Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
tojikislom » Таърихи Исломи » ҲАЁТИ САҲОБА ВА ЗАНҲОИ ПАЙҒАМБАР » Бонувони саҳоба
Бонувони саҳоба
SalihatДата: Чоршанбе, 05.05.2010, 16:34 | Сообщение # 1
Рядовой
Группа: Пользователи
Сообщений: 9
Статус: Offline

Бонувони саҳоба: 1. Ҳалимаи Саъдия

Ҳалимаи Саъдия - модари разоии Расули акрам {саллаллоҳу алайҳи ва
саллам}.

Ин бонуи фаҳим, бурдбору андешаманд ва гиромӣ ки мо аз ӯ сухан мегӯем, баргузидаи ҳар мусулмон
ва азизи дили ҳар муъмин аст. Ӯ касест, ки аз пистонҳои поку
мутаҳҳараш мавлуди мубораке ҳамчун Муҳаммад ибни Абдуллоҳ {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} тағзия мекунад ва дар оғӯши гарму меҳрубонаш меосояд ва дар домони пурмеҳру муҳаббаташ
парвариш меёбад ва фасоҳату балоғат ва ширинии лаҳҷаи ӯ ва хешовандонаш бо табиъат ва
сарпарастии ин кӯдак аҷин мегардад
ва дар натиҷа, ӯ зеботарин
суханро дорад ва ширинтарин лаҳҷаро. Оре. Ин бонуи гиромӣ ва арҷманд Ҳалимаи Саъдия - модари разоъии Паёмбари гиромии Ислом мебошад. Бояд
донист, ширдиҳии Ҳалима ба мавлуди муборак, ки боғи дунёро пур аз атри некию муҳаббат намуд ва фурӯғи ҳидоятро бар
зулматкадааш афрӯхт ва бӯстони дунёро
бо ниҳолҳои фазоили ахлоқӣ ва одобу сунани худописандона орост, достоне дорад, аз зеботарин ва
шигифангезтарин достонҳо. Ба пои сӯҳбати Ҳалима менишинем, то
достонашро бо зебоӣ ва ҷазобати хос
ва дар айни ҳол содаву гиро барои мо баён кунад. Гузориши ӯ дар мавриди Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} аз зеботарин гузоришҳо ва достонҳо аст ӯ чунин мегӯяд:

- «Ҳамроҳ бо шавҳару фарзанди кӯчакамон аз хона берун шуда ва дар ҷустуҷӯи кӯдакони
ширхора роҳии Макка шудем. Теъдоде аз занони Банӣ Саъд ҳамроҳи мо буданд,
онҳо низ ҳамин ҳадафро дунбол мекарданд.

Хушксолӣ ба ҳама ҷо ҳоким буд, кишту зироъатҳо аз беобӣ, хушкида буданд ва пистонҳо қатрае аз
шир саховат намекарданд. Мо ду саворе ҳамроҳ доштем, ки бисёр наҳифу лоғар ва пиру нотавон буданд, қатрае аз шир дар пистонҳояшон ёфт намешуд. Ману фарзандам рӯи яке аз онҳо савор
шудем ва шавҳарам[1] низ бар рӯи он шутури
дигар, аммо шутури шавҳарам лоғартар ва нотавонтар буд. Қасам ба Худо, ба хотири гиряи писарам шабҳо орому хоб
надоштем, чаро ки дар пистонҳоям шире ёфт намешуд, то ба ӯ бидиҳам ва хомӯшаш созам. Дар пистонҳои шутур низ шире набуд, ки бо он тағзия кунад. Дар
миёни роҳ мо аз дигарон ақиб монда будем, чаро ки улоғи мо бисёр лоғару нотавон буд ва ин боис шуд, то дӯстони ҳамсафар аз
мо биранҷанд ва мутаҳаммили мушкилот ва сахтиҳое дар сафар бишаванд. Вақте ба Макка расидем, дар ҷустуҷӯи ширхораҳо баромадем. Аммо дар ин миён бо ҳодисае бархӯрдем, ки интизорашро надоштам ва дарвозаи
зеҳну гумонамро намекӯбем. Ҳодиса аз ин
қарор буд, ки навзоди кӯчак ба номи
Муҳаммад бинии Абдуллоҳ тақдими ҳузури ҳамаи занони доя ва ширдеҳт деҳ шуд, вале ҳеҷ кадом ӯро
напазируфтанд ва ба ӯ таваҷҷӯҳе накарданд, ҳамаамон ӯро напазируфтем, чаро ки ӯ ятим буд ва мо бо худ мегуфтем:

- «Модари як кӯдаки ятим чӣ нафъе метавонад, ба мо бирасонад?! Ва ё аз падарбузургаш чӣ суд ва нафъе ҳосили мо хоҳад шуд»?!

Ҳанӯз ду рӯз бештар
нагузашта буд, ки тамоми ҳамроҳонам муваффақ шуданд, то ҳар кадомашон ширхораеро биёбанд, аммо ман муваффақ нашуда
будам, то касеро биёбам. Лаҳзаи ҳаракат фаро расид ва ман ба ночор ба шавҳарам гуфтам:

- Ҳама ҳамроҳонам муваффақ шуданд, то ширхорае биёбанд, барои худ муносиб намебинам, дасти холӣ баргардам, бояд пеши он писари ятим бираваму ӯро ҳамроҳи худ бардорам.

Шавҳарам гуфт:

- Айбе надорад, шояд вуҷуди он
писари ятим сабаби хайру баракат қарор гирад ва фараҷе шавад,
бирав ва ӯро бигир!

Ман низ рафтам ва ӯро аз модараш
таҳвил гирифтам ва фақат ба ин хотир, ки дасти холӣ
барнагардам ин корро кардам, на ба илатти дигар. Кӯдакро дар оғӯш гирифтам ва ба ҷое ки
сомони сафар ниҳода шуда буд, баргаштам. Кӯдакро дар
домони худ ниҳодам ва пистонам дар даҳонаш, ба мӯъҷизае бархӯрдам: Пистонҳое ки то он лаҳза хушкида буданд ва қатраи шир дар онҳо ёфт намешуд, саршори шир шуданд. Он кӯдак хӯрд ва сер шуд ва бародараш низ аз ин пистон ба серӣ хӯрд ва сипас, ҳар дуяшон
дар хоби ороме фурӯ рафтанд. Ҳамон тавр, ки қаблан
гузашт, ба хотири фарзанд ва гиряҳои заҷромезаш ба ҷуз миқдори
андаке, хоби чашмони моро навозиш накарда буд, бисёр хаста будем ва дар орзуи
навозиши хоб дароз кашидем, то даме биёсоем, аммо ногаҳон, чизе
таваҷҷӯҳи шавҳарамро ба худ ҷалб намуд. Ӯ мутаваҷҷеҳ шуд, ки шутури лоғарандому пир ва афтодаи мо, ки қатраи шир надошт, пистонҳояш моломол аз шир шуда аст. Даҳшату ҳайрат саросари вуҷудашро фаро
гирифт. Ӯ бовараш намешуд ва чашмони худро бовар намекард. Ба тарафи шутур
рафт, шир дӯшид ва аз он нӯшид ва барои бори дуввум дӯшид ва ман
нӯшидам. Ҳардуямон сер шудем ва беҳтарин шаби худро дар камоли оромӣ ва итминон
сипарӣ намудем. Фурӯғи рӯҳбахши субҳ дамид ва чатри нурашро бар ҳама ҷо афканд, шавҳарам ба ман гуфт:

- Ҳалима, хушо ба саъодатат, ту муваффақ шудӣ, фарзанди муборакеро ҳамроҳи худ биёварӣ!

Ман гуфтам:

- Оре чунин аст, ман умедворам ба сабаби вуҷудаш борони хайру баракат бар мо боридан оғоз
кунад.

Аз Макка хориҷ шудем ман
рӯи улоғи пир ва нотавонам савор шудам, Муҳаммадро низ ҳамроҳи худ савор
кардам улоғи ман пуртавон ва нерӯманд ба роҳ афтод ва
аз ҳама чорпоён сабқат мегирифт то ҷое ки ҳеҷ ҳайвоне ба ӯ намерасид ва наметавонист, ҳамроҳаш кунад.
Занони ҳамроҳ рӯ ба ман карда ва гуфтанд:

- Чӣ шуда, эй духтари Абузуайб, каме оҳистатар!!!
Магар ин ҳамон улоғи пиру афтода нест, ки ба ҳангоми омадан бар ӯ савор
будед?!!

Ман дар ҷавоби онон гуфтам:

- Оре, қасам ба Худо, ҳамон аст, ки шумо мегӯед.

Онон гуфтанд:

- Дар ин сурат улоғи ту ҳолати бахусусе дорад, ки ҳоле аз хайру баракат аст.

Ба маҳалли сукунати хеш сарзамини қабилаи Банӣ Саъд баргаштем. Қаҳтӣ ва хушксолӣ аз ҳар ҷои дигар бештар дар ин минтақа соя
афканда буд. Ҳар рӯз, субҳ гӯсфандонамонро ба саҳро бурда ва дар онҷо ба чаро
машғул мешуданд ва шомгоҳон ба хона бозмегаштанд ширашонро медӯшидем ва ҳар андоза,
ки майл доштем аз онҳо менӯшидем ва ба ҷуз мо каси дигар ёфт намешуд, ки як қатра шир дар пистонҳои гӯсфандонашон пайдо шавад. Хешовандони мо ба чӯпонҳои худ мегӯфтанд:

- Эй вой бар шумо, гӯсфандонатонро
ба ҳамон ҷое бибаред ва бичаронед, ки чӯпони духтари Абузуайб гӯсфандонашро
ба онҷо мебарад!

Онҳо низ гӯсфандони худро дар ҳамон масире
ба ҳаракат дармеоварданд, ки мо онҷо гӯсфандони худро ба чаро мебурдем, аммо билъакс, он забонбастаҳо чизе
барои хӯрдан намеёфтанд ва бо шиками гурусна ва бидуни ин ки қатраи шир
дар пистонашон тавлид гардад, бармегаштанд. Мо ҳамвора зери пӯшини фазоилу баракот ва раҳматҳои илоҳӣ қарор доштем, то ин ки муддати ширхорагӣ, ки ду
соли тамом буд, ба поён расид ва аз шир боздошта шуд. Муҳаммад дар
хилоли ин ду сол, нисбат ба бақияи ҳамсинну солҳояш рушду тараққии шигифтангез ва хориқулоддате дошт. Ӯ ҳанӯз ду солашро тамом накарда буд, ки аз лиҳози ҷисм бисёр қавию
нерӯманд шуд ва ба ҳадди камол расид, танҳо умеду орзуи мо ин буд, ки Муҳаммад назди мо бошад ва дар миёни мо бимонад, чаро ки вуҷудаш саросар сабаби хайру баракат буд. Бо ин вуҷуд, ночор ӯро назди модараш бурдам, вақте бо
модараш мулоқот сурат гирифт, ӯро дар
мавриди фарзандаш мутмаин сохтам ва нигаронияшро бартараф кардам ва гуфтам:

- Чӣ хуб аст, ки писаратро боз ба ман биспорӣ, то дар ҳавои озоду солими саҳро парвариш ёбад ва ба рушди комили ҷисмӣ ва рӯҳӣ бирасад, ман бими он дорам аз шиддати
гармо дар Макка дучори мушкил шуда ва Худо накарда марази вабо домангири
ӯ гардад.

Ман ҳамвора талош мекардам то меҳри модарияшро таҳрик кунам ва отифаашро ба ҷӯш оварам ва
қонеъаш созам, то ин ки ӯ розӣ шуд ва муҷаддадан, ӯро ба ман
супурд ва мо бо як дунё сурур ва шодмонӣ ба
сарзамини худ бозгаштем. Аммо чанд моҳе бештар аз қудуми мубораки ин кӯдак дар
миёни мо нагузашта буд, ки ҳодисае ки тарсу ваҳшатро бар мо муставлӣ сохт ва
моро парешон намуд ва такони сахте дод: Як рӯз, субҳ ҳамроҳи бародараш
гӯсфандонро он сӯи хонаҳои маскани мо ба саҳро бурданд,
то онҳоро ба чаро машғул созанд. Чизе нагузашта, ки дидем, бародараш давон-давон ба тарафи
мо меояд. Ӯ гуфт:

- Ба фарёди бародари қурайшиям бирасед: Ду нафар ки либоси сафед бар тан доштанд, ӯро гирифта ва бар замин дарозаш кашиданд ва шикамашро пора
карданд.

Ман ва шавҳарам ба суръат ба он тараф ҳаракат кардем, то ба ӯ расидем.
Рангаш парида буд ва баданаш мисли бед меларзид. Шавҳарам ӯро гирифт, ман ӯро ба оғӯш кашидам ва гуфтам:

- Фарзандам! Чӣ шуда? Чӣ иттифоқе афтод?

Ӯ гуфт:

- Ду нафар, ки либоси сафед бар тан доштанд, маро дароз
кашида ва шикамамро пора карданд.

Онҳо ба дунболи чизе мегаштанд, намедонам чӣ буд, аммо
билохира раҳояш сохтанд ва рафтанд. Бо шунидани ин хабар, тарсу изтироб саросари
вуҷудамонро фаро гирифт ва фавран, бачаро бардошта ба хона бозгаштем. Вақте ба хона
расидем, шавҳарам рӯ ба ман кард ва дар ҳоле ки қатароти
марвориди ашк аз дидагонаш сарозер буд гуфт:

- Бими он дорам, ки ин бача дучори мушкил ва мусибате шавад
ва барояш ҳодисае ба вуҷуд ояд ва коре аз дасти мо сохта набошад.
Ман муътақидам, ҳарчи зудтар бояд, ӯро ба
хонавода ва модараш бозгардонем. Онҳо беҳтар метавонанд, аз ӯ муҳофизат ва
нигаҳдорӣ кунанд.

Бад-ин тартиб, бачаро бардоштем ва ба роҳ афтодем то
ин, ки ба Макка расидем ва яксара ба тарафи хонаи Омина рафтем. Ҳамин ки чашмаш
ба мо афтод, ба тарафи фарзандаш хира шуд ва бедаранг, рӯ ба ман кард ва гуфт:

- Эй Ҳалима чӣ шуд, ки Муҳаммадро бозгардондӣ? Ту ки исрор доштӣ, Муҳаммад назди
ту бошад? Ва орзуи ту ин буд, то дар канорат бимонад?

Ман гуфтам:

- Аммо ҳоло, ӯ бузург шуда ва аз қудрату нерӯи зиёде бархӯрдор аст. Ӯ ҳоло барои
худаш оқое шуда, ман ҳам то онҷо ки дар тавонам буд, барояш анҷом додам ва дар масъулиятам кӯтоҳӣ накардам.
Тарсидам, мабодо дучори мусибате шавад ва ба ҳодисае гирифтор
ояд. Ба ҳар ҳол, муносиб дидам, то ӯро
баргардонам ва таҳвили шумо бидиҳам.

Омина гуфт:

- Росташро ба ман бигӯ! Ин ҷавоб қонеъкунанда нест ва наметавонад, танҳо иллате бошад, ки
шуморо нисбат ба ин кӯдак бемайлу рағбат
месозад.

Ӯ ҳамвора исрор мекард, то иллатро бидонад ва як лаҳза маро раҳо намекард.
Ба ночор ман ҳам достонро барояш таъриф кардам ва ҳодисаро барояш баён
намудам. Ӯ бо шунидани ин хабар ором гирифт ва гуфт:

- Эй Ҳалима, накунад тарсидӣ, ки мабодо
шайтон ба ӯ таъарруз кунад ва осебе бирасонад?

Гуфт:

-Оре.

Ӯ гуфт:

- Ҳаргиз чунин нест. Қасам ба Худо, шайтон ҳеҷ роҳи нуфузе барои худ дар ин фард пайдо нахоҳад кард.
Писарам мақоми бузурге дорад. Оё мехоҳӣ, достонашро бароят таъриф кунам?

Гуфтам:

- Бале.

Ӯ гуфт:

- Замоне, ки писарамро дар шикам доштам, аз ман нуре
дурахшид, ки дар партави он кохҳои Бусро дар сарзамини Шом бароям намоён гашт. Ва ҳангоме, ки ӯро ба дунё овардам, дастҳояшро бар замин ниҳод ва сарашро сӯи осмон баланд намуд, ту гӯӣ, Худояшро сано мегӯяд.

Сипас афзуд:

- Ӯро бигузор ва бирав! Худованд ба
ту ҷазо ва подоши некӯ иноят
фармояд!

Ман ва шавҳарам ба роҳ афтодем, аммо дарду ғами ҷудоӣ аз ин кӯдаки муборак қалбамонро муҳосира карда буд ва бисёр нороҳат будем. Фарзанди мо низ ҳамин дарду нороҳатиро дошт...»

Ҳалима муддати зиёде умр кард ва ба синни пирӣ расид. Ӯ медид, фарзанди ятиме ки аз ӯ шир хӯрда аст, ба мақоме расида
аст, ки раҳбарӣ ва ҳидояти арабҳо ва балки тамоми башариятро бар ӯҳда дорад ва
аз ҷониби Худованд ба рисолат ва паёмбарӣ баргузида
шуда аст. Ҳалима назди Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} омад ва ба паёми ҷовидонияш
имон овард ва Қуръонро тасдиқ ва дастурамали зиндагиаш қарор дод. Паёмбари акрам {саллаллоҳу алайҳи ва
саллам} ҳамин ки чашмаш ба Ҳалима афтод, бисёр хушҳол шуд ва мегуфт:

- Модарам...Модарам...

Сипас порчае ки ҳамроҳ дошт, паҳн кард ва аз Ҳалима хост, то бар рӯи он
бинишинад. Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} аз ӯ истиқболи гарме
намуд ва эҳтироми фавқулъоддае барояш қоил шуд. Саҳобаи гиромии Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} низ назорагари ин саҳнаи
зебо ва эҳтироми фавқулъодда буданд.

Салом ва дуруди Худованд бар Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва
саллам} он инсони некӯкор ва бовафо ва соҳиби ахлоқи каримона
ва ризвону ризояти илоҳӣ шомили ҳоли Ҳалимаи Саъдия модари разоъии Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} бод![2]

***

Аз китоби «Суварун мин ҳаёти-с-саҳобиёт» (Намунае чанд аз зиндагии саҳобазанон)

Муаллиф: Абдурраҳмон Раъфат-пошо

Мутарҷим: Акбар Макрамӣ

Аз форсӣ баргардони: Нуринисои Давлатшариф.

Таҳияи ۞Сомонаи
«Фирдавсӣ»۞

 
tojikislom » Таърихи Исломи » ҲАЁТИ САҲОБА ВА ЗАНҲОИ ПАЙҒАМБАР » Бонувони саҳоба
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:


Copyright MyCorp © 2024