Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!


ФЕҲРИСТ

...
ЗИКРҲО АЗ ҚУРЪОНУ СУННАТ [16]
АҚИДА [65]
ТАВҲИД - АҚИДА
ҚУРЪОН [21]
ҲАДИС [59]
ФАТВОХОНА [191]
ИСЛОМ [194]
Одоб ва Ахлок [121]
ҲАРОМ ВА ҲАЛОЛ [110]
СИРАИ ПАЙҒАМБАР [21]
ЗАНҲОИ ПАЙҒАМБАР [14]
ҲАЁТИ САҲОБА [30]
ОИЛА ВА НИКОҲ [198]
ТАЪРИХ [37]
ҶОМЕА [86]
ЗАН ДАР ИСЛОМ [85]
ҶАХОН [5]
АШЪОР [2]

...

Китобҳо
Шиносоии му...
Аркони Имон
АСОСҲ...
МАҚОМИ НАМ...

Назарсанҷӣ

Паёмбари мӯъмине, ки писараш кофир буд, ки аст?
javascript:// javascript://
Âñåãî îòâåòîâ: 390



Теги

Дӯстон






ҲУЛҚИ НАКӮ - БЕҲТАРИН МӮЪҶИЗАИ ПАЁМБАР (С) БУД




-Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим.
Мустафоро ҳазор мӯъҷиза буд,
Ки ба мардум ҳаменамудмуқим.
Беҳтарин ҳазор мӯъҷизааш,
Адаби нек буду хулқи азим.

Боре марди фақире ба назди Расули Акрам (с) омаду аз ридои муборакашон кашида, бо дуруштӣ гуфт: "Эй Муҳаммад (с), ҳаққи маро бидеҳ!" Расули Худо (с) дар ҷавоби ин дуруштии он мард табассуме карда гуфтанд: "Албатта ҳаққатро хоҳам дод". Худованд тавассути Ҷибриили Амин (а) ваҳй нозил кард: "Ва иннака лаъало хулуқин ъазим". Яъне, (эй Муҳаммад) ту соҳиби ахлоқи бузург ҳастӣ.
Ҳазрати Муҳаммад (с) бо вуҷуди ҳотами паёмбарон буданашон хеле хоксору фурӯтан буданд.
Ишон дар як ҳадиси муборакашон фармудаанд: "Ман чанд чизро то охири умр тарк намекунам. Яке нишастан дар заминро , дигар ба кудурат буданро". Он ҳазрат бо касе қаҳрӣ намешуданд, ҳатто дар ҳаққи душманонашон дуои нек мекарданд, ки Худованд онҳоро ба роҳи рост ҳидоят кунад. Ба саҳобагон мегуфтанд, ки аз кӯдакон бе кина буданро ёд гиред.
Ҳазрати Муҳаммад (с) мегуфтанд, ки либоси имон парҳезкорист ва ороиши ӯ шарм аст. Рӯзе хоҳари яке аз ҳамсаронашон ба хонаи ишон омад, ки либосаш нозук буд. Расули Худо (с) ӯро сарзаниш накарданд, балки бо киноя гуфтанд: "Дидани бадани зани номаҳрам гуноҳ аст". Он зан аз ин гуфтаи паёмбар (с) панд гирифта, то охири умр риояи сатр намуд.
-Имрӯз агарчи сатҳи зиндагии мардум боло рафта бошад ҳам, ҷудошавии оилаҳо зиёд ба чашм мерасад. Сабаби инро Шумо дар чӣ мебинед?
-Болотарин низоми хонадориро ҳазрати Муҳаммад (с) баён кардаанд. Агар ин низомро риоя накарда бошем, ин айби мост:
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст дар мусулмонии мост.
Дар Қуръони азимушаън таъкид шудааст, ки "Бо ҳамсаронатон зиндагии накӯ намоед", ҳазрати Муҳаммад (с) ба умматони худ чунин васият кардаанд: "Беҳтарини шумоён касонеанд, ки бо аҳли (хонаводаи) худ хуб бошанд". Ислом барои мард, зан ва фарзанд ҳақҳои муайянеро ҷудо кардааст. Чунончи, мард бояд харҷу нафақаи занро таъмин созад, аз либосу хӯроки ӯ бохабар шавад. Ӯро аз чашми бегонагон ҳифз намояд. Дар навбати худ вақте мард аз кор ба хона меояд зан ба чеҳраи кушода ӯро истиқбол гирад. Дар назди шавҳар худро зебу зинат диҳад. Мардон низ бояд дар назди ҳамсар тоза бошанд, хушбӯӣ кунанд, то дили зан ба дигаре майл накунаду пеши фасод баста шавад.
-Фарзанд дар назди волидайн чӣ ҳақ дорад?
-Волидайн пеш аз ҳама ба фарзанд номи накӯ гузоранд. Дуюм, васоили таълими ӯро фароҳам созанд. Сеюм, чун ба синни издивоҷ расид, ӯро бо ҳамсари бодиёнат хонадор кунанд.
Гар ҳоли нек хоҳӣ, фарзандро ҳамеша,
Омӯзаш эй бародар, Қуръону хату пеша,
Зеро, ки пеша шояд рӯзе, ба кор ояд,
Чун пешае надонад, белу каланду теша.
Фарзанд низ дар навбати хуб ба волидайне хизмат кунад ва дар ҳузури онҳо "уфф!" нагӯяд ва садо баланд накунад, аз озурдани дили онҳо худдорӣ намояд.

Мусоҳиб: С.СУННАТӢ


Маълумот
Шӯъба: СИРАИ ПАЙҒАМБАР
Гузоранда: tojikislom
Назарҳо: 441
Шарҳҳо: 0 ...
Вақти гузориш: 15:21
[30.04.2013][Тоҷикистон]
Мукофоти хиёнат: "Шикор"-и афроди гуруҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов (0)
[11.02.2013][Ҷаҳон]
Амалиёти зидди Ислом дар шаҳри санкт-петербург (0)















:
: ...
[08.11.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
Видео: Муҳаммад Солеҳ Пурдил - Аҳамияти илм ва эҳтироми уламо (0)
[10.08.2011][ВИДЕО : ҚУРЪОН]
Видео: Тоҷикписар - қаҳрамони филми «Қуръон дар дил» (0)
[29.07.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Моҳи Рамазон (0)
[22.06.2011][ВИДЕО : МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ]
Видео: МАВЛАВИ НЕЪМАТУЛЛОҲ ТАВҲИДИ - Мубориза бо бидъат ва хурофот дар Қуръон (0)
[17.06.2011][ВИДЕО : МУҲАММАД ПУРДИЛ]
ВИДЕО : Муҳаммад Солeҳ Пурдил - Ишқ ба Аллоҳ ва бародари дар Ислом (0)



ИСЛОМ

Зан ва Мард

Видео
Muhammad Pu...
Шейх Ҳоҷӣ-М...
Др. Аршад И...
Др. Аршад И...

Сӯҳбатхона

Дар самона
Онлайн всего: 1
Меҳмонҳо: 1
Пользователей: 0





Copyright MyCorp © 2019