Пайравї
намудан аз таълими Ислом њангоми рўй гардондани њамсар.
Каломи
Худованд:
وَاللاَّتِي
تَخَافُونَ نُشُوزَهُنَّ فَعِظُوهُنَّ وَاهْجُرُوهُنَّ فِي الْمَضَاجِعِ وَاضْرِبُوهُنَّ
فَإِنْ أَطَعْنَكُمْ فَلاَ تَبْغُواْ عَلَيْهِنَّ سَبِيلاً
«Мардон аз он љињат, ки Худо
баъзеро бар баъзе бартарї додааст ва аз он љињат, ки аз моли худ нафаќа
медињанд, бар занон сардорї доранд. Пас занони шоиста фармонбардоранд ва дар
ѓайбати шўй афифанд (пок) ва фармони Худоро нигоњ медоранд. Ва он занонро, ки
аз нофармонияшон бим доред, панд дињед ва аз хобгоњашон дурї кунед ва
бизанедашон. Агар фармонбардорї карданд, аз он пас дигар роњи зулм пеш магиред!»
«Нушуз» дар луѓат маънои «баландї»-ро
дорад ва он дар истилоњ ба таънаи баланд шуморидани зан худашро аз шавњараш ва
тарк кардани амри ў ва рўй гардонидан аз ўст».
Дини мубини Ислом «завобити» (ќоидаву ќонуни) муайяне
гузошта аст, ки дар њолати рўй гардонидани зан аз шавњар ва тарк намудани амри ў
шавњар дар муъомила ба зан онњоро бояд риоя намояд.
Якумин ќоида ё дастур ин
«Таддаруљ», яъне ба тадриљ, дараља ба дараља ислоњ намудани зан аст; аз панду
андарз, то тарк намудан дар хобгоњ ва задан.
Дуввумин ќоида ин тањдиди
мусталањот аст, масалан, истилоњи задан, ки дар њадиси Паёмбар (с) омада аст: «Пас
бизанед њамсаронро задани ѓайри маљрўњкунанда» (ѓайра мубаррињин).
Уламо фармудаанд: Яъне задане,
ки ба зан таъсири сахт надошта бошад, масалан, узвашро намешиканад ё ягон
узвашро маљруњ намесозад ё дарди сахт надињад.
Шояд баъзењо њадисеро ривоят
кардаанд, ки аз бисёр хондани он гумон мекунем, ки дуруст аст, вале дар асл
мебинем њадисест заъиф ва мехоњем ин љо дар бораи он огоњї дињем. Он њодисаест
ривоят карда шуда аз Расули Худо (с) ба ќавлаш ин ки: «Мард (рўзи ќиёмат) ба
кадом сабаб њамсарашро задааст, пурсида намешавад». Ин њадис ба санади заъиф
ривоят шудааст ва баъзењо аз ин њадис чунин бардошт намудаанд, ки шавњар чї
тавре хоњад, занашро зада метавонад… ва барои ин амалаш пурсида намешавад.
Ин фањмиши нодуруст аст. Шайх Ѓаззолї
мегўяд: «Агар мард чањорпоеро азоб дињад дар ин дунё ва охират пурсида
мешавад». Яъне чї гуна инсонро мезанад ва аз он пурсида намешавад? Паёмбар (с)
аз задан дар рўй ва ќабењ сохтани он манъ намудааст. Инчунин аз задани зан ба
шиддат монанди задани барда (каниз) манъ намуда фармудааст: «Яке аз шумо
ќасд намуда њамсарашро монанди каниз мезанад ва шояд дар охири њамон рўз бо ў
њамхоба шавад».
Шайх Ѓаззолї мефармояд: «Ба дурустї задани зан
ё зарба дар рўяш љоиз нест. Агар аз занаш ѓазабнок шавад, ба хотири рўй
гардониданаш, пас ба ќаламе, ки ба он менависад ё бо мисвокаш ё дандоншўякаш ўро
занад».
Ба дурустї задани зан баъд аз он буса кардани он
њамоќат аст ё бемории равонї». Шахсе, ки њамсарашро мезанад ва дар охири рўз ўро
мебусад ва бо ў њамхоба мешавад, ба камол наздик нест.
Аз Паёмбар (с) омадааст, ки он Њазрат
њаргиз зан ё ходимеро бо дасташ назадааст, магар ин ки дар роњи Худо (љ) љињод мекарда
бошад.
Ин дар хусуси задан буд ва онро
аввалан баён намудем, чун бештари шавњарњо табиъати ин амрро намефањманд ва
нисбати он сањлангорї мекунанд. Масалан, задан охирин васила баъд аз панду
насињат ва тарк намудани зан дар бистари хоб аст. Њамчуноне ки задан барои адаб
додан гардонида шудааст.
Пас, агар ба нафрат ва људої
расонад, њељ хайре дар он нест, ин василаи
бефоида мебошад. Ислом василаест, ки гоњо бо баъзе мардум фоида меорад ва бо
баъзе намеорад. Шавњари доно касест, ки њамсарашро медонад, ки аз кадом навъ
аст!
Аммо, дар хусуси тарк намудан
дар хобгоњро муќаррар намудааст, яъне фаќат тарк намудани њамхобагї, пас набояд
шавњар дур хоб кунад ва хонаро тарк кунад, зеро ин сабаби бадбахтии зиёдтар
мешавад.
Аммо тарк намудан дар бистари
хоб барои мусолања хеле муфид аст, то зан аќлаш дарояд ва шавњарашро итоъат
кунад. Панду насињат албата маълум аст, тавре, ки пеш баён намудем.
Шавњар набояд гумон кунад, ки
панду насињат маънояш ин аст, ки дар њоли хотиб (хутбахон) болои сари зан истода,
ўро аз оќибати маъсият огоњонад. Шавњар метавонад чунин кунад, лекин оё зан онро
ќабул мекунад?
Мавъиза фан аст ва воъиз шахси донову
зирак мебошад, на шахсе ки матни китобњоро њифз мекунад, балкї медонад, ки чи
гуна шунавандагони худро зери таъсири сухани худ ќарор дињад. Шавњар низ бояд
чунин бошад. Пас, ў низ бояд ба ќалби њамсараш бо пандњои фаќењњона роњ
ёбад.
Номи китоб: Чї бояд кард, то њамсарат туро дўст дорад?
Муаллиф: Одил Фатњї Абдуллоњ
Аз арабї тарљумаи:
Муњаммадиќболи Садриддин