баъди 73 сол бӯи дубора ба мустамликаи худ даровардани Мали ба машоми сотсиалистҳои фаронсавӣ зад ва онҳо бо баҳонаи он ки ин кишварро исломиҳо соҳиб мешаванд, акнун бо як артиши сар то пу мусаллаҳ вориди ин мамлакат шуданд.

Ва аз аввалинҳо шуда, вазири умури хориҷии он Лоран Фабиус се ҳадафи аслии таҷовуз ба хоки Малиро расман шарҳ дод: нигоҳ доштани ҳаракати исломхоҳон ба самти пойтахт, ҳифзи тамомияти арзии Мали ва таъмини бехатарии фаронсавиҳои сокини ин кишвар. Ва ҳамон шеваи амрикоии ҳамла ба хоки бегона: агар наравем, исломиён Малиро "ба кишвари террористӣ табдил хоҳанд дод”. Вале ҳамзамон бо ин, Лоран Фабиус қайд кард, ки Париж наметавонад нақши кафили ҳамешагии амният дар Малиро ифо кунад. Фаронсавиҳо ҳамагӣ аз чанд ҳафтае беш намемонанд ва баъдан, неруҳои африқоӣ зидди исломгароён хоҳанд ҷангид. 

Ин дар ҳолест, ки гузоришгари "Фигаро” мегӯяд, ин амалиёт дурудароз хоҳад буд, на ба он ҳадде ки сарварони Фаронса мепиндоранд.
Ҳоло қарор шудааст, ки Нигерия -  600,  Сенегал, Буркина-Фасо ва Того дар якҷоягӣ то 500, Бенин 300 сарбоз фиристанд. Давлатҳои Иттиҳоди Аврупо гуфтаанд, ки аз амалиёти Фаронса пуштибонӣ мекунанд, вале сарбозони худро намефиристанд.

Франсуа Олланд эълон кард, ки дар айни замон ба Мали 750 сарбоз фиристодааст, вале ин шумора меафзояд ва ҳадди ақал, ба 2,5 ҳазор нафар мерасад. 
Ва дар хотима мехостам руҷуъе ба нашрияҳои чопи Фаронса кунам, ки чӣ гуна аз ин таҷовуз истиқдол кардаанд. Аз ҷумла, нашрияи "Либерасон"-и чопи Порис дар охирин шумораи худ ба суоли чаро Фаронса бидуни ҳамоҳангӣ бо муттаҳидонаш худ мустақилона вориди амал шуд, менависад, ки ин "кишвар масъулият ҳис мекунад. Мустаъмараи собиқ дар хатар аст ва кӣ метавонад ба он кӯмак расонад, агар соҳибмустамлика ба додаш нарасад?"

Вале фаронсавиҳои қурбоқахӯр фаромӯш кардаанд, ки асри 21 асту низоми мустамликадорӣ кайҳо барҳам хурдааст. 

Фирӯзи МУҲАММАД

tojnews

Маълумот
Шӯъба: Ҷаҳон
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 1444
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 01:24
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024