АҚИДАИ МО НИСБАТ БА ТАБАҚАҲОИ ИНСОНҲО
Имом Абуҳанифа мегуяд: "Мардум се синф ва табақа мебошанд: 1-Муъмини мухлис дар имонаш. 2-Кофири ошкор дар куфраш.3-Мунофиқи чарбзабон дар нифоқаш.
Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло бар муъмин амалро, бар кофир имонро ва бар мунофиқ ихлосро фарз кардааст.
Аллоҳ
таъоло (дар ояти 21 сураи Бақара) мефармояд: "ЭЙ МАРДУМ
ПАРВАРДИГОРАТОНРО ИБОДАТ КУНЕД!" Маънои оят ин ҳаст, ки : "Эй муъминон
итоъат намоед!", "Эй кофирон имон биоред!" ва "Эй мунофиқон ихлос
бикунед!"
ТАҲҚИҚ
САВОЛ: Имом Абуҳанифа кист?
Муассиси мадрасаи фиқҳи исломӣ ва имоми маҳзаҳаби ҳанафӣ ва яке аз
бузургтарин имомони аҳли суннат. Дар соли 80 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 699
милодӣ дар шаҳри Куфаи Ироқ ба дунё омада ва дар соли 150 ҳиҷрӣ мутобиқ
ба 767 милодӣ дар Бағдод вафот кардааст.
САВОЛ: Чаро имом Абуҳанифа мардумро ба се табақа тақсим кардаанд?
Дар
замони Одам алайҳис-салом инсонҳо ҳамаги муъмини мухлис буданд ва ҳеҷ
кофир ё мунофиқе вуҷуд надошт. Аммо ба мурури замон ҳолати инсонҳо таъғир
ёфт ва баъзеҳо ба куфру нифоқ даст задаанд.Дар ибтидои пайдоиши куфру
нифоқ аксарияти башарият муъмин буданд, вале дар замони мо куфру нифоқ
аксариятро ташкил медиҳанд.
САВОЛ: Куфр аз нифоқ чӣ фарқ дорад?
Нифоқ
куфри пинҳонро мегўянд, ки шахси ба он гирифторшуда имон надорад, вале
барои маслиҳату манфиъате худро дар назари мардум муъмину мусулмон
нишон медиҳад. Аммо кофир шахсеро мегўянд, ки куфрашро пинҳон намекунад
ва худашро муъмин намегўяд.
САВОЛ: Чаро
ҳазрати Имоми Аъзам амри Аллоҳ таъолоро дар ояти карима "Эй мардум
ибодат кунед Парвардигоратонро", барои ин сетабақаи инсонҳо се навъ
тафсиру маънидод кардаанд?
Аммо барои муъминон мурод аз ибодат кардани Аллоҳ таъоло итоъат, яъне адо кардани аҳкоми шариъат аст.
Аммо
барои кофирон барои аҳли ибодат шудан аввалан бояд имон биоранд. То
замоне кофир дар куфраш собит аст аз аҳли ибодат нест ва дар чунин
ҳолат ибодат карданаш фоида надорад. Аммо барои мунофиқ барое, ки
ибодаташ пазируфта шавад бояд аз нифоқ тавба намояд ва ибодаташро холис
аз барои Худо бигардонад.
ХУЛОСАИ МАВЗУЪ
1-Мардум се синф ва табақа мебошанд, муъмин, кофир ва мунофиқ.
2-Аллоҳ таъоло бар муъминон амалро, бар кофирон, имонро ва бар мунофиқон ихлосро фарз кардааст.
3-Кофир,
то замоне имон наорад ва мунофиқ то замоне тарки нифоқ накунад, тамоми
амалҳову корҳои хайри онҳо барои охираташон беҳуда буда назди Аллоҳ
таъоло мақбул намебошанд ва ҳеҷ арзише надоранд.
http://firdavsi.com