АҚИДАИ МО НИСБАТ БА ОҚИБАТИ ҶИНҲО
Аллома Алӣ Қорӣ мегўяд: "
Ҷинҳои мусулмон дар қавли Имом Абуюсуф ва Имом Муҳаммад ва бақияи аҳли
суннат ба даромадан дар биҳишт подош дода мешаванд. Аммо Имом Абуҳанифа
дар масъалаи ба биҳишт рафтанашон таваққуф кардаанд. (Мулҳақоти Алӣ Қори бар Шарҳи Фиқҳи Акбар)
ТАҲҚИҚ
САВОЛ: Мурод аз ҷин кист?
Мурод аз онҳо як навъ махлуқест, ки Аллоҳ таъоло ҷисми ононро аз оташ
офаридаанд. Ҷинҳо мисли инсонҳо ба тоъату ибодат мукаллафу маъмур
мебошанд, аз ин рў бояд мисли инсонҳо дар азобу савоб низ шарик бошанд.
Дар масъалаи ин, ки кофирону фосиқони ин тоифа, мисли кофирону фосиқони
инсонҳо дар дузах месузанд, ҳеҷ касе ихтилоф надорад. Зеро дар ояти 119
сураи "Ҳуд " Аллоҳ таъоло мефармоянд: "Ҳар оина пур
месозам дузахро аз ҷинҳо ва инсонҳо ба якҷоягӣ". Аммо ихтилоф дар ин
масъала мебошад, ки оё аҳли имону тоъати ин тоифа биҳишт мераванд ё не.
Ҳазрати Имомайн; Абуюсуф ва Муҳаммад ибни Ҳасан ва инчунин бақияи
имомони аҳли суннат ба биҳишт мераванд мегўянд. Баъзеҳо ба ин назаранд,
ки кофиронашон мисли кофирони инсӣ дар дузах абадӣ боқӣ мемонанд, вале
савоби муъминони онҳо наҷот ёфтан аз азоби дузах мебошад ва баъди ин
мисли ҳайвонот хок мегарданд. Ҳазрати Имоми Аъзам низ кофирони ин
тоифаро дар дузах мегўянд, вале дар мавриди ба биҳишт рафтани
муъминонашон ба ин далел, ки сароҳатан дар ин мавзуъ дар Қуръони карим
ҳеҷ хабаре наомадааст, таваққуф кардаанд. Аллома Али Қорӣ назари
ҳазрати Имомайнро тарҷиҳ додаанд ва гуфтаанд, ки муъминонашон ба биҳшт
хоҳанд рафт ва қавли касонеро, ки саранҷом хок мешаванд мегўянд, беасос
хондааст.
ХУЛОСАИ МАВЗУЪ
1-Дар
масъалаи ба дузах рафтани кофирони ҷинҳо мисли инсонҳои кофир, ҳеҷ
ихтилофе дар байни имомони аҳли суннат вуҷуд надорад. Аммо дар масъалаи
ба биҳишт рафтани муъминонашон ихтилоф буда ҳазрати Имоми Аъзам дар ин
масъала таваққуф карданро ихтиёр кардааст.
2-Аллома
Алӣ Қорӣ қавли ҳазрати имомайнро дар масъалаи мазкур тарҷиҳ дода
гуфтааст, ки муъминонашон мисли инсонҳои муъмин ба биҳишт хоҳанд рафт.
3-Қавли касоне, ки мегўянд ҷинҳои муъмин саранҷом мисли ҳайвонот хок мегарданд, қавли бедалел буда иътибор надорад.
www.firdavsi.com