Ҳазрати Умар разияллоҳу анҳу
30 сол пеш аз пайғамбарии ҳазрати Муҳаммад (с) ба дунё омадаанд. Яъне,
аз Расули Акрам (с) даҳ сол хурд буданд.
Рӯзе, ки ишон имон оварданд, шумораи мусулмонон 39 нафар буд.
Бо вуҷуди салобате, ки ҳазрати Умар (р) дар пойбандӣ ба Ҳақ
доштанд, бо мардум ва заифону бенавоён хеле меҳрубон буданду бо онҳо
ҳамдардӣ мекарданд. Мисли ишон дар таърих шахсият хеле кам аст: Дар
хутбае, доир ба сахтгирии худ фармудаанд: "Бидонед, он шиддату
сахтгириеро, ки шумоён аз он тарс доред, ман дучандон хоҳам кард. Аммо
ин шиддат мутаваҷҷеҳи касоне мешаванд, ки бар мусулмонон ситам
намоянд. Ононе, ки аҳли диёнатанд, ман нисбат ба онҳо нармдилӣ хоҳам
кард. Ҳаргиз касеро, ки ба нафари дигар зулм мекунад, ба ҳоли худ
нахоҳам гузошт, аммо барои покдоманон ва солиҳон (ончунон фурӯтанам,
ки) рӯямро ба хок мениҳам".
Ин меҳрубонӣ ва дилсӯзии марде нерӯманд, дурандеш ва одил нисбати
касонест, ки сазовори лутфанд. Шабҳо мардум дар хоб буданду ӯ бедор
мегашт ва дармондагону бенавоёнро ҳолпурсӣ менамуд.
Ҳазрати Умар (р) амали зердастонашро назорат мекарданд ва волиёнро
хеле санҷида интихоб менамуданд. Лаёқат ва ахлоқу покдастии
роҳбаронро дар мадди аввал мегузоштанд. Ишон нақши бузурге дар фиқҳ
(қонунҳои шариат)-и исломӣ ва сабуксозии он ба мардум доштанд.
Худованд аз ишон розӣ бод!