Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
tojikislom » Масъалаҳои умумй » Масъалаҳои умумй » БЕЭҲТИРОМӢ НИСБАТИ ЗАН АЗ ҶАҲОЛАТ АСТ
БЕЭҲТИРОМӢ НИСБАТИ ЗАН АЗ ҶАҲОЛАТ АСТ
SolehaДата: Чумъа, 12.02.2010, 20:17 | Сообщение # 1
Рядовой
Группа: Пользователи
Сообщений: 7
Статус: Offline
Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, қаҳр аз бабру борондагӣ аз абр, вафодорӣ аз қуву равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра - қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад. Дар ситоиши занон бузургони олам андарзҳои безавол офаридаанд. Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар васфи зан-модар чунин фармудаанд:"Биҳишт зери қудуми модарон аст". Аз ин рӯ, ҳар касе, зан - модарро хор медорад, ӯ назди Худованд гунаҳкор аст.
Ба ҳамаи маҳдудияту маҳкумиҳо нигоҳ накарда, дар ҳар давраи таърих занони солору далер ва закиву хирадманд бо талошу заҳматҳо ва худшиносӣ дар саҳфаи таърих номи худро ҷовидонӣ сабт намуда, исбот намуданд, ки зан ҳам соҳиби ақлу заковати баланд аст. Баъзеҳо имрӯз нисбати зан таҳқиру озорро раво мебинанд. Ин ҳама кӯтоҳандешӣ аз надонистани аҳкоми шариат аст. Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) занро "шамъу чароғи хонадон", "хонае, ки зан нест хуррамӣ вуҷуд надорад"- гуфтаанд.
Ба ривояти Имоми Содиқ раҳматуллоҳи алайҳ рӯзе Расули Акрам (саллаллоху алайхи вассалам) ба минбар рафт ва пас аз ҳамду санои илоҳӣ фармуд: "Эй мардум, Ҷибриил аз пешгоҳи илоҳӣ назди ман омада гуфт. Духтарони бикр монанди меваи дарахтанд. Мавқее, ки мерасанд, агар саривақт чида нашуд, шӯои офтоб расида фосидашон мекунад ва вазиши бод пароканда месозад. Ҳамчунин духтарон вақте ба ҳадди булуғ расида монанди занон дар хештан тамоили ҷинсӣ эҳсос намуданд, доруе ҷуз шавҳар надоранд. Агар ҳамсар нагиранд, аз фасод эмин нестанд, зеро ки башаранд ва башар аз хатою лағзиш пок нест".
Аз ин рӯ, ба масъалаи оиладорӣ чӣ дар ислом ва чӣ дар давлатҳои демократӣ диққати ҷиддӣ дода, онро асоси ҷамъият меҳисобанд. Дар оилае,ки қадру қиммати зан риоя мешавад, ҳамеша эҳтироми тарафайн вуҷуд дошта, он бобақою устувор мебошад. Вақте мард ҳамсарашро азиз медорад, фарзандони ӯ низ аз падар ибрат гирифта, ҳам модар ва ҳам ҳамсари худро эҳтиром мекунанд. Мутаассифона, мардоне низ дар ҷамъият вомехӯранд, ки "лаби латта, паршикастаю оҷиз, ғулому каниз"-гӯён нисбати зан бетараҳҳумӣ зоҳир мекунанд. Бо баҳонаи ночизе ба сари ҳамсар, духтару хоҳари худ мушту лагад бардошта, ҳуқуқашонро поймол месозанд. Агар зан аз ҷабри шавҳар ба ҷое шикоят барад сари қаҳр калимаи тақдирсӯзи "талоқ"-ро ба забон меоранд.
Пас аз чанде ба худ омада аз карда пушаймон барои аз нав оштӣ шудан ба сари сад мулло давида ривоят меҷӯянд. Ҳол он ки қариб аксари мушкилоти зиндагии имрӯзаро занон ба дӯши худ доранд. Бо баҳонаи ночиз, гарданшахию танбалӣ даст ба коре назада, аз ҳисоби меҳнати зан дар хона хӯрда, хоб кардан ё ба Русия рафта, солҳо зану фарзанди худро фаромӯш кардан одати баъзе мардон гаштааст, ки бо дидани онҳо нафрати кас меояд. Ба фикри банда ин аз як тараф ҳуқуқи худро надонистани занон аст. Агар ҳар як падару модар иҷозату имконият медод, ки фарзандашон дар мактаб хонда, саводноку соҳибҳунар шаванд ва ҳуқуқҳои худро ҳимоя карда тавонанд, ба ин дараҷа занон бори миннати шавҳар ва хорию зорӣ намекашиданд.
Зан агар босавод бошад ҳам дар оиладорию ҳам дар тарбияи фарзандон ва эҳтироми шавҳар , хусуру хушдоман масъулият ҳис мекунад.Имрӯз баъзе волидон дар интихоби арӯс ҳамон духтареро мехоҳанд, ки мактаб нахондаю ноболиғ бошанд. Падару модароне ҳастанд, ки дидаву дониста ҷигарбанди хешро ноболиғ ба шавҳар дода, бо ҳамин қарзи худро адошуда меҳисобанд. Мутаассифона духтарҳои 15,16,17-солаи мактаб нахонда ва ҳанӯз корҳои рӯзгордориро наомӯхтаву ба оиладорӣ нотайёр баробари ба хонаи шавҳар омадан ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ меоянд. Шавҳардорӣ, хизмати хусуру хушдоман, корҳои хонагӣ барояш душворӣ мекунанду азоб мекашад. Дар чунин ҳол онҳое, ки дидаву дониста ӯро арӯс интихоб карда буданд ба ҷои насиҳат карда кор омӯзонидан, баръакс таънаю маломат ва коҳишу дашном намуда шавҳарашро зидди ӯ мешӯронанд. Шавҳар низ ба ҷои муросо дарҳол мушт ба сари зани ҷавон бардошта, зӯрии худро нишон медиҳад. Бо ҳамин баҳонаҳо миёни қудоҳо носозӣ эҷод шуда, гоҳо кор ба ҷудошавӣ анҷом меёбад. Барои пешгирии чунин ҳодисаҳои нохушу номатлуб пеш аз ҳама бояд волидон масъулиятро ба дӯш гиранд. Қабл аз хонадоркунии писар ӯро соҳиби маълумоту ҷои кор намоянд, то ки аҳли оилаи худро таъмин карда тавонад. Дар интихоби арӯс низ саҳлангорӣ накарда, духтари ба балоғат расидаю ба моҳияти оиладорӣ сарфаҳм мерафтагиро келин кунанд. Пешниҳод дорам, ки баҳри пойдории оила ва эҳтирому поймол нагаштани ҳуқуқи зану фарзандони ӯ ҳар як мулло бояд аввал синну сол, ризоияти ҳарду нафарро пурсида, сипас ба ҳар яки онҳо дар бораи муқаддасоти оилаву оиладорӣ, эҳтироми тарафайн, мақоми зан дар ислом маълумот дода, баъди ЗАГС хутбаи никоҳ хонад.
Ҷамъияти моро бепарвогию бетарафӣ ва бераҳмии атрофиён ба касодшавию вайронӣ расонида истодааст. Дар маҳалу деҳа мебинем, ки дар оилае байни зану шавҳар, ё келину хушдоман носозгорӣ аст, аммо на ҳамсоя, ё раиси маҳаллаву имоми масҷид дахолат намекунанд ва ба мақомоти дахлдор хабар намедиҳанд. Дар натиҷаи бетарафӣ иддае аз занон ба зарба тоб наоварда, даст ба худкушӣ мезананд.
Созмонҳое, ки бо масъалаи хонадорӣ ва мушкилоти онҳо сару кор доранд, агар дар нишасту семинарҳо ходимони динро низ ҳамроҳ гиранд, ба нафъи кор мешуд. Ташаббусе, ки Гурӯҳи рушди иҷтимоӣ пеш гирифтаасту онро дар якчанд деҳоти навоҳии Вахшу Бохтар ва шаҳри Қӯрғонтеппа амалӣ намуда истодааст, мо намояндагони аҳли дин тарафдорӣ мекунем. Дар навбати худ омодаем, ки кӯмаку мусоидати хешро расонем. Зеро бо ҳамкорию ҳамдастӣ бештар ба пирӯзиҳо ноил шудан мумкин аст.
Ҳоҷӣ Саидҷон МАҲМУДОВ, Раиси Шӯрои Уламои Маркази исломии вилояти Хатлон.


"Аз Аллох бубин, хар он чи меояд ба сар,
Бе ризои Хак намехезад зи санги хам шарар:
 
tojikislom » Масъалаҳои умумй » Масъалаҳои умумй » БЕЭҲТИРОМӢ НИСБАТИ ЗАН АЗ ҶАҲОЛАТ АСТ
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:


Copyright MyCorp © 2024