Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
tojikislom » Таърихи Исломи » ПАЁМБАР (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) » ПАЙМОНИ ФУЗУЛ (родмардон)
ПАЙМОНИ ФУЗУЛ (родмардон)
tojikislomДата: Чоршанбе, 26.11.2008, 17:03 | Сообщение # 1
Admin
Группа: Администраторы
Сообщений: 193
Статус: Offline
ПАЙМОНИ ФУЗУЛ (родмардон)

Ба дунболи ин ҷанг дар миёни панҷ шохаи қабилаи Қурайш ки аз Банӣ Ҳошим, Банӣ Мутталиб, Банӣ Асад, Банӣ Зуҳра ва Банӣ Тайм иборат буданд, дар моҳи Зилқаъда паймони фузул баста шуд.
Сабаби паймон он буд, ки марде аз қабилаи Зубайд молу бизоати худро ба Макка овард. Ос ибни Воили Саҳмӣ бизоати ӯро харидорӣ намуд, аммо пулашро надод. Он марди зубайдӣ аз Банӣ Абдудор, Банӣ Махзум, Банӣ Ҷумаҳ, Банӣ Саҳм ва Банӣ Адий мадад хост, то ҳаққашро аз Ос бигирад, вале ҳеҷ кас ба доди ӯ нарасид. Ӯ ба кӯҳи Абуқубайс боло шуд ва ҷафои дидаашро бо абёте хонд ва нидо дардод, ки кист, то ба кӯмаки ӯ бархезад. Зубайр ибни Абдулмутталиб аз дунболи ҳаққи ӯ шуд ва тамоми мардуми зикршударо дар ҳавлии Абдуллоҳ ибни Ҷудъон раиси Банӣ Тайм ҷамъ овард.
Гирдомадагон ба ҳам аҳд бастанд, ки дар Макка агар ҷафодида ва ситамкашидаеро бинанд, хоҳ аз аҳли Макка бошад ва ё аз бегонагон, ҳама ҳамроҳи ӯ ба по хезанд, то ҳақро ба ҳақдор баргардонанд. Сипас ҳама бархоста, ба назди Ос ибни Воил шуданд ва аз ӯ ҳаққи марди зубайдиро ситонда ба соҳибаш баргардониданд.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамроҳи амакҳои худ дар ин паймон иштирок намуда, пас аз шарафёб шудан ба ифтихори рисолат мефармояд:
"Ман дар ҳавлии Абдуллоҳ ибни Ҷудъон дар бастани паймоне ҳузур ёфтам, ки муфоди (муҳтавои) он барои ман аз шутурони сурх беҳтар аст. Агар дар даврони Ислом низ ба чунин паймон даъват шавам, ҳаройина қабул хоҳам кард".
 
tojikislom » Таърихи Исломи » ПАЁМБАР (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) » ПАЙМОНИ ФУЗУЛ (родмардон)
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:


Copyright MyCorp © 2024