Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
tojikislom » Таърихи Исломи » ҲАЁТИ САҲОБА ВА ЗАНҲОИ ПАЙҒАМБАР » Бонувони хонадони Нубувват ЗАНОНИ ПАЁМБАР (С)
Бонувони хонадони Нубувват ЗАНОНИ ПАЁМБАР (С)
SalihatДата: Чоршанбе, 05.05.2010, 16:35 | Сообщение # 1
Рядовой
Группа: Пользователи
Сообщений: 9
Статус: Offline
Хонандагони гиромӣ, дар шумораҳои гузаштаи ҳафтаномаамон мо ба шумо дар бораи модарони пайғамбарон нақл карда будем.
Акнун мехоҳем аз занони Паёмбар - Ҳазрати Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба шумо ҳарф занем. Ин маводи ҷолибро пазиро бошед!
Дар ин ҷо сухан дар бораи он занони Паёмбар (с) меравад, ки ба лақаби "Уммаҳоту-л-мӯъминин", яъне "Модарони мӯъминон" мушарраф шудаанд, ҳамроҳ бо Моряи Қибтияи Мисрия, ки илова бар шарафи модари Иброҳим будан, асари бузурге дар ҳаёти Паёмбар (с) гузоштааст. Ғайр аз Умматҳотул - мӯъминин ва Мория, дар бораи заноне, ки онҳо бо Паёмбар издивоҷ намуда, сухан нагуфтем. Инчунин дар мавзӯи заноне, ки нафсашонро ба Паёмбар (с) бахшидаанд ва заноне, ки барои издивоҷ бо ӯ пешниҳод намуданд, вале никоҳ сурат нагирифт, сухан нагуфтаем.
ХАДИЧА (Р)
Дар Маккаи Мукаррама хонаи Паёмбар (с) занеро ҷуз Сайида Хадича (р) надида буд. Хонае, ки ҳамаи занони вайро ҷамъ намуд, дар дору-л-ҳиҷрат буд.
Хадича бинти Хувайлид (р) аввалин модари мӯъминон ва вазири Паёмбар (с) ба ҳисоб меравад.
Хадича (р) дунёро дидаву хислати мардумонро хуб медонист. Бо ду шахсе аз бузургони Араб, чандин марди ҷавону пирро истихдом намуда, лекин ягон нафареро аз ин навъ мард надида буд. Ба фикр фурӯ рафта, дубора садояшро ба ёдаш меовард ва чеҳраашро дар ҳоли сухан гуфтанаш бо он ҳайбату бузургӣ пеши назараш тасаввур мекард. Навъе аз хиҷолат вуҷудашро фаро гирифт. Ӯ дар қиёс бо Муҳаммад (с) ба синни холааш ё модараш мерасид. Охир чиҳил сол дошт...
Пас аз огоҳӣ ёфтан аз қасди Хадича (р) Муҳаммад (с) даъвати Хадичаро пазируфта, ҳамроҳ бо амакҳояш Абӯтолиб ва Ҳамза - писарони Абдулмуталлиб ба хонаи Хадича (р) рафтанд.
Баъд аз ақди никоҳ ҷаҳорпоён забҳ карданд ва ҳавлии Хадича (р) пур аз мардум шуд. Дар байни хешу таборон Ҳалима аз бодияи бани Саъд омада буд, то дар тӯйи арӯсии писараш, ки аз пистони ӯ шир хӯрда буд, ширкат варзад. Ҳини бозгашт Хадича (р) ба Ҳалима - модари шавҳараш чиҳил сар бузу гӯсфанд дода, ӯро гусел намуд.
Муҳаммад (с) ва Хадича (р) понздаҳ сол бо ҳам аз неъмати зиндагии бофароғату ширин бархӯрдор гардиданд. Худованд неъмати фарзандро барояшон арзонӣ намуд ва соҳиби чанд писар ва чанд духтар шуданд: Қосим, Абдуллоҳ, Зайнаб, Руқия, Умми Кулсум ва Фотима. Чандин солро бо чунин зиндагии хуш сипарӣ намуданд. Аммо баъдтар Худованд онҳоро аз ду фарзанд маҳрум сохт ва ин имтиҳоне гардид барои онҳо.
Баъд аз он ҳодисаи бузурге рух дод. Натанҳо дар ҳаёти ин оила, балки дар ҳаёти тамоми инсоният.
Муҳаммад (с) дар шаби Қадр рисолаи ваҳйро пазируфт ва Худованд ӯро ҳамчун Хотиму-л-анбиё баргузид ва ба сӯи мардум чун бимдиҳанда ва муждадиҳанда фиристод.
Таҳияи Раъно Хӯҷаева
 
tojikislom » Таърихи Исломи » ҲАЁТИ САҲОБА ВА ЗАНҲОИ ПАЙҒАМБАР » Бонувони хонадони Нубувват ЗАНОНИ ПАЁМБАР (С)
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:


Copyright MyCorp © 2024