АҚИДАИ МО НИСБАТ БА ҲАҚИҚАТИ МАВҶУДОТ
Аллома Абуҳафс Умар ибни Муҳаммади Насафӣ мегўяд: Аҳли ҳақ ақида доранд, ки ҳақоиқи ашё собит аст. Илму донишеро, ки мо дар бораи ашёи мавҷуд дороем воқеъӣ мебошанд.
Дар ин масъала Суфистоиҳо хилофи ақидаи моро муътақиданд.(Аз Ақоиди Насафӣ)
ТАҲҚИҚ
САВОЛ: Аллома
Насафӣ кист?
Яке аз бузургтарин олимони Самарқанд мебошад, ки дар соли
461 ҳиҷрӣ ба дунё омада ва дар соли 537 ҳиҷрӣ вафот кардаанд. Номбурда
аз бузургтарин устозони соҳиби Ҳидоя ба шумор меравад ва дар илми фиқҳ
ва луғат таснифоти бисёре доранд. Соҳиби китоби Неброс аллома Фарҳорӣ вайро аз ҷумлаи муҷтаҳидони фиқҳи ҳанафӣ гуфтааст.
Инчунин афзудаанд, ки аллома Насафӣ дар фиқҳ ҳанафӣ ва дар ақида аз пайравони Абумансури Мотуридӣ будаанд.
САВОЛ: Мурод аз ҳақ чист?
Дар асл ҳақ ончиро мегўянд, ки ҳақиқат дошта бошад. Аз ин дидгоҳ ахбор, ақида, дину мазҳаб ва ғайраро
агар дар ҳақиқат ҳақ бошанд ҳақ гуфтан дуруст мешавад. Аммо мурод аз
ҳақ одатан ончизест, ки дар муқобили ботил қарор дорад ва зидду нақиси
он мебошад.
САВОЛ: Мурод
аз аҳли ҳақ кист?
Агар ин масъаларо дар сатҳи тамоми олам барасӣ намоем
мурод аз он аҳли ислом аст. Аммо агар танҳо олами исломро дар назар
бигирем мурод аз он аҳли суннат ва ҷамоъат мебошад.
САВОЛ: Мурод аз қавли Насафӣ "ҳақоиқи ашё собит аст",чист?
Мурод аз он ин ҳаст, ки вуҷуди олам ва ашёи дар он буда ваҳмӣ ва хаёлӣ набуда, балки ҳақиқӣ ва воқеъӣ мебошанд.
САВОЛ: Мурод аз қавли Насафӣ" Илму донишеро, ки мо дар бораи ашёи мавҷуд дороем воқеъӣ мебошад. ", чист?
Мурод
аз он ин ҳаст, ки ҳар тасаввуроте, ки мо дар бораи вуҷуди олам ва ашёи
дар он буда бохабарем хаёлу сароб намебошанд ва ба ҳақиқати онҳо
мутобиқат ва мувофиқат мекунад.
САВОЛ: Насафӣ бо ин қавлаш: " Дар ин масъала Суфистоиҳо хилофи ақидаи моро муътақиданд ." чиро дар назар дорад ва суфаситоиҳо киҳо мебошанд?
Ақидаи
ҳақу рост будан ва ҳақиқат доштани олам ва ашёи дар он бударо
суфаситоиҳо мункиранд ва оламу мавҷудоти онро ваҳмӣ ва хаёлӣ
мепиндоранд. Суфаситоиҳо тоифае аз тоифаҳои файласуфон мебошанд.
САВОЛ: Мо бо кадом далел ақидаи ононро рад мекунем?
Аммо
ба таври умум тамоми Қуръони карим ва ҳамаи аҳодиси шариф далел шуда
метавонанд. Зеро вуҷуди Қуръону Суннат ҳақ аст, ва ин ду аз умур ва
ашёи ҳақ хабар медиҳанд ва инсону ҷинҳоеро мавриди хитобу таълим қарор
додаанд, ки вуҷудашон ҳақ мебошад. Инкори ҳақиқати ашё инкори тамоми
Қуръону Суннат ва таълимоти тамоми адёни самовиро лозим медорад.
Аммо ба шакли хос дар ояти 74 сураи Қамар Аллоҳ таъоло чунин хабар додаанд: "Мо
тамоми ашёро ба тақдир халқ кардаем". Дар ин оят Аллоҳ таъоло хабар
додаанд, ки мавҷудотро офаридаанд. Яъне аз адам ва нобудӣ ба олами
ҳастӣ ва вуҷуди ҳақиқӣ овардаанд. Чуноне мо медонем тамоми ончиро Аллоҳ
таъоло халқ кардаанд
ҳақиқат
дорад ва ваҳмию хаёлӣ намебошад Дар ояти 191 сураи Оли Умрон Аллоҳ
таъоло бандагони боимонашро сифат мекунад, ки ба мавҷудоти олам назар
намуда чунин мегўянд: "Парвардигори моён, ту инро
(оламро) ботил наофаридаӣ! Ба покӣ туро ёд мекунем, моро аз азоби дузах
наҷот бидеҳ." Аз ин ояти карима чанд чизро дониста мешавад: 1-Олам
ва тамоми мавҷудоти онро Аллоҳ таъоло офаридааст. 2-Мавҷудотро Аллоҳ
таъоло ботил, яъне беҳадафу хаёлӣ халқ накардааст. 3-Касе ақида дорад,
ки Аллоҳ таъоло олам ва мавҷудоти онро ваҳмию хаёлӣ ва беҳудаву беҳадаф
офаридааст, бедин ва аз ҷумлаи дузахиён мебошад.