Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
ЗИКРҲО АЗ ҚУРЪОНУ СУННАТ [16]
АҚИДА [65]
ТАВҲИД - АҚИДА
ҚУРЪОН [21]
ҲАДИС [59]
ФАТВОХОНА [191]
ИСЛОМ [194]
Одоб ва Ахлок [121]
ҲАРОМ ВА ҲАЛОЛ [110]
СИРАИ ПАЙҒАМБАР [21]
ЗАНҲОИ ПАЙҒАМБАР [14]
ҲАЁТИ САҲОБА [30]
ОИЛА ВА НИКОҲ [198]
ТАЪРИХ [37]
ҶОМЕА [86]
ЗАН ДАР ИСЛОМ [85]
ҶАХОН [5]
АШЪОР [2]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Дарозтарин сураи Қуръон кадом аст?
javascript:; javascript:;
Âñåãî îòâåòîâ: 488



Теги

Дӯстон






Номаи Зан ба мард




Ин  ҳарфҳоро аз самими дил  барои  ҳар шавҳаре, ки хоҳиши зиндагонии босаодат дар дунёву охиратро дорад, менависам. Ин суханони шикваомезро барои  ту, эй шавҳари меҳрубонам менависам, то ки  Худованди бузург онро калиди қалби ту  гардонад ва барои  ҳар шахсе, ки хоҳони зиндагонии  босаодат аст намунаи ибрат гардад.Эй шавҳари азизу меҳрубонам ин сатрҳоро аз умқи қалб бо оҳанги шиква оғоз менамоям аз номи  худ ва аз номи  ҳама занони ҳамтои ман, ба ту  ва мардони мисли ту менависам, шикваи аксар занон ба ҳамдигар мушобеҳ аст.

Бале сатрҳое, ки феълан  хонандаи гиромӣ мехонӣ аз умқи дили яке аз хоҳарони мост, ки аз шавҳари худ шиква мекунад. Чун бо сузу гудоз аст ман ба ҳамаи мардони тоҷике, ки соҳиби оила ҳастанд пешкаш мекунам, то ки бидонанд, ки чи камбудиҳое аз эшон сар мезанад. Илтимоси ман ин аст, ки сатрҳоро бо таҳаммул бихонанд, то бидонанд, ки дар назди ҳамсарон чи норасоиҳое аз онҳо содир мешавад. Эй шавҳари меҳрубонам, аз ин хотироте, ки аз зиндагонии якҷояамон дорам солҳо гузашт, вале дар  назари ман  он рўзҳои гузашта доим мунакисанд. Эй шавҳари азизам, ту худ огоҳӣ, ки мегўянд инсони хушбахт он аст, ки гузаштаи худро аз ёд набарорад, то барояш ибрат шавад. Ҳар лаҳзаи ҳаёти заношўйи дафтарест варақногардонида, ки пур аз воқеъаҳои хушу нохуш аст, ки ба ёд наовардани он  иштибоҳест бузург.

Эй шавҳари меҳрубонам ин сатрҳое, ки мехонӣ хотиротест, ки ман онро рўйи қоғаз нигоштам, то барои ту ёдгор бимонад ва туро ба андеша водор  созад. Ёд дорӣ, эй шавҳари меҳрубонам, ки рўзе ба хонаи мо  равон будем ва дар роҳ марде ба сўям бо нигоҳи фосиқона назар кард,. Ту ки шавҳари ман  ва пушту паноҳи манӣ бепарвоӣ зоҳир кардӣ, ва ба ў чизе нагуфтӣ.

Ёд дорӣ, рўзе ба хонаамон чанд марде меҳмон шуд. Ту ба ман  амр кардӣ, ки бо онҳо бо даст салом кунам, зеро онҳо  писарҳои амаки туанд. Ҳол он ки Расули акрам (с)  дар ҳадиси муборакаш фармудааст: «Ҳевар (додари шавҳар) марг аст».

Шавҳари меҳрубонам, огоҳ бош, ки ғайрати мард далолат ба эмони ў мекунад ва ин яке аз одатҳои  хуби марди мусалмон аст. Ва Ислом ба ин ташвиқ мекунад. Эй шавҳари меҳрубонам огоҳ бош, ки ғайрати мардӣ отифаест олӣ ва он танҳо дар вуҷуди родмардон маскан дорад ва онҳо иззату номуси занони худро  ҳифз менамоянд. Куҷост ин ғайрати мардии ту, то ки  номи маро дар назди мардони номаҳрам ба забон наорӣ.

Шавҳари меҳрубонам огоҳ бош, ки ғайрати мардӣ ҳосил намешавад магар ба он сабаб, ки мабодо марди дигаре ба ҳарими ў чашми тамаъ андозад. Шавҳари меҳрубонам намехоҳам, ки ту дар зиндагӣ маро мавриди шакку шубҳа қарор бидиҳӣ, балки аз ту мехоҳам ки ғайрати мардиятро дар мавриди зарурӣ дуруст  истифода барӣ. Зеро  бе обруву бе иззат шудани ман барои ту бетаъсир намемонад ва ба саъодати  дунявӣ ва ухравии мо таъсир дорад.

Шавҳари  азизам, мехоҳам, ки дар зиндагӣ ба ман аҳаммияти хосе қоил шавӣ. Инчунин  мехоҳам, ки худро дар ҳаёти  ту шахси муҳим ҳисобам. Оё ман ба ин ҳақ надорам?

Ёд дорӣ азизакам рўзе таъомамро  ним соат дертар  омода сохтам ва он ҳам бошад  аз сабаби  машғулият ба корҳои хона  сар зад. Ёд дорӣ, ки чӣ қадар ғазабнок шудӣ ва  дар  назди фарзандон ба ман суханони носазо гуфтӣ. Аз ҳама ногувораш ин буд, ки  ин корро ба ҳама хабар додӣ. Оё  ин аст ҳифзи номуси ман ва эҳтироми ҳамсар? Огоҳ бош, ки он кўтоҳие, ки аз ман сар зад онро ба гардан мегирам, вале он аз танбалии ман набуд. Балки шустушуйи либос ва рубу чини хона  аз як тараф ва нигоҳубини тифли хурдсоламон, ки он лаҳза табби зиёд дошт ва шаб мижа таҳ накард аз суйи дигар  машғулам кард. Он шаб ман ҳамроҳи кўдак хоб  нарафтам, ту бошӣ осуда хоб кардӣ ва ман ба он хотир, ки туро ташвиш надиҳам бемории тифлро ошкор накардам.

Шавҳари меҳрубонам дониста бош, ки ман як инсони  заифам. Мисли ту дасту бозуи боқувват надорам. Бо ин заъфу нотавониам маро дар ҳар кор ҳама вақт сарзаниш мекунӣ. Охир,  ҷонакам, ба ман раҳм намо. Шавҳар набояд ҳамсарашро вақту новақт сарзаниш кунад. Балки мебояд  ўро бо беҳтарин усул навозишу эҳтиром намояд. Эй ҷонакам, ман ҳаргиз намегўям, ки ба камбудиҳои ман чашм пуш ва чизе нагўй.  Балки онро ба ман тарзе  гўшрас кун, ки ман суханонатро ба ҷону дил бипазирам, на бо тарсу таҳдид. Азизам худат медонӣ, ки ҳар сухан  ҷо ва ҳар нукта маконе дорад. Аз ту як хоҳиш дорам, ки узри шахсеро, ки аз ту узр мехоҳад бипазир. Чунон ки гуфтаанд:

Оби равон бе хасу хошок нест,

Одамӣ аз айбу ҳунар пок нест.

Оё аз ҳадиси Расули акрам (с) хабар надорӣ, ки эшон гурўҳе аз мардонро насиҳат карда, чунин фармудаанд:

«Шуморо васият мекунам, эй мардон, ки бо занон хушмуомила бошед, зеро зан аз  қабурғаи  мард офарида шудааст. Ва ҳаройна каҷтарин ҷойи  қабурға қисмати болоии он аст».

(Ин ҳадис бо ривояти Бухорӣ ва Муслим аст.)

Огоҳ бош, эй азизам, ки саъодати  хонавода ба дур будани мо аз  хушунат вобаста аст. Бовиқор будани ту, дар наздам обруву иззататро зиёд менамояд. Ёд дорӣ эй шавҳари меҳрубонам, ки борҳо  бехобӣ кашидам ва тани нозуку заифам аз пешвозу гусели меҳмонҳоят хаста шуд. Бо чӣ шавқу самимият дастурхон мегустурдам ва ҳар чӣ дилатон мехост аз хўрданӣ омода мекардам. Баъд аз гусели меҳмонон ошхонаро тоза карда хонаҳоро ба тартиб меовардам. Вале афсус, эй шавҳари азизам, аз Шумо калимае шукру ризо нашунидам.

Шавҳари меҳрубонам ба ростӣ чӣ қадар калимаи зебост калимаи шукру сипос ҳангоме, ки  бароят гуфта мешавад. Зеро сухани хуш гуфтан ба ҳар мусалмон садақа маҳсуб мешавад. Пас куҷост он суханони хушу зебоят бо  мани заъифу нотавони паршикаста.

Шавҳари меҳрубонам, ягона чизе ки аз ту мехоҳам оромии хотир ва зиндагии осуда аст, ки солҳост, ки мунтазири онам. Оё он чӣ мехоҳӣ ба ҷо наовардаам? Оре, бо ин ҳама нотавонӣ ҳар  чӣ дар тавонам буд бароят анҷом додам. Агар андаке ҳам маро эҳтиром мекунӣ, пас он чи ман мехоҳам бароям бидеҳ. Зеро аз як даст садо намебарояд. Дасти дигаре зарурат дорам ва мехоҳам, ки он дасти ту бошад. Пас куҷост он даст.

Ёд дорӣ,  эй шавҳари меҳрубонам, ки шабе ҳамроҳ аз меҳмонӣ аз назди падару модарам бармегаштем. Ба муҷарради ворид шудан ба утоқи хоб, ки бароям макони амну оромиш аст, дар ҳол ба бадгўии падару модар ва бародаронам оғоз кардӣ. Ва ба ин қонеъ нашуда, ҳисси бадбиниатро ошкор кардӣ. Он дидорбинии ман ба сифр баробар шуд. Ба ростӣ ин дидорбинӣ, маро хеле хушнуд карда буд, вале он хушнудии маро ба мусибат мубадал кардӣ. Агар маро дўст медорӣ, пас аҳли оилаи маро низ эҳтиром намо. Агар фарзандонатро дўст дорӣ пас бо хоҳару бародаронам низ хушмуомила бош. Эй шавҳари меҳрубонам, огоҳ бош, ки ҳар рафторе, ки бо ман мекунӣ ҳамин гуна бо худат рафтор карда мешавад. Агар бароям латиф бошӣ бароят каниз мегардам. Агар бароям осмон шавӣ бароят замин  мегардам. Ман низ аз ту он чизеро, ки аз ман талаб менамоӣ дархост мекунам. Ту аз ман талаб менамоӣ, ки хонаводаи туро эҳтиром намоям ман низ аз ту ин хоҳишро дорам. Ва албатта, ман низ ба ин ҳуқуқи комил  дорам. Ёд дорӣ, эй шавҳари меҳрубонам, ки борҳо маро танҳо гузоштӣ ва бисёр шабҳо аз хона берун мерафтӣ. Вале медонам, ки ту бо рафиқонат дар сайру гашт ва маҳфилҳо ва шабнишиниҳо ҳастӣ. Вале ман танҳоям. Гўё ман як асбоби хонаи ту ҳастам. Бо чунин ҳол рўзҳову моҳҳо ва солҳои ҳаётам гузашт. Вале ман боз ҳам чашм мепўшам ва таъаҷҷуб  ҳам намекунам. Вале бароям аҷиб аст, ки шабе чун ҳарвақта  ба хона дер омадӣ.

Ман хостам бароят навигарие муҳайё созам. Он шаб  бароят оби мева омода сохтам ва хонаро оростам ва худро низ зебу зинат додам. Чун пешвозат гирифтам бо чеҳраи гирифта дағалона ба ман гуфтӣ:

- Эй моне, осуда гардам. Имрўз серкор ва серташвиш будам, хеле хастаам. Феълан ниёзе ба ин зебу зинати ту надорам, хоб рафтан мехоҳам.

Ин буд охирин сухане, ки он шаб бо ман гуфтӣ. Он шабро ҳеҷ гоҳ фаромўш намекунам. Маро танҳо гузоштӣ ва ба ҷойи хоб дароз кашидӣ. Эй шавҳари меҳрубонам охир ман марди қавибозу ё зани оҳанин нестам. Балки ман занеам, ки бар болои ту ҳуқуқҳои худро дорам. Охир ту мехоҳи хастагиатро  дар сўҳбат бо  дўстонат барорӣ. Вале ман мехоҳам хастагиамро танҳо бо ту сипарӣ кунам.

Охир бо ман бисоз ва аз  зиндагӣ дилсардам  макун. Аз ин  суханонам ҳайрон машав. Орзу дорам, лоақал дар мақому мартабаи рафиқонат бошам. Вале афсус, ки мисли онҳо ҳам нестам. Алоқаи мо бо муносибати  зану шавҳар чандон монанд  нест. Гўё ману ту ду ҳамсояи дур ҳастем. Эй шавҳари азизам муносибате, ки боиси рушди муҳаббати зану шавҳар мешавад бо улфат, лутф ва машварату суҳбат ба ҳамдигар қавӣ мегардад. Бале ман ба ту ниёз дорам. Пас бозгард ба сўям. Бале бо таъкид ва бо исрор ба ту мегўям бозгард ба сўйи кошонаат, эй шавҳари меҳрубонам. Ман ва фарзандонат муштоқи дидори ту ҳастем. Эй шавҳари меҳрубонам ман боре ҳам ёд надорам, ки ту ба ман имкон дода бошӣ, ки дар ғамҳоят шарик бошам. Ё барои коре бо ман машварат карда бошӣ.

Инчунин ёд надорам, ки  барои  хатоҳоят аз ман узр пурсида бошӣ. Инро ҳам медонам ки дар андешаи ин кор ҳам нестӣ. Ман  ёд надорам, ки рўзе маро  дар ҳаллу фасли умури хона ҳамроҳи карда бошӣ.  Инчунин боре ҳам ёд надорам, ки бо ман изҳори муҳаббат карда, маро бо лутфу меҳрубонӣ ба оғўш гирифта бошӣ. Охир  ин ҳама шиканҷаҳои рўҳӣ то кай домангири ман аст. Шоири бузург чӣ хуш гуфтааст:

Ё раб чи чашмаест муҳаббат, ки ман аз он,

Як қатра об хўрдаму дарё гиристам.

Шавҳари меҳрубонам, ман намегўям, ки ту шоир шав ва дар васфи ман шеър навис. Вале хоҳиш дорам, ки латифу меҳрубон бошӣ ва ба ман сухани хўш бигўйи ва изҳори сипос намои. Бовар кун дар ин суханони оддӣ натиҷаи хубе маҳфуз аст, ки муҳаббатро тавлид мекунад. Чӣ қадар орзу дорам, ки лоақал дар пораи қоғаз изҳори муҳаббататро ба ман пешкаш намои, то онро хонда сарам ба осмон бирасад. Бовар кун ин амал бароям тамоми хушиҳои зиндагиро фароҳам месозад. Шавҳари азизам биё мардонагиятро биозмой ва боре ҳам бошад бароям сухани хубе ҳадя намо. Ба ростӣ ман ба он ниёз дорам. Аз ин тарзи зиндагӣ хаста шудам. Аз ту илтиҷо менамоям, ки имшаб онро бароям анҷом бидеҳ.

Ёд дорӣ шавҳари азизам, чун рўзона туро намебинам шабе бо иштиёқи зиёд аз саргузашти навҷавониям ба ту қисса намудам. Аммо вақте ба сўят нигаристам, фаҳмидам, ки ба суханони ман таваҷҷуҳе надорӣ ва мехоҳи бо телефон ба касе занг занӣ ва ё диқататро ба рўзнома ҷалб намоӣ, ё хоб биравӣ.  Бале шавҳари меҳрубонам баростӣ ин гуна рафтори ту равонамро хароб месозад ва каромати занонаамро маҷрўҳ менамояд. Вақте чунин рафтор мекунӣ худро дар наздат одами беарзиш ҳис мекунам. Ё худ ҳангоми сухан гуфтанам суханонамро қатъ менамоӣ.  Ба рости ин амалҳои ту муҳаббати ҳамнишиниатро мемиронад. Ҳатто гоҳ-гоҳе ки бо ҳам сари дастархон таъом мехўрем намехоҳӣ, ки бо ту ҳазлу шўхӣ намоям ё ин ки бо ман чунин рафторро лоиқ намебинӣ, оё чунин нест? Ту мехоҳӣ аз ман дур бошӣ. Охир ин ҳама ҷабру ҷафо барои чӣ. Оё суханони  муаллими башарият Муҳаммад (с)-ро  нашунидаӣ, ки фармудааст:

«Беҳтарини Мўъминон  аз рўи имон хушахлоқтарини онҳост. Ва  беҳтарини шумо шахсест, ки бо занаш рафтораш беҳтар бошад»

(Ин ҳадис ба ривояти Тирмизист)

Шавҳари азизам, огоҳ бош, ки бадахлоқият бо ман ва ба тартиб наовардани сару рўят ва зинат надодани андомат, бароям хеле сангин аст. Оё нашунидаӣ суханони Худоро, ки гуфтааст:

Сухани Худо:

Бояд, ки занони муталлақа (талоқшуда) то се бор пок шудан аз шавҳар кардан бозистанд. Ва агар ба Худо ва рўзи қиёмат имон доранд, раво нест, ки он чиро, ки Худо дар раҳми онон офаридааст, пинҳон доранд.  Ва дар он айём агар шавҳаронашон қасди ислоҳ дошта бошанд, ба бозгардониданашон сазовортаранд. Ва барои занон ҳуқуқе шоиста аст, монанди вазифае, ки бар ўҳдаи онҳост, вале мардонро бар занон мартабаест. Ва Худо пирўзманду ҳаким аст!

(Сураи Бақара, ояти 228)

Дар ҳоле, ки ту аз ман талаб менамоӣ, ки ҳамеша зебову ороста бошам. Ҳатто аз ман талаб менамоӣ, ки ба монанди он занҳое, ки дар ойинаи нилгун мебинӣ ороста бошам. Оё ман боре ҳам хостаатро набаровардаам?  Охир ман аз ту лутфу меҳрубонӣ мехоҳам ва ман низ эҳсос дорам он гунае, ки ту дорӣ. Охир ман пораи гушт нестам, ки болои рахти хобат афканда шуда бошам. Ва ё бозичаи дасти ту нестам, ки танҳо хоҳишоти нафсониатро бароварда созам. На, эй шавҳари азизам, агар чунин фикр дошта бошӣ ғалат кардаӣ.

Аз ту мехоҳам он чиро, ки ту аз ман мехоҳӣ. Дониста бош.

Ёд дорӣ, эй шавҳари азизам, ки чанд рўз пеш аз сафар бозгаштӣ, шаб аз нисф гузашта буд ва аз омаданат пешаки хабар надодӣ. Ногоҳ садои занги дарро шунидам ин бароям аҷиб нест. Аҷибаш дар он аст, ки ту аз ман дар ғазаб шудӣ ва ба ман нигариста гуфтӣ, ки чаро худамро бароят омода насохтаам. Боз ранҷида, гуфтӣ, ки ту ҳамеша хоҳишоти маро иҷро намекунӣ ва гўё  ман ба ту  бетаваҷҷуҳи зоҳир мекардаам.

Ба ростӣ аз омаданат хабар надоштам ва вақти бозгаштат нисфи шаб буд. Вале агар хабар медоштам, то субҳ мунтазират менишастам.

Ёд дорӣ, эй шавҳаракам, ки вақте аз ту барои ҳоҷатҳои оилавӣ чизе талаб мекунам дар ғазаб мешавӣ, чашмҳоят давр зада фишорат баланд мешавад. Ин лаҳза ба ман бо алфози қабеҳ ҷавоб медиҳӣ.

Охир он камбудиҳо ё норасоиҳое, ки дар рўзгори мост ғайр аз ту касе  ҳал намекунад. Бар зами ин агар омада, норасоиеро бинӣ бар сарам дод мезанӣ, ки масъулиятшинос нестам. Оё медонӣ, эй шавҳари азизам, ки нафақаи ман ва фарзандонам бар гарданат воҷиб аст. Ва медонӣ, ки кафили ман тўйи. Эй шавҳари азизам охир ман он чизҳоеро, ки дархост мекунам, барои як худи ман нест. Онро ман ба хонаи падару модарам ҳам равон намекунам. На, қасам ба Худо, чунин корро ҳаргиз нахоҳам кард, зеро нигаҳбонии моли ту бар ман воҷиб аст. Он ҳама барои ту ва фарзандони ту ва меҳмонони ту аст.

Чуноне ки гуфтӣ гўё ман туро ба харидани ашёи қиматбаҳо маҷбур месохта бошам. Бароят чунин мегўям, ки  чи қадар орзу доштам, ки ту худ бе гуфтаи ман асбобу анҷоми ниҳоят заруриро бихарӣ. Ту боши аз ман талаб дорӣ, ки аз баҳри он чизҳо бигузарам ва зиндагии худро мувофиқи моҳонаи ту сипарӣ созам. Эй азизи ман аз пашша фил насоз. Биё якҷоя барои рафъи мушкилоти зиндагӣ машварат намоем ва хонаамонро ободу осуда созем ва фарзандонамонро тарбияи хуб диҳем. Биё мизонияи сарфу харҷи як моҳаи хонаро тартиб диҳем. Ман низ бо он розӣ ҳастам. Ва аз моҳонаи ту чизе бештар талаб накардаам. Огоҳ бош, ки лаззати ҳаёти зану шавҳар дар якдигарфаҳмист. Ёд дорӣ эй шавҳари азизам, ки рўзе таҳдид ба талоқам намудӣ ва  ҳушдорам додӣ, ки агар чунин вазъ идома ёбад зани дигаре хоҳам гирифт.

Огоҳ бош, эй шавҳари азизам, ки ман ба он чи Худованд мубоҳ гардонидааст, ҳаргиз муқобил нестам Вале ягона чизе ки хушам намеояд он аст, ки ҳар гоҳе мушкиле пеш ояд аз зангири сухан мегўйи ва ин суханонро чун  гарданбанд дар гардани ман меандозӣ. Охир ман ҳам зан ҳастам, ҳангоми чунин сухан гуфтанат худро таҳқирнамуда меҳисобам ва ин услубат хеле услуби бад аст. Ҳар вақте ки чунин мегўӣ қадрат дар наздам паст мешавад. Ман зан ҳастам ва чунин мепиндорам, ки  ин услуби марди заиф аст, ки аз  ҳалли мушкилоти хонавода оҷиз аст.  Магар зани дигар талабот надорад? Ў низ зан аст ва мехоҳад мушкилоташро ҳал созад. Дар он ҳолат чи баҳона пеш меорӣ ва саратро ба куҷо мезанӣ. Ё боз дар фикри гирифтани зани дигар мешавӣ. На, эй азизакам, ман чунин меҳисобам, ки ин пиндор пиндори марди заъиф аст.

Эй азизакам мехоҳам, ки андешаи пухта дошта бошӣ ва  аз ту фахр кунам на нафрат. Ба ёд ор, эй шавҳари азизам, ҳар гоҳе миёни мо мушкилоти хонаводагӣ пеш ояд дар ҳол гушаки телефонро мебардорӣ ва дар як лаҳза ин сирри оилавиро  ба баъзе аз рафиқонат ё наздиконат хабар медиҳӣ. Ростӣ аз ин кори ту шармам меояд. Ту, шавҳари азизам сирри хонаро бароварда аз як шахси бегона маслиҳат ё кўмак мепурсӣ? Бисёр мехоҳам, ки он мушкили пешомадаро бо ҳам ҳал намоем ва овозаи он аз остонаи дари хонаи мо берун нашавад. Яқин медонам, ки ту низ тарафдори ман ҳастӣ.

Ба ёд ор, эй шавҳари азизам, ки баъзе аз рўзҳо ту ғазаболуд вориди хона мешавӣ. Албатта медонам, ки вазнини зиндагиро бар душ дорӣ, вале чаро интиқоми нобарориҳоятро аз ман мегирӣ ва дар он ҳолат ба ман ҳар чи хоҳӣ мегўйи.  Шавҳари азизам як каме биандеш ба фикрам бояд як фарқияте бошад. Бояд бидонӣ, ки ҳаёти хонаводагии ману ту чизи дигар ва ҳаёти корхонагии ту тамоман чизи дигар аст. Бояд миёни ин ду ҳаёт фосилае барқарор созӣ.

Дигар ба ман сухани носазо магў, зеро ман аз ҷумлаи зердастони корхонаат нестам. Ҳол он ки бо зердастон низ касе чунин дашному таҳқирро раво намебинад. Ва низ огоҳ бош, ки тавре, ки ту берун аз манзил заҳмат мекашӣ ман низ дар хона машғулияти зиёд дорам. Намехоҳам корҳои анҷом додаамро ба ту хотиррасон кунам, зеро ҳамааш ба худат маълум аст. Худат медонӣ, ки ман дар хона осудаву ором наменишинам, балки мисли ту арақи ҷабин мерезам.

Шавҳари азизам як чизи дигарро ба ёдат меорам шабе мисли ҳарвақта ба ман ваъда додӣ, ки фалон соат ба хона меоӣ, вале дар вақти ваъдагӣ наомадӣ. Ман хеле интизорат шудам,  хўрок низ нахўрдам, то ҳамроҳ хўрок хўрем. Ба ростӣ хўрокро чанд бор гарм ҳам кардам. Ман пайваста ба соат нигариста дақиқаҳоро мешумурдам. Вақте ту вориди хона гаштӣ Худоро шукр намудам, ки ба дидорат мушарраф шудам. Вале ҳайҳот, ин ҳама омодагиҳо барабас рафт. Пас аз ворид шудан дар ҳол ба ҷойи хобат равон шудӣ ва ба пуштат нигоҳ накарда нимғурма гуфтӣ, ки маро субҳ барвақт бедор кун, ки кори заруре дорам.

Шавҳари азизам куҷост эҳтироми он бедорхобӣ ва интизориҳои ман. Аз хўроки омодакардаам луқмае ҳам нахўрдӣ. Эй шавҳари меҳрубонам аз ту муъомилаи накуро чашминтизорам. Ҳарчанд дилат ҳам нахоҳад ба хотири ман ин корро бикун. Агар натавонӣ боре худро маҷбур намо.

Шавҳари меҳрубонам солҳост, ки ҳаёти оилавии мо ҳамеша якранг аст. Саҳар ту ба кор мешитобӣ. Баъд аз кор ба ҷое меравӣ, ки ман аз он ҳанўз ҳам огоҳ нестам. Танҳо баъд аз як поси шаб туро мебинам. Он ҳам бошад то лаҳзаи хоб бурдани ману ту. Пас  куҷост он суҳбатҳои гарму самимонаи ману ту ва гирдиҳамоиҳо бо аҳли оила  дар аторфи як суфра. Ҳайҳот, вориди хона шуда таъом хўрда хоб мекунӣ ва пагоҳи  аз  хоб хеста ба кор меравӣ. Ба рости солҳост, ки ин гуна ҳаёти дилгиркунанда идома дорад. Хаста шудаам. Роҳи ҳалли ин мушкилро хоҳонам.

Эй шавҳари азизам, аз ту ба як саволам посух  металабам. Охирин бор кай ба ман ҳадяе овардӣ. Посухи ин саволро ба виҷдонат ҳавола мекунам.

Ёд дорӣ шавҳари меҳрубонам, боре гуфтамат, ки ба хонаамон хешовандони ман меҳмон мешаванд. Бо шунидани ин сухан дар ғазаб шудӣ. Ин масъаларо аз ёд набарор, ки  эҳтироми хонаводаи ман эҳтироми ман аст. Ва таҳқиру беэҳтиромӣ нисбат ба онҳо таҳқиру беэҳтиромӣ нисбат ба ман аст. Аммо аз ман талаб менамоӣ, ки  аҳли хонаводаи туро бо лутфу меҳрубонӣ ва чеҳраи кушода пазироӣ намоям. Вале чаро ман ҳуқуқ надоштаам, ки аз ту ҳамин дархостро кунам.

Ба ёдат ҳаст шавҳари азизам, ки ту ҳангоми хастагӣ ё дер ба хона омаданат аз ман хоҳиш менамоӣ, ки вақти намози бомдод бедорат накунам. Ҳуқуқҳои маро ту поймол кардаӣ. Вале чаро ҳаққи Худоро ба ҷо намеорӣ. Огоҳ бош, ки ин масъала хеле хатарнок аст, зеро қасдан тарк намудани намоз куфр аст. Намоз масъулияти хеле бузург аст. Охир чизе, ки мусалмону кофирро аз ҳам фарқ  мекунонад ҳамин намоз аст. Пас аз Худо битарс, охир ту бояд барои фарзандонат намунаи ибрат бошӣ. Аз Худо битарс! Аз Худо битарс!.

Як чизи дигарро ба ёдат меорам ва худат ҳам медонӣ, ки барои ин масъала ман борҳо таъкидат кардаам, ки ин одатҳои хабисатро тарк намо. Ин одатҳои нописанди ту аз қабили кашидани носу сигор ва истеъмоли нушокиҳои спиртӣ аст. Ба рости ин камбудиҳои ту ба ман ва фарзандонам нохуш вст.

Огоҳ бош, ки оянда дар назди онҳо ҳақиру камаҳамият мегардӣ. Аз ин суханонам тааҷҷуб манамо, зеро воқеият дорад. Боз ҳушдорат медиҳам, ки агар минбаъд ин корҳоят идома ёбанд ва бинӣ, ки яке аз фарзандонат роҳи носавоберо пеша кардааст дар он ҳол на тааҷҷуб кун ва на ғазаб, зеро ў пайрави падар шудааст.

Чуноне, ки гуфтаанд:

-  Шахсе, ки пайрави падар аст гумроҳ нашудааст.

Ёд дорӣ, эй азизам, боре фарзанди бузургамонро лату куб кардӣ он ҳам бошад барои як кори ночиз. Дар ҳоле ки он лату куби ту хеле дарднок буд. Куҷост услуби насиҳат ва адаб додани фарзанд. Ту бояд бо ў чунин рафтор наменамудӣ. Инчунин боре фарзандони кўчакамон дар коре хато карданд. Ман онҳоро адаб дода аз бозӣ маҳрум кардам ва бозичаҳояшонро аз дасташон гирифтам. Ту бошӣ дар назди кўдакон маро сарзаниш кардӣ ва дубора бозичаҳоро ба дасташон додӣ. Огоҳ бош, ки чунин тарзи тарбия нодуруст аст ва чунин амали ту кўдаконро ба хатокорӣ водор месозад. Зеро онҳо мепиндоранд, ки пуштибоне доранд ва ҳар коре хоҳанд мекунанд ва маро, ки доим ҳамроҳи эшонам гуш намекунанд. Инчунин ҳангоми ҳадя додан ба фарзандонат туро одил намебинам. Зеро гоҳе ба яке  ҳадя меорӣ ва гоҳе ба дигарӣ. Ва гоҳе ба яке ҳадя намедиҳӣ дар ҳоле ки ў лоиқи ҳадя аст ва баракс ҳадяро ба шахси нолоиқ медиҳӣ.

Эй шавҳари азизам, дар тарбияи фарзандонамон бикуш ва ҷаҳд намо, зеро онҳо самари зиндагии мо ҳастанд. Эй шавҳари азизам, ёд дорӣ, ки ҳама кори хона ва тарбияи фарзандон бар души ман аст. Ба он хотир ки ту шабҳо дер меойи ва доим бо дўстонат ҳастӣ. На азизам ҳама кори хонаро бар души ман гузоштанат хатост. Охир ман  соябоне мехоҳам, ки сарпарасти ман ва аҳли оилаам бошад. Хуллас марде бошад, ки лаҷоми умури хонаводаро бо дасти пурқувваташ гирад.

Эй шавҳари азизам монанди баъзе  мардон мабош, ки зимоми умури хонаро ба дасти занҳояшон додаанд. Ман зан ҳастам эҳтиёҷ ба мардонагии ту дорам. Оё намедонӣ, ки Худованди карим дар Қуръони карим гуфтааст:

Сухани Худо:

Мардон аз он ҷиҳат, ки Худо баъзеро бар баъзе бартарӣ додааст ва аз он ҷиҳат, ки аз моли худ нафақа медиҳанд, бар занон сардорӣ доранд. Пас занони шоиста фармонбардоранд ва дар ғайбати шўй афифанд (пок) ва фармони Худоро нигоҳ медоранд. Ва он занонро, ки аз нофармонияшон бим доред, панд диҳед ва аз хобгоҳашон дурӣ кунед ва бизанедашон (барои панд гирифтан ва ислоҳ шудан). Агар фармонбардорӣ карданд, аз он пас дигар роҳи зулм пеш магиред. Ва Худо баландпояву бузург аст!

(Сураи Нисо, ояти 34)

Дар ҷой дигар чунин гуфтааст:

Сухани Худо:

Чун фарзанди хеш бизод, гуфт:  «Эй Парвардигори ман, ин ки зойидаам, духтар аст ва Худо ба он чӣ зоида буд, донотар аст ва писар  чун духтар нест. Ўро Марям ном ниҳодам. Ў ва фарзандонашро аз шайтони раҷим дар паноҳи Ту меоварам».

(Сураи Оли Имрон, ояти 36)

Огоҳ бош, ки шумо мардон зимоми умури хонаводаро бояд ба даст гиред, зеро мард асл буда зан ҷузъе аз ўст. Инчунин зан аз қабурғаи чапи мард офарида шудааст ва инчунин зан ноқисулақл ва ноқисуддин аст. Инчунин зан заъиф аст, зеро ў бо ҳолатҳои гуногун монанди бемории занона, ҳомилагӣ ва таваллуди фарзанд рў ба рў мешавад.

Шавҳари меҳрубонам ман марде мехоҳам, ки тамоми умури зиндагимонро роҳнамоӣ кунад. Бале мехоҳам онро ва мехоҳам, ки он мард ту бошӣ. Ёд дорӣ эй шавҳари азизам, ҳангоме, ки ман бемории занона мешавам ту бошӣ аз ман талаби қонеъ кардани ҳуқуқи худ ва саробонии фарзандонат ва меҳмондории меҳмононатро менамоӣ. Эй шавҳари азизам, ин ҳама талаботе, ки ту дорӣ ман бароварда наметавонам, зеро ман низ инсонам гоҳ хурсандам гоҳ хаставу бемор. Бидон, эй шавҳаракам ин навоқисе, ки ба мо Худованд лоиқ дидааст ба тамоми духтарони Ҳавво хос аст. Ту низ бояд инро дарк намоӣ.

Ёд дорӣ шавҳари азизам, ки рўзе дар дастат ҳафтанома буд ва ҳангоми варақгардонӣ расми занони зебоеро дар он дида ба таърифу тавсифи он расмҳо пардохтӣ. Албатта, аввалан ин нишонаи он аст, ки аз Худо наметарсӣ ва ба илме, ки Худо ба ту додааст амал намекунӣ, сониян рашки манро ба назар намеорӣ? Охир ман зан ҳастам ва ин корат нисбат ба ту нафратамро бедор месозад. Дигараш ин ки ба шаъни ту чунин амал намезебад.

Азизам ин занҳои  бешарму беҳаёи нимурён ва зебосанамҳое, ки дилат ба эшон моил аст савганд ба Худо ҳамаи онҳо шайтонҳои инсиянд. Огоҳ бош, ки онҳо фосидкунандагони ахлоқи ҷавононанд. Онҳо аз чунин мардони булҳавас дину иззат ва обруяшонро мерабоянд. Ман аз он метарсам, ки ин нигоҳҳои гурусначашмонаи ту ба ин гуна занҳои нимбараҳна туро аз рағбат ба зани ҳалолат  бенасиб мегардонад. Ва оқибат низоми хонаводагии моро аз байн хоҳад бурд, ва ҳаётамро ба ҷониби фисқу фуҷур савқ медиҳад, ки нигоҳат сабабгори он мешавад.

Огоҳ бош, ки нигоҳ доштани чашм аз номаҳрам яке аз самараҳои имон аст. Инчунин дониста бош, ки маънои ҳақиқии зебоӣ дар мўйҳои жулида, лабҳои сурх ва  бадани урён нест. Балки ин кор як бемории муҳлик асту бас. Балки зебогии аслӣ дар рўҳи пок, рафтор ва ахлоқи накуст. Огоҳ бош, эй шавҳари меҳрубонам, ки қаноат хазинаи беинтиҳост. Чуноне, ки Худованди карим  фармудааст:

Сухани Худо:

Агар занону мардоне аз онҳоро (кофиронро) аз як зиндагии хуш баҳраманд сохтаем, ту ба онҳо манигар. Ин барои он аст, ки имтиҳонашон кунем. Ризқи Парвардигорат беҳтару пойдортар аст!

(Сураи Тоҳо, ояти 131)

Дар хотима, эй шавҳари меҳрубонам аз ту сипосгузорам, зеро ин номаи бо сузу гудоз нигоштаи маро бо сабру таҳаммул хондӣ ва умедворам, ки дар ҳаёти минбаъдаи оилавиамон саҳифаи  ҷадиде боз хоҳем намуд ва он саҳифаҳои сиёҳро аз байн хоҳем бурд. Эй шавҳари  меҳрубонам ман суханони дар мактубат ба ман навиштаатро ҳаргиз фаромўш нахоҳам кард. Ту гуфта будӣ,  ки сарзаниш собуни дил аст.

Пас инак ману ту якдигарро ба хотири ислоҳи камбудиҳоямон сарзаниш намудем. Инак вақти он расидааст,  ки якдигарро  бубахшем. Ман он камбудиҳоямро, ки дар номаат зикр кардаӣ   ислоҳ мекунам ва аз ту низ чунин умед дорам. Биё дилҳоямонро бо собуни сидқ бишўем, то аз ҳама навоқис пок гардем.

Эй шавҳари меҳрубонам аз Худо таманнои онро дорам, ки бо саъодат зиндагонӣ карданро насибамон гардонад ва  ту нохудои сафинаи ҳаёти мо бошӣ, эй маҳбубтарин ҳамнафаси ман.  Орзумандам, ки сафинаи ҳаёти мо дар баҳри ишқ доимо шиновар бошад. Бо салому эҳтироми фаровон дуъогў ва хайрхоҳи ту ҳамсари бовафоят.

Ба қалами: Муҳаммадиқболи Садриддин.



www.wasatiyat.tj


Маълумот
Шӯъба: ЗАН ДАР ИСЛОМ
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 1294
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 16:37
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2024