Мувофиқи гуфтаи саҳобагон ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу
алайҳи ва саллам асалро меписандиданд ва ҳар гоҳ, муяссар мешуд, онро
истеъмол мекарданд. Зеро асал илова бар ғизои марғуб буданаш хосияти
шифобахшӣ дорад. Дар сураи "Намл" (Занбӯри асал) омадааст:
"Парвардигоратон ба занбӯри асал илҳом кардааст то дар баландиҳои
дарахтон ва кӯҳҳо хона созед. Ва аз анвои меваҳо ризқи худро ба бдаст
оварад ва ба роҳе, ки Парвардигор мушаххас кардааст, биравад. Ва аз
батни онҳо (занбӯрҳо) шарбате берун меояд, ки боиси шифои бемориҳои
инсон аст".
Оиша (р) нақл мекунад, ки Расули Акрам (с) ҳалво
ва асалро бисёр меписандиданд. Шайх Муҳаддиси Деҳлавӣ дар "Мадориҷун
нубувват" навиштаанд: "Расули Акрам (с) субҳи зуд (барвақт) асалро бо
андаке об омехта майл (тановул) мекарданд. Баъд аз гузашти соате
чанд, ки эҳсоси гуруснагӣ менамуданд, ҳарчӣ муяссар мешуд, мехӯрданд".