Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
ЗИКРҲО АЗ ҚУРЪОНУ СУННАТ [16]
АҚИДА [65]
ТАВҲИД - АҚИДА
ҚУРЪОН [21]
ҲАДИС [59]
ФАТВОХОНА [191]
ИСЛОМ [194]
Одоб ва Ахлок [121]
ҲАРОМ ВА ҲАЛОЛ [110]
СИРАИ ПАЙҒАМБАР [21]
ЗАНҲОИ ПАЙҒАМБАР [14]
ҲАЁТИ САҲОБА [30]
ОИЛА ВА НИКОҲ [198]
ТАЪРИХ [37]
ҶОМЕА [86]
ЗАН ДАР ИСЛОМ [85]
ҶАХОН [5]
АШЪОР [2]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Кадом зан аст, ки номаш дар Қуръон зикр гардидааст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 394



Теги

Дӯстон






Ҳамсаратро аз назари шайтонҳои инсӣ нигоҳ дор!



Ҳамсаратро аз назари шайтонҳои инсӣ нигоҳ дор!

Чӣ гуна мард дар байни мардум дасти ҳамсарашро гирифта, дар ҳоле ки занаш, худро зинат дода ва атр задааст, меравад?!

Туро ба Худо (ҷ) савганд медиҳам, эй шавҳари мусалмон, чӣ гуна розӣ мешавӣ, ки марди бегона ба ҳамсарат чашм дўхта зебу зинат ва қаду қомати ўро тамошо кунад?!

Оё нисбати ҳамсарат нангу номус надорӣ? Фарз кардем, ки шумо доред, пас барои чӣ ба ҳамсарат иҷозати берун шуданро ба он шакл медиҳӣ? Оё ба хотире, ки шумо ба тасарруфоти ў назорат карда наметавонед?! Ё аз оқибати кори худ ва кори ў огоҳ нестед?

Ба ҳадиси Паёмбари гиромӣ (с) гўш диҳед, ки мефармояд:

«Ду гурўҳ аз аҳли оташ (дўзахӣ) ҳастанд, ки онҳоро ман  надидаам: Мардуме ҳастанд, ки бо худ қамчинҳо доранд монанди думи гов, бо онҳо мардумро мезананд ва занҳои нимбараҳнаву урён...».[1]  

Уламо мегуянд: Занҳои нимбараҳнаву урён, яъне либоси нозуку тунук мепўшанд, ки андомашон намоён мегардад ё либоси танг мепўшанд, ки авраташон намудор мешавад.

Оё ҳадиси Паёмбар (с)- ро шунидаӣ, ки мегўяд: «Ҳар зане, ки атр зада, аз назди мардум мегузарад, то бўи онро бибуянд, пас ў чунину чунон аст. Яъне зинокор аст».[2]

Пас агар дар ҳақиқат рашк дошта бошед, ба шумо лозим аст, ки ҳамсаратонро панду андарз диҳед ва сухани таъсирнок ба ў бигуед, то ин либосе, ки андоми занро намудор месозад ба бар накунад ва либосе пушад, ки авратро сатр кунад. Шумо дар ислоҳи ҳамсаратон оҳиста-оҳиста қадам ба қадам пеш равед, шояд Худованд (ҷ) ўро ислоҳ намояд.

Маро маъзур доред, то бигўям аз аввал хато аз шумост, зеро ихтиёри нодуруст намудед ва касеро ихтиёр намудед, ки андоми худро аз назари мардум намепўшад. Ва шумо барои ислоҳи ин хатои ҳамсаратон масъул ҳастед. Эй шавҳари мусалмон, аз даъватгароне ки ба сўи оташи дўзах мардумро мехонанд, барҳазар бош.

Онҳо ба шумо мегўянд: зан дар пўшидани либоси худ озод аст, чи тавре хоҳад мепушад, ин озодии шахсӣ аст.

Ба онҳо гуед: озодӣ дар сояи таълимоти Исломи азиз ва пойбанд будан ба манҳаҷи илоҳист. Оё инсон масалан озод аст, ки касеро хоҳад бикушад? Ё озод аст, ки моли касеро ғорат кунад?

Бале зан озод аст, лекин дар сояи чанг задан ба қонунҳои Илоҳӣ ва шариъати Ў (ҷ) дар рўи замин ва қонуни Худованд  (ҷ) дар бораи занҳо.

Каломи Худованд:

وَلْيَضْرِبْنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَى جُيُوبِهِنَّ وَلَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا لِبُعُولَتِهِنَّ

«Ва ба занони мўъмин бигў, ки чашмони хеш бибанданд ва шармгоҳи худ нигоҳ доранд ва зинатҳои худро ҷуз он миқдор, ки пайдост, ошкор накунанд ва миқнаъаҳои (рўймолҳои) худро  то гиребон фурў гузоранд ва зинатҳои худро ошкор накунанд, ҷуз барои шавҳари худ»[3]

Ба дурустӣ намоиш додани зан қафаси сина, мўй ва дастони то китф урёни худро назди ғайри шавҳар, озод будани занро ифода намекунад, балки ин амал зиёнест ба худи зан ва барои дигарон.



[1] Ин ҳадисро Муслим ривоят кардааст.

[2] Ин ҳадисро Абўдовуд ва Тирмизӣ ривоят кардаанд.

[3] Сураи Нур, ояти 31.


Номи китоб: Чӣ бояд кард, то ҳамсарат туро дўст дорад?

Муаллиф: Одил Фатҳӣ Абдуллоҳ

Аз арабӣ тарҷумаи: Муҳаммадиқболи Садриддин


Маълумот
Шӯъба: ОИЛА ВА НИКОҲ
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 980
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 16:19
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024