Вуруд ба сомона
Номи корбарӣ ва рамзро ворид кунед!

[ Новые сообщения · Участники · Правила форума · Поиск · RSS ]
  • Страница 1 из 1
  • 1
tojikislom » Зан дар ислом » Тарбияи фарзанд » ДУХТАР ҲАМ ФАРЗАНД
ДУХТАР ҲАМ ФАРЗАНД
SalihatДата: Чоршанбе, 05.05.2010, 16:32 | Сообщение # 1
Рядовой
Группа: Пользователи
Сообщений: 9
Статус: Offline
ДУХТАР ҲАМ ФАРЗАНД

Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, имрўзҳо дар баъзе оилаҳо таваллуд шудани духтар сабаби нороҳатӣ ё нохушии волидайн мегардад. Хусусан барои бештари падарон таваллуд шудани духтар нохуш аст. Чунин норозигиҳои иддае замони пеш аз Исломро ба ёд меорад…
Дар он замон зану духтар дар ҷомеа ҳеҷ мақоме надоштанд. Дар кадом ҳолате ки намебуд, ҳуқуқҳои зан ба назар гирифта намешуданд. Ҳатто аз ҷониби баъзе мардҳо ҳамеша зери зулму ситам қарор мегирифт ин ҷинси латиф. Ғайр аз ин байни мардуми араб чунин "нанг" - еро ба вуҷуд оварда буд, ки духтарони худро зинда зери хок мекарданд. Аммо бо иноят ва раҳми Худованд баъди интишори дини Ислом ва бурузи Паёмбари охирзамон Муҳаммад (с) ин ҳама нофаҳмиҳо аз байн бардошта шуданд. Дар баробари ин зану духтарро мақому манзалат ва эҳтироми хосае насиб гашт. Вале имрўз то ҳанўз ҳастанд байни мардум баъзе одат ва рафтори ҷоҳилона. Ҳатто метавон гуфт, ки имрўз таваллуди духтар боиси ҷудоиву хонавайронии баъзеҳо ҳам гаштааст. Бадбахтӣ дар он аст, ки ҳангоми тавлид ёфтани духтар бештари мавридҳо модар "гунаҳкор" дониста мешавад. Фаромўш кардаанд, ки он чӣ, ки дар батни модар пайдо мешавад, вобаста аст ба хоҳишот ва ихтиёри Худованд, ки барои касе чизе, ки бихоҳад, ҳамонро медиҳад…
Расулуллоҳ (с) дар бораи аҳамият ва мақоми зан дар ҷомеаи инсонӣ иршодоти зиёде дорад. Хусусан таваллуд шудан ва тарбия кардани духтарро дар оила мавриди таваҷҷўҳ қарор дода, амр менамояд, ки дар тарбияи духтар бояд ҳар як мусалмон меҳрубон бошад. Аз ҷумла, дар ҳадисе аз Ибни Аббос (р) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: "Барои ҳар касе духтаре таваллуд шавад, он шахс ўро мавриди азият ва иҳонату қадрношиносӣ қарор надиҳад ва байни ҳама фарзандон баробариро риоя намояд. Худованд дар баробари ин амали ў биҳиштро насибаш мегардонад". Яъне вақте дар хонаи инсон духтаре таваллуд мешавад ва инсон ин духтарро байни фарзандонаш хуб тарбият мекунаду миёни духтару писарон баробариро қарор медиҳад, Худованд ўро ҷаннат мебарад. Аммо афсўс, ки дар баъзе хонаҳо мақоми духтар дар нисбати писарҳо бештари вақт поймол мегардад. Он қадар ки нисбат ба писар аҳамият медиҳанд, нисбат ба тарбияи духтар ин гуна кўшишро раво намебинанд. Ба қавле "духтар моли мардум аст" гуфта, аҳамияташ ҳам намедиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки аз ҳазрати Оиша (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Ислом (с) фардмудаанд: "Касеро, ки духтарон таваллуд шуданд ва ин шахс нисбат ба тарбия ва парвариши онҳо костагиро роҳ надоду вазифаи падариро иҷро кард, пас ин духтарон сабаби наҷоти ў меграданд". Яъне рўзи қиёмат тарбия ва парвариши хуби духтарон боиси наҷот ва комёбии ў мегаштааст. Ғайр аз ин дар ҳадиси дигар, ки аз Абўсаид ривоят шудааст, омадааст, ки Расулуллоҳ (с) мефармоянд: "Ҳар шахсе, ки се духтар ё се хоҳар ё ин ки ду духтар ё ду хоҳар дошта бошад ва онҳоро хуб тарбият кунад, инчунин рафтори хубе нисбат ба онҳо дошта бошад ва онҳоро хонадор кунад, Худованд ин шахсро дохили ҷаннат мегардонад".
Мавзўи зан ва мақоми он дар дини Ислом бисёр доманадор аст. Ҳама паҳлўҳои ин масъаларо дар як мақолаи хурд наметавон мавриди баррасӣ қарор дод. Ин танҳо ҳушдоре буд ба он шахсоне, ки ҳангоми таваллуди духтар норозигӣ баён менамоянд. Яъне онҳо бояд донанд, ки ин рафторашон дар Ислом қобили қабул нест. Барои дар ин бора бештар маълумот пайдо кардан метавон аз дигар сарчашмаҳо истифода кард.
Бо умеди он ки баробарии исломӣ дар ҷомеа нисбат ба зан ва мард пайдо гардад, Худоро масъалат дорам.

Ҳувайдои АБДУЛЛО

 
SolehaДата: Душанбе, 07.02.2011, 08:57 | Сообщение # 2
Рядовой
Группа: Пользователи
Сообщений: 7
Статус: Offline
Ей чавоно гуш доз андарзи дин
Зиндаги рушан кун аз шамъи якин
Дини хак бошад марг инсонро халос
Аз хаёлоти дуругу бе асос
Фикри асри ту зиёнро суд гуфт
Хам сафои шаръи ту олуда гуфт
Аз камоли илму ирфон бе насиб
Харф дорад мезанад чун андалиб
Мурги доно шав ба доми у мапич
Гачи бошад руи дасташ хар махич
Аз хаёлоташ бишу покиза фикр
Чунки у дорад ситез бо ахли зикр
Ей ки аз агёр улгу сохти
Оби талхашро шакар пиндошти
Ошкоро гуямат дар гафлати
Хам дар истикболи худ пурхасрати
дил ба таклиди дигар басти чаро
ёр аз агёр нашноси чаро
Аз хаёлоти ачам огох бош
Пой махкам дар рахи аслоф бош
Хам зи найрангу фиреби гарбиён
Огахи хосил намо ей навчавон
Навчавононаш асири шахватанд
Акли пиронаш тихи аз хикматанд
Дар кадомаш хайру хуби дидай
то ба таклидаш камар барбастаи
Бар ту рохи зиндаги омухтанд
Аз чамолаш пайкарат оростанд
ХаЙру Уммат омада бар ту хитоб
Иззати гумгаштаро чу ей чаноб
Охарин пайки Худо аз бахри туст
Охарин дастури у мавхуби туст
Сирри ъайшатро зи пайгомаш бигир
Чаннати фирдавсу Ризвонаш бигир
Шамъи Куръон аст нури зиндаги
Хам бихонад бар ту рохи бандаги
Зиндагиро бандаги зиннат дихад
Хам дахони хушки у замзам нихад
Бо ту гуям Кудваат Пайгамбар аст
Иттибоаш фарзу амр аз Акбар аст
Ояи Ахзоб бингар ей азиз
Обруи миллати байзо мариз
Суннаташро зинда кун дар ин чахон
То шави дар он чахон сохибчинон
Он мусалмонон ки иззат ёфтанд
Суннаташро нусби ъайн бигзоштанд
Зиндагиро нахчи у бошад замон
Хавфро табдил созад бар амон
Асри нав гар дарси у аз бар накард
Тири масмуме даруни сина кард
Аз Китобу Суннаташ огох шав
Гавхаре дар силки Иллаллох шав
Гар саро боши сурайё мешави
Хам хушо гуёву пуё мешави


"Аз Аллох бубин, хар он чи меояд ба сар,
Бе ризои Хак намехезад зи санги хам шарар:
 
tojikislom » Зан дар ислом » Тарбияи фарзанд » ДУХТАР ҲАМ ФАРЗАНД
  • Страница 1 из 1
  • 1
Поиск:


Copyright MyCorp © 2024