Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
tojikislom » Зан дар ислом » Муслима » Ҳаё сармояи мусулмон
Ҳаё сармояи мусулмон
SalihatДата: Чоршанбе, 05.05.2010, 16:21 | Сообщение # 1
Рядовой
Группа: Пользователи
Сообщений: 9
Статус: Offline
Дини Ислом ба унвони бузургтарин дини ахлоқ аст, ки тамоми ҳолоти мусулмононро аз бузургу кӯчак дар назар мегирад ва ба тамоми ҷанбаҳои фардӣ ва иҷтимоӣ эҳтимом меварзад. Расули Акрам (с) мефармоянд: "Ҳамоно ман мабъус шудам, то тамомкунандаи беҳтарин ахлоқро бошам". (Имом Аҳмад).

Ҳаё сармояи мусулмон

Дини Ислом ба унвони бузургтарин дини ахлоқ аст, ки тамоми ҳолоти мусулмононро аз бузургу кӯчак дар назар мегирад ва ба тамоми ҷанбаҳои фардӣ ва иҷтимоӣ эҳтимом меварзад. Расули Акрам (с) мефармоянд: "Ҳамоно ман мабъус шудам, то тамомкунандаи беҳтарин ахлоқро бошам". (Имом Аҳмад).

Ҳамчунин мефармоянд: "комилтарини шумо дар имон касоне ҳастанд, ки некӯтарин ахлоқ дошта бошанд". Фардои қиёмат наздиктарин ҷойгоҳ ба Расулуллоҳ (с) он касест, ки дорои накӯтарин ахлоқ доро бошад.

Ҳамоно яке аз муҳимтарин меъёрҳо ва нишонаҳои ахлоқи некӯ "ҳаё" мебошад. Зеро Расули акрам (с) мефармоянд: "ҳар дине дорои васф ва нишонаест ва васфу нишонаи мумтози Ислом ҳаё мебошад". Дар ҳадиси дигар мефармоянд: "ҳаё шохае аз шохаҳои имон аст ва ҳаё ҳамааш хайр аст ва фақат хайру хубиро ба армуғон меоварад."

ВИЖАГИҲОИ ҲАЁ

1. Ҳаё- ахлоқи зебоест, ки Худо онро дӯст медорад. "Ҳамоно Худованд (ҷ) бисёр боҳаё аст ва айбҳоятро мепӯшад ва ҳаёву пӯшишро дӯст медорад."

2. Ҳаё аз ахлоқи Расули акрам (с) аст ва ҳамоно паёмбар боҳаётарин афрод ва "ҳаёи ӯ аз ҳаёи духтаре, ки худро дар чодар печида, бештар аст". (Имом Бухорӣ).

3. Ҳаё аз ҷониби Аллоҳ ва беҳтарин роҳ барои расидан ба тоат ва шитофтан ба сӯйи хайрот, дурӣ ва иҷтиноб аз разоилу гуноҳ мебошад. "Аз Худованди мутаол он чунон ҳаё кунед, ки ҳаққи ҳаё аст."

"Ҳар кас мағзу фикрашро ва васвасаҳои шайтонӣ ва шикамашро аз ғизоҳои ҳаром ва баданашро аз шаҳавот ва ҳавоҳои нафсонӣ ҳифз кунад, марг ва азоби қабрро ба ёд оварад, ҳадафи хешро охират қарор диҳад ва аз айшу нӯши дунё даст бардорад, дар ҳақиқат ӯ ҳаққи ҳаёро адо кардааст".

4. "Ҳаё шохае аз имон аст ва ҷойгоҳи имон биҳишт аст ва беҳаёиву бешармӣ шарру бадӣ аст ва бадӣ ба дузах мебарад." (Имом Тирмизӣ).

5. "Ҳаё ҳамааш хайр аст ва хайру хубиро ба ҳамроҳ меоварад." (Имом Бухорӣ ва Имом Муслим).

6. "Ҳаё нишонаи имон ва хубиҳост ва беҳаёию бешармӣ нишонаи нифоқу бешармист." (Имом Бухорӣ).

7. Ҳаё соҳиби худро зебову беолоиш мекунад.

"Дашному носазо дар ҳар чӣ бошад онро зишт месозад ва ҳаё дар ҳар чӣ бошад онро зебо ва музайян мекунад." (Имом Тирмизӣ).

Аз ҳаё магзар, ки дар номусгоҳи

эътибор,

Шарм мардонро виқор асту

занонро зевар аст.

НАВЪҲОИ ҲАЁ

1. Болотарин дараҷаи ҳаё барои касест, ки дар муқобили неъматҳои Худо шокир бошад ва дар муқобили он носипосиву куфрон накунад. Дар муқобили сахтӣ ва балоҳо Худоро фаромӯш накунад, ҳарфҳои куфромез назанад ва ба даргоҳи Аллоҳ забони эътироз накушояд, ҳамеша амрҳои Худоро тоат кунад, аз муҳаррамот (ҳаромҳо) дурӣ кунад, аз Худованди мутаол дар тамоми ҳаракоташ ва лаҳазоташ битарсад, чуноне ки тарсидан ҳаққи Худо ва сазовори ӯст.

2. Ҳаёи шахс дар нафси худ: Масоил ва асрори хонаводагиро барои дӯстон бозгӯ накунад ва гуноҳон ва корҳои зишти худро барои дигарон нагӯяд, зеро бозгӯ кардани гуноҳ гуноҳ ва амали зишт аст, балки ба тазкия ва покии нафси худ ҳарис бошад ва онро ба сӯйи хайру салоҳ равона кунад.

3. Ҳаё аз мардум: Шахсе, ки аз Худо ва нафси худ шарм медорад, дорои ахлоқи бузургест, ки ҳатто асари онро дар рафтор бо мардум мебинад ва аз анҷом додани аъмолу рафтори зишт дар ҳузури мардум дурӣ меҷӯяд. Чӣ тавре аз Худо шарм мекунад аз мардум ҳам шарм мекунад.

4. Ҳаё бо падару модар:

Инсони боҳаё ҳеҷ вақт дар муқобили падару модари худ камтарин беадабиро муртакиб намешавад, балки бо беҳтарин ахлоқ ва рафтор бо онҳо муносибат мекунад.

Аллоҳ таоло мефармояд: "ба онҳо (падару модар) ҳатто як уф ҳам нагӯ ва барояшон фарёд мазан."

Абӯҳурайра (р) писарбачаеро дид, ки ҳамроҳи марде роҳ меравад, фармуд: ин кист? Гуфт: падарам. Фармуд: ҳаргиз ҷилави ӯ роҳ марав, қабл аз ӯ манишин ва ӯро бо исмаш садо мазан. (яъне ӯро ҳангоми садо задан бобо ё падар бихон, на бо номаш).

5. Ҳаёи зан дар пӯшидани либос ва покдоманӣ:

Беҳтарин васила барои ҳифз ва каромати зан ва духтар сатр ва пӯшиши исломист, ки онҳоро аз ҳар бадиву палидӣ нигоҳ дошта, барояшон ба ҷуз иззату сарбаландӣ чизи дигаре тақдим намекунад.

Ҳаё бояд, ки дорад одамизод,

Ки лаънат бар вуҷуди беҳаё бод.

РОҲҲОИ КАСБИ ҲАЁ

1. Ҳамвора Худовандро бар рафтору кирдори худ ҳозиру нозир бидонем ва дар ниҳону ошкор аз Худо битарсем.

2. Тафаккур дар неъматҳо ва азамати Худованди мутаол.

3. Шукргузории неъматҳои бешумори Худованди мутаол

(Агар шукргузор бошед, шуморо бештар диҳам)

4. Содиқ будан дар кирдору рафтор ва дурӣ аз гуноҳ

5. Нишастан бо накӯкорон ва касоне, ки хушахлоқ ҳастанд.

6. Хондани сирати Паёмбар(с) ва инсонҳои боахлоқ.

Мӯҳсини РАМАЗОНӣ

 
tojikislom » Зан дар ислом » Муслима » Ҳаё сармояи мусулмон
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:


Copyright MyCorp © 2024