Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
tojikislom » Фикҳ » ҲAҶҶ ва Умра » ҲАҶ – ТАЪРИХИ ХОНАИ ХУДО
ҲАҶ – ТАЪРИХИ ХОНАИ ХУДО
MuslimkaДата: Сешанбе, 09.12.2008, 10:21 | Сообщение # 1
Лейтенант
Группа: Модераторы
Сообщений: 48
Статус: Offline

Худованди бузург дар Қуръони карим мефармояд:

"Нахустин хонае, ки барои мардум (ба мақсади ибодати Худованд) бино ёфтааст, ҳамон (хона)-ест, ки дар Макка аст. (Он) пурбаракат ва мояи ҳидояти ҷаҳониён аст. Дар он нишонаҳои равшане вуҷуд дорад. Аз ҷумла, мақоми Иброҳим ва ҳар кас дохили он шавад, дар амн хоҳад буд" (сураи Оли Имрон 96-97). Такя ба ояти мазкур тамоми муфассирон иттифоқ ба он доранд, ки нахустин ибодатгоҳ дар рӯйи замин Каъба мебошад.

Каъба пас аз харобшуданаш дар тӯфон дигарбора аз ҷониби Иброҳими Халил (а) дар рӯйи замин қомат афрохт. Ҳама маносики ҳаҷ аз ҳазрати Иброҳим (а) ба ёдоварӣ мондаанд, аз ин рӯ бархе аз донишмандон аз он ба маносики иброҳимӣ ёд менамоянд. Пас аз бино намудани хонаи Каъба Худованд ба Иброҳим (а) мефармояд, мардумро барои гузоридан ва анҷом додани ҳаҷ даъват намуд:

"Мардумро ба ҳаҷ даъват кун, онҳо пиёдаву савора бар маркабҳои лоғари худ аз ҳар роҳи дуре (ба сӯйи хонаи Каъба) ба назди ту меоянд". (сураи Наҳл ояти 27)

Дар Қуръон инчунин аз дуои Иброҳим (а) барои фарзандони худ дар ин сарзамин ёд шудааст.

Чунончи дар ояти 37-уми сураи Иброҳим омадааст:

"Парвардигоро! Ман яке аз фарзандонамро дар ин сарзамини хушк ва беҳосил дар канори хонае, ки ҳарами туст, сукунат додам.

Парвардигоро! То намозро барпо доранд, пас дилҳои тоифае аз мардумон - (гирду атроф)-ро ба сӯйи онҳо моил гардон ва аз меваҳо (гуногун)-и онҳоро рӯзӣ бидеҳ, бошад, ки шукри туро ба ҷой оваранд".

Худованд дуои Иброҳим (а)-ро қабул карда тамоми омоли ӯро амалӣ мегардонад. Хусусан пас аз пайдо шудани оби Замзам қабилаҳои зиёде ба он ҷо омада, онро ободон гардониданд.

Пас аз Иброҳим (а) мардум ба гузоридани ҳаҷ камар баста, мекӯшиданд, то ба тарзи иброҳимӣ онро адо намоянд. Аммо бо гузашти таърих мардум дар маносики ҳаҷ таҳрифу тағйиротҳо ворид намуданд. Ҳатто бархе аз маносикро, ки бахши асосии ҳаҷ шуморида мешуд ба унвони гуноҳ қаламдод намуда, ба он чун мамнуоти ҳаҷ муносибат менамуданд. Баъдтар дар даврони ҷоҳилӣ бутҳои зиёдеро дар дарун ва гирду атрофи Каъба насб карда, барои таъзим гирди онҳо чарх мезаданд. Аммо бо зуҳури дини мубини Ислом паёмбари Худо(а) маносикҳои ҳаҷро ҳамон гунае ки дар замони Иброҳим (а) буд эҳё намуд ва тарзи дурусти адо намудани ҳаҷро ба тамоми мусулмонон таълим дод. Хусусан, дар охирин ҳаҷҷи намудаи худ, ки дар таърихи Ислом бо унвони "Ҳаҷҷат-ул-вадоъ" ёд мешавад, тамоми куллиёт ва ҷузъиёти маносики ҳаҷро ба мусулмонон омӯзонид. Аз баски ҳаҷ рукни панҷуми Ислом қарор дода шудааст донишмандони исломӣ бахше аз китобҳои фиқҳӣ ва таснифоти дар илми ҳадис кардаи худро ба масоили он бахшидаанд.

Прикрепления: 6475776.jpeg (85.4 Kb)


Bismilloh-аудио ва видео файлхо

Nisaun-форуми исломи барои хоҳарон

 
MuslimkaДата: Сешанбе, 09.12.2008, 10:24 | Сообщение # 2
Лейтенант
Группа: Модераторы
Сообщений: 48
Статус: Offline
АРКОН ВА ВОҶИБОТИ ҲАҶ


Ҳаҷ дар забони арабӣ ба маънои "қасд" ва "оҳанги коре кардан" аст, аммо дар истилоҳи шаръӣ "ҳаҷ аз қасд ва ҳаракат кардани мусулмони тавонманд дар вақти муайян ба сӯйи хонаи Худо барои анҷом додани амалҳои махсус" мебошад.

Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи Ислом буда, барои ҳар шахси мусулмон, сарфи назар аз ҷинсият дар тамоми умр як бор ба ҳаҷ рафтан фарз аст. Аммо бо вуҷуд доштани шароити зерин:

1.Ислом

2. Ақл

3. Балоғат

4. Тавоноӣ

Дар баробари ин шартҳои дигаре барои воҷиб гаштани анҷоми ҳаҷ зарур аст, ки ба таври зайланд:

а) саломатии ҷисмонӣ.

б) набудани монеае аз анҷоми ҳаҷ.

в) амнияти роҳ.

г) маҳрам барои зан.

д) дар идда набудани зан.

Дар сурати фароҳам будани шартҳои мазкур агар шахс ҳаҷҷи фарзиро адо нанамояд базаҳкор гашта, мавриди азобу итоб қарор мегирад. Чунонки паёмбари Худо(с) барои адои ҳаҷ таъкидҳои зиёде намудааст. Аз ҷумла Имом Тирмизӣ аз ҳазрати Алӣ (р) ривоят мекунад, ки паёмбари Худо (с) фармуданд: "Касе, ки тӯша ва маркабе барои ҳаҷҷи хонаи Худо фароҳам карда метавонад ва бо ин ҳол ба ҳаҷ намеравад, роҳе ба ҷуз яҳудӣ ва ё масеҳӣ мурданро дар пеш надорад. Зеро Худованд дар Қуръони карим мефармояд: "Ҳаҷҷи хонаи Худо бар тамоми онҳое, ки тавоноӣ доранд, фарз аст".


Bismilloh-аудио ва видео файлхо

Nisaun-форуми исломи барои хоҳарон

 
MuslimkaДата: Сешанбе, 09.12.2008, 10:26 | Сообщение # 3
Лейтенант
Группа: Модераторы
Сообщений: 48
Статус: Offline
Рукнҳо (фарзҳо)-и ҳаҷ

Ҳаҷ дорои се рукн:. 1. эҳром 2. вуқуфи дар Арафот 3. тавофи фарзӣ буда, умра бошад дорои ду рукн мебошад:

1. Эҳром

2. Тавоф.

ВОҶИБОТИ ҲАҶ

1. Вуқуфи дар Муздалифа.

2. Идома додани вуқуф дар Арафот то ғуруби офтоб.

3. Сангзанӣ (дар рӯзҳои ид).

4. Забҳ намудани қурбонӣ.

5. Тарошидан, кӯтоҳ кардани мӯйи сар дар ҳудуди Ҳарам.

6. Тарошидан ва ё кӯтоҳ кардани мӯйи сар дар рӯзҳои ид.

7. Дар се рӯзи ид тавофи зиёрат.

8. Саъй миёни Сафо ва Марва.

9. Тавофи видоъ.

10. Аз миқот эҳром бастан.

11.Дар ҳолати анҷом додани тавофи зиёрат ва саъй пок будан.

12. Пас аз ҳар тавоф ду ракаат намоз гузоридан.

СУННАТҲОИ ҲАҶ

1. Тавофи қудум.

2. Рамал ва изтибоъ.

3. Рӯзи ҳаштум ба Мино рафта, шаби ояндаро дар он ҷо гузаронидан.

4. Пас аз баланд шудани офтоби рӯзи Арафа ба сӯйи Арафот рафтан.

5. Шаби идро дар Муздалифа гузаронидан.

6. Ду шаби дигар, яъне шабҳои се рӯзи идро дар Мино гузаронидан.

7. Талбия гуфтан.

8. Ғусли рӯзи Арафа дар Арафот.

9."Ҳаҷар-ул-асвад"-ро истилом ва бӯсидан.


Bismilloh-аудио ва видео файлхо

Nisaun-форуми исломи барои хоҳарон

 
MuslimkaДата: Сешанбе, 09.12.2008, 10:27 | Сообщение # 4
Лейтенант
Группа: Модераторы
Сообщений: 48
Статус: Offline
МАМНУОТИ ҲАҶ


Дар баробари аркон ва суннату мустаҳабботи ҳаҷ боз як гурӯҳ корҳое ҳастанд, ки барои ҳаҷгузор амалӣ намудани онҳо мамнӯъ мебошад:

1. лаҳву беҳуда гуфтан.

2. фисқ ё кори баде кардан.

3. доду фарёд ё ҷангу ҷидол намудан.

4. чизи дӯхташуда пӯшидан.

5. сару рӯйро бо тоқӣ, кӯлоҳ ё ягон чизи дигар пӯшидан.

6. хушбӯйӣ истеъмол намудан,

7. риш, мӯйи сар ва ё мӯйҳои дигар ҷойи баданро тарошидан ё чидан

8. нохун гирифтан.

Бо назардошти ин мамнуот барои шахсе, ки ба нияти адои ҳаҷ камар мебандад беҳтар аст, ки пеш аз бастани эҳром мӯйҳои сар ва дигар аъзои бадани худро тарошидаву кӯтоҳ намояд ва нохунҳои худро гирифта, худро бо беҳтарин хушбӯйиҳо хушбӯ гардонад.


Bismilloh-аудио ва видео файлхо

Nisaun-форуми исломи барои хоҳарон

 
MuslimkaДата: Сешанбе, 09.12.2008, 10:28 | Сообщение # 5
Лейтенант
Группа: Модераторы
Сообщений: 48
Статус: Offline
АНВОИ ҲАҶ

Дар китобҳои фиқҳӣ атрофи анвои ҳаҷ суханҳои бисёре гуфта шудааст, ки ба таври муҷаз аз онҳо ёд мекунем:

1. Ҳаҷҷи ифрод ҳаҷҷест, ки ҳаҷгузор аз миқотгоҳ танҳо барои ҳаҷ эҳром мебандад.

2. Ҳаҷҷи таматтӯъ ҳаҷҷест, ки ҳаҷгузор анҷом додани умра ва ҳаҷро дар барномаи сафарии худ ҷой дода, аммо танҳо барои умра эҳром мебандад.

3. Ҳаҷҷи қирон ҳаҷҷест, ки ҳаҷгузор анҷом додани умра ва ҳаҷро дар барномаи сафарии худ ҷой дода, барои умра ва ҳаҷ якбора эҳром мебандад.


Bismilloh-аудио ва видео файлхо

Nisaun-форуми исломи барои хоҳарон

 
tojikislom » Фикҳ » ҲAҶҶ ва Умра » ҲАҶ – ТАЪРИХИ ХОНАИ ХУДО
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:


Copyright MyCorp © 2024