Манзур аз ояти «Мо асобака мин ҳасанатин фа
миналлоҳи ва мо асобака мин саййиатин фа мин-нафсик» (Ан-Нисо 79) (Ончи аз хайр ва хубӣ ба ту мерасад
аз Худост ва ончи бало ва бадӣ ба ту мерасад аз худи туст) манзур аз ин чист?
Дар ин оят манзур аз ҳасана неъмат аст ва мақсуд
аз саййиа бало ва мусибат, ки ҳардуи онҳо аз азал барои ҳар инсоне муқаддар
шудааст. Дар ин оят бахшиши ҳасанот ва хубиҳо ба Худованд нисбат дода шудааст,
зеро танҳо Ўст, ки онҳоро ба инсон ато мефармояд. Дар муқобили хубиҳо, масоиб
ва мушкилот ҳастанд, ки Худованд бар асоси ҳикмати худ инсонҳоро ба онҳо
мубтало мекунад. Худованд ҳеч вақт муртакиби бадие намешавад ва ҳар коре, ки анҷом
медиҳад, хубӣ ва неъмат аст. Дар воқеъ, ин балоҳо чун бар асоси ҳикмат ҳастанд,
худ эҳсоне аст аз ҷониби Худованд ба инсон. Паёмбар (с) мефармоянд: "Худоё, ҳамаи хубиҳо аз тарафи Ту ва
дар яди Туст ва Ту аз ҳар навъ шар ва бадӣ мубарро ҳастӣ”. (Муслим).
Бояд донист, ки афъол ва корҳои мардумон ҳама офаридаи Худоянд ва дарвоқеъ,
инсонҳо ҳангоми анҷоми онҳо, онҳоро касб мекунанд. Худованд мефармояд: Ва аммо касе ки сада-а карду такво кард. Ва сада-аашро бо
неки дод. Пас бошад ки мо уро ба суй осони мебарем" (ал-Лайл 5-7)