Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
ЗИКРҲО АЗ ҚУРЪОНУ СУННАТ [16]
АҚИДА [65]
ТАВҲИД - АҚИДА
ҚУРЪОН [21]
ҲАДИС [59]
ФАТВОХОНА [191]
ИСЛОМ [194]
Одоб ва Ахлок [121]
ҲАРОМ ВА ҲАЛОЛ [110]
СИРАИ ПАЙҒАМБАР [21]
ЗАНҲОИ ПАЙҒАМБАР [14]
ҲАЁТИ САҲОБА [30]
ОИЛА ВА НИКОҲ [198]
ТАЪРИХ [37]
ҶОМЕА [86]
ЗАН ДАР ИСЛОМ [85]
ҶАХОН [5]
АШЪОР [2]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Сайид ва пешвои қориён кист?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 279



Теги

Дӯстон






Ҷашни Мавлуди Расулаллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам)




Таълифи : Абўабдуллоҳ Исҳоқ бин Абдуллоҳ бин Муҳаммад Дабирӣ


Муқаддима;

Бисмиллоҳи ва-л-ҳамду лиллоҳи ва-с-салоту ва-с-салому ъало Расулиллоҳ

«Эй касоне, ки имон овардаед, он чунон ки шоистаи тарс аз Худост, аз Ӯ битарсед ва дар ҳолати мусалмонӣ миред.» (Оли Имрон, 102)

«Эй мардум, битарсед аз Парвардигоратон, он, ки шуморо аз як тан биёфарид ва аз он як тан ҳамсари ӯро ва аз он ду мардону занони бисёр падид овард. Ва битарсед аз он Худое, ки бо савганд ба номи Ӯ аз якдигар чизе мехоҳед ва зинҳор аз хешовандон мабуред. Албатта Худо назораткукандаи шумост!» (Сураи Нисо, 1)

«Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва сухани дуруст бигӯед.Худо корҳои шуморо ба салоҳ оварад ва гуноҳонатонро бибахшояд. Ва ҳар кӣ ба Худову паёмбараш итоъат кунад, ба комёбии (зафари) бузурге даст ёфтааст.» (Сураи Аҳзоб: оёти 70 ва 71).

Ин китобро дар бораи ҷашни мавлуди Расулаллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) навиштам то ба хондани он мардум ба ҳақиқати ин бидъат пай бибаранд ва бидонанд, ки дини Худо комил аст ва эҳтиёҷ ба кам ё зиёд кардани он нест. Зеро ки , саҳоба ва тобеъин ва мусалмонони се қарни аввали Ислом хеле бештар ва беҳтар аз мо ба сўи некиҳо ва хубиҳо майл доштаанд ва ҳаргиз некӣ ва суннате аз Расули Худоро раҳо накардаанд то ин ки мо дар ин замона ба он суннат расида бошем.

Чанде қабл ин мавзўъро ёддошт карда будам, то дар фурсати муносиб ба он бипардозам. Инак мекушам онро ба сурати китоб дарорам ва дастраси алоқамандон қарор диҳам. Умед аст бо мутолиаи он ва давре аз таъсуби кур курона, ба сўи ҳақиқат ва ростӣ бозгардем ва ҳавою ҳавасро канор гузошта ва фақат пайрави Қуръону суннати Расулаллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бошем, то дар рўзи қиёмат аз растагорон бошем.

Рабби ал аввал, 1420 ҳиҷрӣ.
Исҳоқ бин Абдуллоҳ бин Муҳаммад Дабирӣ

Оё лозим аст мавлуди Расули Худоро
(саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҷашн бигирем ?

Аз ҷумлаи усуле, ки мо бояд ба он эътиқод дошта бошем ин аст ки Худованд дини Исломро комил кард ва онро комилтарини динҳо қарор дод ва неъмати худро бар мо тамом намуд. Дар натиҷа баъд аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) кам ё зиёд кардани дин, дар ҳаёт ихтиёри ҳеҷ фарде нест.
Худованд мефармояд:

«Имрӯз дини шуморо ба камол расонидам ва неъмати худ бар шумо тамом кардам ва исломро дини шумо баргузидам». (Сураи Моида-3 )

Расулаллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуда:

Шуморо бар беҳтарин роҳ тарк кардам, шаби он мисли рўзи он возеҳ ва ошкор аст, аз он роҳ мунҳариф намешавад магар он ки ҳалок ва гумроҳ шавад. (Аҳмад ва ибни Моҷа)

Пас ҳар мусалмоне, ки ба дунболи роҳи наҷот аст бояд ки фақат ва фақат пайрави он чи Худо ва Расулаш, овардаанд, бошад ва иҷозат надиҳад чи худ ва чи каси дигар чизе ба дини Худо бияфзояд ё аз он кам кунад.
Бинобар ин толиби ҳақ ва дўстдори суннати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҳеҷ коре анҷом намедиҳад ҷуз он ки Худо ва Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба он амр фармуда бошанд. Ва инҷост, ки уламо ва донишмандони исломӣ мегўянд : «Воҷиб шудани ибодатҳоро Худованд таъййин фармуда аст ва ҳеҷ инсоне ҳаққи дахолат дар онҳоро надорад».
Чунонки Худованд мефармояд:

«Дар ҳар чӣ ихтилоф мекунед, ҳукмаш бо Худост».(Сураи Шўро, 10)

Ва ҳамчунин мефармояд:

«Бигў: Агар Худоро дўст медоред, аз ман пайрави кунед то Худо шуморо дўст бидорад ва гуноҳҳони шуморо биомурзад .» (Сураи Оли Имрон, 31)

Ва Расулаллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуда:

Ҳар касе дар дини мо чизи нав биёварад ки ҷузъе аз он набошад, он амал назди мо мардуд ва ғайри қобили қабул аст. (Мутаффақун алайҳи)

Ва низ фармуда аст :

… وإياكم ومحدثات الأمور فإنَّ كل محدثة بدعة وكل بدعة ضلال

Бипарҳезед аз он чизе дар дин, ҷадид ва нав оварда шудааст ; зеро ҳар нав ва ҷадиде дар дин, бидъат аст ва ҳар бидъат, залолат ва гумроҳист. (Мутаффақун алайҳи)

Ва бояд донист ,ки ((كل)) дар ҳадиси боло ҳама чизро ва ҳама касро дар бар мегирад ва шомили анвоъ бидъатҳо мешавад.

Бародар ва хоҳари муъмин! Агар он чи то кунун дар боло оварда шуда, барои ту возеҳ ва рушан аст ва аз рўи яқин ба он эътиқод дорӣ, бидон ки ҳар гуфтор ва кирдоре ки чузъе аз ибодатҳо маҳсуб мешударо бояд бо тарозуи дин санҷид ки оё ин амал бар гирифти аз Ислом аст, ё тоза вориди дин шуда аст, оё аз суннатҳои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аст, ё аз бидъатҳост ?
Акнун бо зикри намуна , мавзўъро рушан мекунам.

Замони пайдоиши ҷашни мавлуди ҳазрати Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам)

Ибни Касир дар (ал-Бадоят вал Ниҳоят 11/172) мегуяд, ки давлати фотимия (ал-Абидия)-ки нисбати онҳо ба Убайдуллоҳ бин Маймун ал-Қадоҳ яҳуди мерасад ва дар Миср аз соли (375 то 576 ҳиҷри қамарӣ) ҳукмфармои карданд - ҷашнҳоеро рўи кор оварданд, ки аз ҷумлаи онҳо таваллуди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мебошад. Ҳамчунон Қурмузи дар китоби (ал-Мавоиз ва ал-Эътибор 1/490) ва Шайх Муҳаммад Бахитул Матеи муфтии Миср дар китоби (аҳсанул Калом фи мо ятаалуқ бил суннати вал бидъат минал аҳком , с. 44-45) ва Шайх Али Маҳфуз дар китоби (ал Ибода фи мазорил ибтидо, с. 251) ва Шайх имом Аби Ҳафаз Тоҷиддин ал-Фокаҳони дар китоби (ал-Маврид фи амал Мавлуд) ва бисёр афроди дигар зикр кардаанд, ки ҷашнҳои мавлудӣ як навъи бидъат башумор меравад ва оғози пайдоиши он аз аҳди давлати Абидия буда аст.

Ҳукм ва назари исломӣ нисбат ба ҷашнҳои мавлудӣ

Аз он чи гуфта шуд натиҷа мегирем, ки тамоми хубиҳо дар пайрави аз Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) то се қарни пас аз ў мебошад ва ҳар кас ибодате анҷом диҳад ки дар замони Расулаллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва асрҳои фазилат

(Беҳтарини мардумон, мадуми асри ман аст, сипас мардуме, ки баъд аз қарни ман меояд, сипас мардуме, ки баъд аз қарни дуввум меояд... [Мутафақун алайҳи])

набошад, он ибодатҳо мардуд ва ғайри қобили қабул аст ва гуноҳи он бар гардани касе хоҳад буд, ки онро ба дин афзуда бошад ва ҳамчунин касоне, ки онро ривоҷ дода ва ба он амал мекунанд.

Пас натиҷа мегирем ки:

1. Мавлуд ва ё ҷашни таваллуди ҳазрати Расули акрамро (саллалоҳу алайҳи васаллам) на он ҳазрат, на хулафои рошидин ва на ҳеҷ яке аз саҳобагон ва ёрон ва на тобеъин дар асрҳои фазилат, онро анҷом надодаанд то мо аз онон пайрави кунем; зеро онон аз мо донотар ва ба суннати Паёмбар наздиктар ва ба пайрави аз он беҳтар будаанд ва агар дар иҷрои он ҷашнҳо хайре мебуд, онҳо дар гирифтани он хайр бар мо пешӣ мегирифтанд.

2. Аввалин касоне, ки он ҷашнҳоро барпо кардаанд, Зандиқи ва Мулҳидин Абидия будаанд.

3. Ин амал шабоҳат ба ҷашнҳои масеҳиён аст, ки барои ҳазрати Исо (алайҳис-салом) мегиранд ва мо мусалмонон аз тақлид ва пайрави кардан аз онҳо наҳй шудаем.

4. Дар сурати баргузор кардани ҷашнҳои мавлудӣ бар ин эътиқод ҳастем ки Худованд дини худро комил нафармуда ва ин ки Расулаллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) динро ба таври комил ба мо нарасонида аст ва ин ки мусалмонони асрҳои фазилат муҷиботи муҳаббат ва дўстӣ нисбат ба Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро ба мо нарсонидаанд. Ва ин суханонро ҷуз зандиқ ва мулҳид ва бе дин каси дигар
намегўяд.

5. Ҷашн гирифтан дар ин шаб, далел бар муҳаббат ва дўстӣ бар Расулаллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) нест; зеро бисёре аз касоне ки шаби милоди Расулаллоҳ (саллаллоҳу алайҳи васаллам)-ро ҷашн мегиранд, пайравони воқеии он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи васаллам) нестанд, балки афроди фосиқ, фоҷир ва бединанд, ки рибо мехуранд ва дар адои намоз сустӣ ва коҳилӣ меварзанд, ба фаҳшо ва бадиҳо рўй меоваранд ва гуноҳони бисёр анҷом медиҳанд. Ва далели муҳаббати он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи васаллам) чунин аст, ки Худованд фармуда:

«Бигў: Агар Худоро дўст медоред,аз ман пайрави кунед то Худо шуморо дўст бидорад ва гуноҳоятонро биомурзад». (Оли Имрон-31)

Ва чунон аст ки худи он Ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуда: Тамоми умматонам вориди биҳишт мегарданд, магар шахсе ки сар печидааст. Асҳоб гуфтанд: Кӣ сар мепечад ? Он ҳазрат(саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармуд: Ҳар касе аз ман фармон барад, дохили биҳишт мешавад ва ҳар касе ба фармонам итоат накунад, дар ҳақиқат вай сар печидааст. (Бо ривояти имом Бухорӣ)

Бинобар ин муҳаббат ва дўст доштани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар пайрави кардан аз ў (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва суннати саҳеҳ ва дунбол кардани роҳи ўст ва ончи аз он хабар дода аст аз гуфтор кирдор ахлоқ ва ғайра.

Ва саллаллоҳу ъало хайри халқиҳи Муҳаммад ва олиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъин!



Маълумот
Шӯъба: АҚИДА
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 2609
Шарҳҳо: 4 ...
Вақти гузориш: 22:53
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0




¹-4  Äîáàâèë: Салмон    Äàòà: 18.03.2010-17:57

Салом алайкум!
Ба назар мерасад шумо бародарон худатон дурст руйи оятҳо ва ривоятҳо
диққат намекунед вагарна мефаҳмидед ки ин кор на танҳо бидъат аст балки дуруст аст.Ҳазрати Исо(ъ) дар сураи Моида аз Худо талаб мекунад ки дастархони неъмат барояшон нозил кунад ва мехоҳад барои аввалу охир ид бошад(Исо ибни Марям гуфт: «Худовандо! Парвардигоро! Аз осмон моидае бар мо бифрист, то барои аввалу охири мо иде бошад ва нишонае аз ту ва ба мо рўзӣ деҳ. Ту беҳтарин рўзидиҳандагонӣ». Моида 114) оё ҷашни дастархони ҳазрати Исо(ъ) болотар аст ё мавлуди ҳазрати Муҳаммад(с)? ва Худованд дар ояи дигар баён мекунад ки ҳар кас нишонаи аз нишонаҳои манро бузург ба ҳисоб оварад ин аз нишонаи тақвои уст(و من یعظم شعائرالله ذالک من تقوی القلوب)


¹-3  Äîáàâèë: Нури ислом    Äàòà: 10.03.2010-08:44

салому аллайкум бародарони ахли ислом шумо ба гапони касе гуш мекунен ки вай худ намедонад ки пайгамбар кисту асхоб кист бародар пеш ай насихате ки мекуни ба мардум я хадисои сахеха назар карда бад ба мардум вазу насихат ку мавлуд бидъат нест ай руи шумо борин муллохо мавлуди расули Акрам с а в-ро манъ карданд ай худо тарс худо нигохбонут бошад
чашни расули Акрам(сав) ба хама умматони у муборак бошад


¹-2  Äîáàâèë: ummzayd    Äàòà: 09.03.2010-06:39

ма ша Аллах, барака Ллаху фийк.


¹-1  Äîáàâèë: Мухаммад Бобоев    Äàòà: 28.02.2010-20:49

Бародарон рахмати калон барои ин гуна сайто кушодан ва ин хел акидахоро да ин чой рох додан. Ман бисер чизро аз ин макола фахмидам рахмати калон!!!!



Copyright MyCorp © 2024