Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
tojikislom » Таърихи Исломи » ПАЁМБАР (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) » БА СӮИ МОДАРИ МЕҲРУБОНАШ
БА СӮИ МОДАРИ МЕҲРУБОНАШ
tojikislomДата: Чоршанбе, 26.11.2008, 17:01 | Сообщение # 1
Admin
Группа: Администраторы
Сообщений: 193
Статус: Offline
БА СӮИ МОДАРИ МЕҲРУБОНАШ

Ба дунболи ин ҳодиса Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Макка, ба назди модар ва хонаводаи худ баргардонда шуд ва тақрибан ду соли дигар ҳамроҳи модараш буд. То замоне ки модараш ӯро ба зиёрати доиҳои (тағоиҳо) бобокалонаш, ба Банӣ Адий ибни Наҷҷор ба Мадина бурд. Абдулмутталиб ва ходими онҳо Уммиайман низ бо эшон ҳамроҳӣ доштанд.
Пас аз чанде оҳанги бозгашт намуданд. Дар нимароҳ модари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Омина ранҷур гашт ва дар Абво (номи маконе) дар байни Макка ва Мадина аз дунё чашм пӯшид ва дар ҳамон ҷо ба хок супурда шуд.

БА СӮИ ҶАДДИ ДИЛСӮЗАШ

Пас аз дафни модараш ӯро бобояш Абдулмутталиб ба Макка овард. Ӯ аз жарфои (умқ) дили худ, сӯзу гудоз ва дарду алами ҷавони азодорро дарк намуд ва бар ӯ аз хештан чунон навозиш ва риққат нишон медод, ки бар ҳеҷ фарзанди дигараш намекард. Аз ӯ қадрдонӣ ба амал меовард ва аз фарзандони дигараш муқаддам медошт, Ӯро бар бистари хоси худ менишонд, ки касеро бар он нашинонда буд. Бо дастони худ пушти ӯро мемолид ва аз роҳу равиши ӯ хушаш меомад ва бовар дошт, ки ӯро шаъни бузург ва ояндаи дурахшоне дар пеш аст. Аммо, дарего! Ин навозишҳо низ дер напоид. Баъд аз ду сол вафоти модараш, бобои навозишкораш низ дасти худ аз сари ӯ бардошт ва ба ҷаҳони абадият шитофт. Дар ин айём Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаштсолагиро пур карда буд.

БА СӮИ АММИ (АМАК) МУШФИҚАШ

Аз ин баъд сарпарастӣ ва нигоҳбонии ӯро аммаш Абутолиб ба ӯҳда дошт. Ӯ низ Паёмбарро (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мавриди иноят ва навозиши хоси худ қарор дод. Абутолиб камбизоат буд, вале Худованд бо омадани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ҷамъи эшон, дарҳои баракоти худро боз намуд. Ҳатто таоми барои як нафар омодашуда, тамоми хонаводаро кифоят мекард. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) намунаи сабру қаноат буд. Бо он чи Худояш муяссар мегардонд, иктифо мефармуд.

 
tojikislom » Таърихи Исломи » ПАЁМБАР (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) » БА СӮИ МОДАРИ МЕҲРУБОНАШ
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:


Copyright MyCorp © 2024